Ҷумъабой Сангинов муовини аввали раиси вилояти Суғд дар робита ба шикояти даҳҳо сокини ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара аз худсариҳои сарбозони қирғиз гуфт, ки онҷо як нофаҳмие сар задааст ва қарор аст намояндагони қисмҳои сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон дар як мулоқот онро баррасӣ ва ҳал кунанд.
Ин дар ҳолест, ки раиси ҷамоати Чоркӯҳ Неъмат Олимов мегӯяд, се рӯз ба ин сӯ гурӯҳе аз марзбонони Қирғизистон 300 метр дохили қаламрави Тоҷикистон даромада, бо тирпаронӣ ба ҳаво мардумро аз мавзеи Мазори қумзор берун рондаанд ва таъкид мекунанд, ки ин ҷо қаламрави Қирғизистон аст. Онҳо бо таҳдиди истифода аз силоҳи оташфишон мардумро намегузоранд ба ин минтақа ворид шаванд. Ҷаноби Олимов афзуд: "Ман баъди шунидани ин хабар ба ҳамин мавзеъ рафтам ва дидам, ки сарҳадбонони қирғиз бо силоҳ мардумро тарс медиҳанд ва зану мардро аз он меронанд."
Як манбаи дигар -- бригадири хоҷагии Мазори қумзор, Муборакхон Абдуллоева, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки сарбозони қирғиз на занон ва на мардонро намегузоранд дар ин ҷо дам гиранд ва дирӯз як марди 67-солаи тоҷикро бо туфангча таҳдид карда, аз қумзор рондаанд: «Ман ҳамчун биргардир рафта аз сарбозони қирғиз пурсидаанд, ки шумо ин ҷо чӣ кор мекунед ва чӣ мехоҳед, онҳо харитаи Қирғизистону Тоҷикистонро нишон дода гуфтанд, ки ин мавзеъ аз Қирғизистон аст ва тоҷикон ҳаққи ворид шудан ба онро надоранд."
Мазори қумзор дар ҷамоати Чоркӯҳ маконест, ки бисёр афроди бемор ба ин ҷо барои табобат меоянд ва акнун марзбонони Қирғиз онро ишғол кардаанд. Ҷаноби Олимов мегӯяд, шумораи ин сарбозон тақрибан 12 нафар будаааст. Вай ҳодисаро ба мақомоти болоӣ хабар додааст, вале то ҳол талоше барои ҳалли ин масъала ба назар намерасад.
Аммо муовини аввали раиси вилояти Суғд ва узви ҳайати байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистон Ҷумъабой Сангинов мегӯяд, ҳукумат аз воқеа огоҳ аст ва ҳоло мехоҳад, асли онро рӯшан кунад. Ба гуфтаи ҷаноби Сангинов воқеа ба он андозае нест, ки сокинони маҳаллӣ изҳор медоранд.
Дар ҳамин Раёсати марзбонии Тоҷикистон дар вилояти Суғд гуфтааст, ки барои назорати мавзеи Мазори Қумзори ҷамоати Чоркӯҳ сарҳадбононро эъзом кардааст. Ин дар ҳолест, ки гуфта мешавад, мавзеи мазкур бидуни баҳс шомили қаламрави Тоҷикистон буда, амалкарди марзбонони қирғиз ғайри қобили тавҷеҳ аст.
Мазори қумзор як мавзеъи табобатиест, ки мардум аз манотиқи гуногуни Тоҷикистон барои муолиҷаи миёндард, буғумдард ва сармозадагӣ ба ин ҷо меоянд ва худро зери қум мекунанд, то сиҳат ёбанд.