Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тарбия"-и як духтари қирғиз бо мушту лагад


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар шабакаҳои иҷтимоии Интернет навори видеоие нашр шудааст, ки дар он як гурӯҳи ҷавонон бо забони қирғизӣ як духтари муҳоҷири зоҳиран қирғизро “ тарбия” мекунанд, ки дигар “бероҳагардӣ” накунад.

Дар ин навор, ки рӯзи 16 декабр нашр шудааст, ҷавонони қирғиз як духтари ҳамватани худро барио онки гӯё бо мардони қавмашон дигар дӯстӣ дорад, латукӯб мекунанд. Духтар, ки исмаш гӯё Айнагул будааст, қасам мехӯрад, ки бо ягон марди бегона муносибат надорад, балки аз як одами ношинос танҳо роҳро пурсидааст. Ӯ ҳамин тавр ашк дар чашм аз ҷавононе, ки латукӯбаш мекунанд, узр мепурсад.

Ҳувияти ин навор ва афроде ки дар он зоҳир мешаванд, ҳанӯз мушаххас нашудааст ва ҳам ҳанӯз маълум нест, ки ин навори воқеъист ё саҳнасозишуда. Мақомоти интизомии Қирғизистон гуфтаанд, ки воқеъияти навори нашршударо таҳқиқ хоҳанд кард. Вале дар гузашта низ чунин наворҳо чандин бор дар Интернет ба сайр даромаданду мақомот таҳқиқи ин қазияҳоро ваъда доданд, вале то кунун натоиҷи ҳеҷ кадоме аз он таҳқиқҳо эълон нашудааст.

Сухангӯи вазорати умури дохилаи Қирғизистон Эрнис Усмонбоев ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, “дар ҳоли ҳозир, тафтиш идома дорад. Бояд маълум кунанд, ки ин духтар кисту онҳое ки ӯро латукӯб мекунанд, киянд? Ин кори душвор аст, чунки ҳодиса дар Русия рух додааст.”

Наворҳои видеоӣ дар бораи латукӯб ва “тарбия”-и ин ё он духтари қирғиз, ки дар Русия аз тарафи ҳамватанонаш ба “беҷогардӣ” гумонбар мешаванд, тақрибан аз моҳи феврали соли 2012 дар Интернет ба сайр даромаданд. Гуфта мешуд, дар Русия ҷавонони қирғиз гурӯҳеро бо номи “Патриот” (“Ватандӯст”) таъсис додаанд, ки ба “тарбия”-и чунин духтарон машғул будааст. Ба бовари ин ҷавонон, духтарони қирғиз бо “беҷогардӣ” ва муносибот бо мардон аз ақвоми бегона миллати қирғизро гӯё “шарманда” мекунанд ва бояд пеши роҳи онҳоро гирифт.

Ҳамон вақт навори видеоие пайдо шуд, ки дар он тақрибан 15 ҷавон як духтари қирғиз бо номи Сафаргулро луч карда, шиканҷа медиҳанд. Ин духтар ба он айбдор мешуд, ки гӯё бо муҳоҷирони тоҷик хуфтухез дорад. Улан Қӯшматов, намояндаи диаспораи қирғизҳо дар Русия мегӯяд, “пулиси Екатеринбург бо исрори сафорати Қирғизистон дар қиболи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ кушод. Вале он то поён нарасид. Сафаргул натавонист даст доштани гумонбарон дар латукӯби ӯро собит кунад ва шакк кард, ки маҳз ҳамин ҷавонҳо ӯро азоб додаанд. Баъди ин ҳамаи он ҷавонҳоро аз боздошт раҳо карданд.”

Нурхаёл, як духтари қирғиз, ки дар Маскав кору зиндагӣ мекунад, мегӯяд, баъди нашри ин наворҳо духтарони қирғиз дигар аз ҷавонони ҳамватани худ метарсанд: “Духтароне ки нисфи шаб аз кор бармегарданд, бештар дар минтақаи Кузминки ҳадафи ҳамла қарор мегиранд. Мо дигар ҳатто метарсем, ки ҳамроҳи ҳамкорони узбак ё тоҷикамон ҳатто қадам занем.”

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ
Дар соли 2012 дар телефонҳои мобил дар Тоҷикистон навори видеоие пайдо шуд, ки дар он ҷавонони тоҷик барои айни “гуноҳ” – муносибат бо мардон аз ақвоми дигар – ду духтари тоҷикро азият медоданд. Ин ҷавонон ин ду духтарро ба он айбдор мекарданд, ки бо мардони озарӣ хуфтухез карда, “халқи тоҷикро шарманда мекунанд.” Сипас “ҳукм” ин мешавад, ки сари ҳарду духтарро битарошанд. Духтарон гиряву зорӣ мекунанд, ки бо сари тарошида дигар ба кор баромада наметавонанд, вале ба он ҷавонон таъсир намекунад.

Ҳомии ҳуқуқ Ойниҳол Бобоназарова соле пеш ба Озодӣ дар бораи аз тарафи фаъолони як ҷамъияти тоҷикон дар вилояти Екатеринбург тарошидани мӯи сари якбора 8 зану духтари тоҷик сӯҳбат карда буд. Ин 8 зан низ ба “беҷогардӣ” ва “шарманда” кардани миллати тоҷик айбдор мешуданд.

Ҷамъи муҳоҷирони тоҷик дар Русияро то 1,5 миллион нафар баровард мекунанд, ки тақрибан чоряки онҳоро занон ташкил медиҳанд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, муҳоҷирони тоҷик дар Русия дар як ҳоли пур аз маҳрумият ба сар мебаранд, вале занони муҳоҷир нисбат ба мардон дар вазъи боз ҳам осебпазиртаре қарор доранд. Онҳо аз як сӯ, мисли боқӣ муҳоҷирони мард аз ҷониби корфармоёну мақомоти мухталифи Русия ва ҳам гурӯҳҳои қавмгаро дар ин кишвар мавриди таҳдиду ҳамла қарор дошта бошанд, аз тарафи дигар, маҷбуранд, ин ҳама бори таънаву маломат ва ҳатто “тарбия” бо мушту лагату поку аз тарафи ҳамватанони худро ҳам таҳаммул кунанд.
XS
SM
MD
LG