Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амнияти ҳамҷаворӣ дар баррасии Отамбоев ва Расулзода


Мулоқоти сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода (чап) ва раисиҷумҳури Қирғиқистон Алмосбек Отамбоев
Мулоқоти сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода (чап) ва раисиҷумҳури Қирғиқистон Алмосбек Отамбоев

Отамбоев ва Расулзода масъалаҳои амният дар марзҳои муштараки ду кишварро баррасӣ карданд.

Раисиҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар дидор бо сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, ки бо сафари корие дар Бишкек ба сар мебарад, равобити байни ду кишвар дар риштаҳои гуногун ва ҳамчунин дурнамои онҳоро баррасӣ кард.

Отамбоев дар ин мулоқот инчунин ба зарурати таъсини муштараки амният длар марзҳои муштараки Қирғизистону Тоҷикистон ва ҳарчӣ зудтар анҷом додани умури марбут ба таъин ва аломатгузории сарҳад таъкид кард.

Отамбоев ва Расулзода аҳамияти рушд ва густариши муносибатҳои дуҷониба ва таҳкими додугирифти иқтисодии байни ду кишварро муҳим шумурданд. Онҳо изҳори омодагӣ карданд, ки ду тараф дар рушди ҳамкориҳои энергетикӣ ва нақлиётӣ саҳми бештар гирад.

Пеш аз дидор бо Отамбоев сарвазири Тоҷикистон бо ҳамтои қирғизи худ Ҷоомарт Оторбоев гуфтушунид кард. Вай ҳамчунин дар мулоқоти ҳайатҳои ҳукумати ду тараф ширкат намуд. Дар ин нишаст изҳори таассуф шуд, ки гардиши молу коло миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар як соли охир 5 баробар камтар шудааст.

Расулзода аз ин ҳолат изҳори таассуф кард ва тарафи қирғизро ба тағйир додани он даъват намуд. Дар ин ҷаласа, Расулзода гуфт, Қирғизтон нахустин кишварест, ки ӯ дар мақоми сарвазири Тоҷикистон ба он сафар кард. Ин, ба гуфтаи ӯ, бояд баёнгари он бошад, ки равобити байни ду кишвар барои Тоҷикистон аҳамияти зиёд дорад.

Ба навиштаи матбуоти Қирғизистон савазири Тоҷикистон гуфтааст, кишвараш омодааст, мушкилҳои ҳалталаб, аз ҷумла масъалаҳои марбут ба таъин ва аломатгузории марзро ҳал кунад. Ин дар ҳолест, ки бахшҳои мушаххаснашудаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳоли ҳозир мояи асосии низоъҳо дар марз аст. То имрӯз аз 970 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон танҳо чизе бештар аз 500 километраш пурра таъин ва аломатгузорӣ шудааст. Соли равон чандин бор дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, муноқиша ба вуқӯъ пайваст ва дар натиҷаи он 7 сокини деҳаи Бедаки Тоҷикистон захмӣ ва як нафарашон кушта шуданд. Бар асари тирандозии марзбонони қирғиз дар охирҳои моҳи август дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ду шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расида, панҷ тани дигар захмӣ шудаанд.

Тоҷикистон дар баҳси масоили марзиаш бо Қирғизистон ба харитаҳои солҳои 20, замони тақсимоти марзӣ-ҳудудии Осиёи Марказӣ такя мекунад. Аммо Қирғизистон дар муқобил харитаҳои навтари марбут ба солҳои 50 ва 80-умро меорад, ки бар асоси он, ҷамоати Ворухи ноҳияи Исфара пурра дар дохили қаламрави Қирғизистон мемонад.

Ин дар ҳолест ки бино ба иддаои ҷониби Тоҷикистон, дар харитаҳои қадимтар Ворух анклав набуд. Мояи дигари баҳс заминҳоест, ки дар замони Шӯравӣ ҷумҳуриҳои дар он айём “дӯсту бародар” ба якдигар ба иҷора медоданд. Баъди суқути Шӯравӣ тақрибан 143 000 гектар замини Тоҷикистон дар дасти Қирғизистон ва ҳудуди 2600 гектар замини Қирғизистон дар дасти Тоҷикистон монд.

Намояндагони ду кишвар инак аз соли 1991 ба ин сӯ, дар тӯли 23 сол наметавонанд хутути ниҳоии марзи Тоҷикистону Қирғизистонро дақиқ кунанд. Дар натиҷа ҳар дафъа оғоз ё идомаи сохтмони ягон иншоот, аз ҷумла бунёди роҳу пулҳо дар минтақаҳои баҳсии марз, ва ҳатто як таниши маишӣ байни сокинони ду тарафи марз дар нуқоти баҳсӣ ба низои навбатӣ дар марзи ин ду кишвар мунҷар мешавад.

XS
SM
MD
LG