Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон созишномаи ҳамкориҳо бо ИМА-ро қатъ кард


Нахуствазир Темир Сариев рӯзи 21 июл қарореро имзо кард, ки тибқи он Бишкек аз Созишномаи байниҳукуматии ИМА ва Қирғизистон берун мешавад.

Нахуствазир Темир Сариев рӯзи 21 июл қарореро имзо кард, ки тибқи он Бишкек аз Созишномаи байниҳукуматии ИМА ва Қирғизистон берун мешавад. Дар ин бора шӯъбаи таъминоти иттилоотии дастгоҳи нахуствазири Қирғизистон хабар дод. Аз рӯи иттилои ҳукумат, дар қарор гуфта мешавад, ки бар пояи моддаи 39 Қонуни Қирғизистон «Дар бораи созишномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Қирғизистон» ҳукумати Қирғизистон аз 20 августи соли 2015 мӯҳлати амали Созишномаи ҳамкориҳо бо ИМА дар заминаи ироаи кӯмакҳоро, ки дар таърихи 19 маи соли 1993 дар Вашингтон имзо шудааст, қатъ мекунад. Вазорати умури хориҷии Қирғизистон баъди ба ҳукми иҷро даромадани ин қарор бояд аз рӯи муқаррароти қабулшуда ҳукумати ИМА-ро дар ин замина огоҳ кунад.

Ҳукумати Қирғизистон таъкид кардааст, ки аз рӯи ин созишнома тамоми молу ашё ва кӯмакҳое, ки тавассути барномаҳои ҳамкории ИМА ба Қирғизистон ворид мешавад, бояд дар хоки ин кишвар бидуни андозбандӣ ва ҳам подоши гумрукӣ истифода шавад. Ҳамчунин тамоми кормандони созмонҳои давлативу ғайридавлатии амрикоӣ, ки аз рӯи ҳамин барнома кор мекунанду дар хоки Қирғизистон зиндагӣ доранд, аз пардохти андоз ва дигар хароҷот озод ҳастанд. Илова ба ин, ходимони низомиву ҳукуматии ИМА, ки аз рӯи барномаҳои ИМА дар Қирғизистон амал мекунанд, таҳти ҳимояти эъломияти Вена оид ба равобити дипломатӣ аз таърихи 18 апрели соли 1961 мегузаранд.

Ҳафтаи гузашта раҳбари намояндагии сафорати ИМА дар Бишкек Ричард Майлз ба Вазорати умури хориҷаи Қирғизистон барои супурдани нота даъват шуд ва дар матни он гуфта шуд, ки ин тасмим бо сабаби ба як фаъоли ҳуқуқи инсон Азимҷон Аскарови зиндонӣ супурда шудани ҷоизаи ҳуқуқи башари Департаменти давлатии ИМА гирифта шуд. Аскаровро додгоҳи Қирғизистон ташкилкунандаи ҷиноятҳои қавмӣ ва шӯронидани мардум дар хушунатҳои байниқавмии рӯйдодҳои соли 2010 медонанд.

Қирғизистон созиши ҳамкорӣ бо ИМА-ро аз эътибор соқит кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:36 0:00

Як таҳлилгари умури мудирияти давлатӣ дар Қирғизистон мегӯяд, вокуниши ин кишвар ба қазияи Аскаров «номутаносиб» буд. Азамат Аттоқулов гуфт, агар Қирғизистон ба чунин андоза аз ҷоизаи Азимҷон Аскаров нороҳат шуда бошад, бояд ба ҳамин шева посух медод, ва, фаразан, ба Эдвард Сноуден ё бародарон Тсарнаевҳо ҷоиза медод. Ба бовари Атоқулов, қатъ кардани равобит бо ИМА як иқдоми иштибоҳӣ буд. Қатъи сареи созишномаи ИМА ҳамчун меҳрубоние ба тарафи Маскав намудор мешавад.

Таҳлилгари дигар Эрика Марат мегӯяд, қатъ шудани созишнома як иқдоми «эҳсосотӣ» буда, кори баманфиате буда наметавонад. Хонум Марат гуфт: «Мусаллам аст, ки Қирғизистон хостори ба умури дохилиаш дахолат кардани ИМА нест. Аз сӯи дигар, президент Алмосбек Отамбоева, дастгоҳи ӯ ва ҳам ҳукумат ба интихоботи президентӣ омода мешаванд. Онҳо мехоҳанд қудрат, нирӯ ва ҳукумати худро бо кӯмаки ҷомеаи байналмилалӣ мустаҳкамтар кунанд. Ин ба он маъност, ки Отамбоев кӯшиш дорад аз пуштибонии сиёсӣ ва шояд молии беруна бархурдор шавад». Дар ҳоле, ки ин таҳлилгар мушаххасан аз кадом кишваре ном набурд, бархе коршиносони бетараф ба Русия ва қаробати Отамбоев бо Путин ишора мекунанд, ки эҳтимолан дар интихоботи тирамоҳи имсол ба президенти амалкунанда ваъдаи кӯмак дар ҳифзи қудрат кардааст.

Эрика Марат мегӯяд, ки Аскаров бори аввал нест, ки аз дохили зиндон ҷоиза дарёфт мекунад. Ҳоло бошад, мегӯяд ӯ, ҳукумат бо истифода аз ин ҳодиса манфиатҳои худро дар остонаи интихобот ба кор бурдааст. Вай мегӯяд, кишварҳои мисли ИМА набояд танҳо дар шахсияти Аскаров тамаркуз карда, бештар бо масоили марбут ба адолати судӣ дар ин кишвар сарукор гиранд. Азимҷон Аскаров барои ташкили ошӯбҳои қавмии июни соли 2010 ба зиндони якумрӣ маҳкум шуд. Худи ӯ ва ҷомеаи байналмилалӣ ин ҳукмро ноодилона меҳисобанд.

XS
SM
MD
LG