Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташвиши Отамбоев аз нуфузи "генералҳои хориҷӣ"


Алмосбек Отамбоев
Алмосбек Отамбоев

Алмосбек Отамбоев гуфт, ки ҳар талоши ноором кардани Қирғизистон қотеъона пешгирӣ шуда ва гунаҳкорон мувофиқи қонун ҷазои сахт хоҳанд гирифт.

Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури Қирғизистон, рӯзи 15 май зимни суханронӣ дар Бишкек гуфт, ки муноқишаҳои соли 1916 ва соли 2010 дар шаҳрҳои Ӯш ва Ҷалолободро генералҳои хадамоти ҷосусии кишварҳои хориҷӣ ташкил карда буданд. Коршиносони қирғиз дар ин баёнияи раиси ҷумҳур ишора ба нуфузи хадамоти ҷосусии Русияро мебинанд.

Алмосбек Отамбоев, зимни табрики мардуми Қирғизистон ба Рӯзи модар гуфт, ки мухолифон дар кишвараш "ҳомиёни хориҷӣ" доранд. Ба гуфти ӯ, одамони наздик ба Аскар Оқоев ва Қурмонбек Боқиев, раисони ҷумҳури собиқи Қирғизистон ба ташкили табаддулоти давлатӣ омодагӣ мегирифтанд, вале аз ин баъд ҳар талоши ноором кардани Қирғизистон қотеъона пешгирӣ мешавад ва гунаҳкорон мувофиқи қонун ҷазои сахт мегиранд.

Аввали ҳамин ҳафта маъмурони амниятии Қирғизистон се узви созмони «Порлумони мардумӣ»-ро аз ҷумла муовини собиқи нахуствазирро бо иттиҳоми омодагӣ барои ғасби ҳукумат дастгир карданд. Алмосбек Отамбоев гуфт, ки намояндагони гурӯҳи «Порлумони мардумӣ» бо генералҳои хадамоти махсуси кишварҳои хориҷӣ иртибот доранд, вале номи ҳеҷ яке аз ин кишварҳоро ном набурд. Раиси ҷумҳури Қирғизистон мисол овард, ки муноқишаҳои хунин дар кишвараш дар солҳои гузашта «саҳми» чунин генералҳо будааст?

«Генералҳои хориҷӣ барои мо ҳеҷ гоҳ кори неке накардаанд. Мо инро аз кори генералҳои замони Русияи подшоҳӣ дар соли 1916 медонем. Дар он замон нисфи мардуми шимоли Қирғизистонро куштанд. Мо ҳамчунин медонем, ки дар ҳодисаҳои соли 2010 дар шаҳрҳои Ӯш ва Ҷалолобод, ки беш аз 400 нафар онҷо кушта шуданд, хадамоти махсуси хориҷӣ нақш доштанд.»- афзуд раиси ҷумҳур

Сиёсатшиносони қирғиз тахмин мекунанд, ки раиси ҷумҳур хадамоти махсуси Русияро дар назар дошт, зеро Алмобек Отамбоев, соли 2011 дар соли аввали раёсати ҷумҳуриаш ба раиси ҷумҳури Русия дар бораи муносибатҳои баъзе аз генералҳои рус гуфта буд. Аз ин рӯ баъзеҳо дар баёнияҳои Алмосбек Отамбоев ишораҳо ба муносибот ба Русияро мебинанд.

Адахон Мадумаров, раиси Ҳизби «Қирғизистони воҳид» мегӯяд, раиси ҷумҳур бояд барои собит кардани иддаоҳояш далел биёрад.

«Раиси ҷумҳур ба ҳайси раҳбари кишвар бояд бо далел сухан гӯяд, чунки ингуна баёнияҳо метавонад ба муносибатҳои ду кишвар таъсири манфӣ гузорад. Магар ба ёд овардани ҳодисаҳои соли 2016 дар Рӯзи модар дуруст аст? Ин масъалаи дигар аст. Агар раиси ҷумҳур медонист, кӣ чӣ кор мекард, чаро дар муддати 6 сол хомӯш буд. Бояд ошкоро мегуфт, гунаҳкор кист? Бояд номи генералҳоеро мебурд, ки дар он ҳодисаҳо даст доштанд.” – гуфт Адахон Мадумаров.

Генералҳои тарснок

Пештар аз ин ҳамоҳангсози «Порлумони мардумӣ» Бекболот Талгарбеков гуфт, гурӯҳашон бо дастгирии гурӯҳе аз генералҳои рус дар Маскав фаъолият мекунад. Ӯ дар ин миён Вячеслав Ушаков, муовини собиқи сардори Хадамоти Амнияти Федералии Русия ва Бахтиёр Алиев, мушовири собиқи сардори ин хадамотро ном бурд. Бахтиёр Алиев, набераи Эргаш Алиев, набераи муассиси милитсия дар Қирғизистон аст. Бахтиёр дар Русия таҳсил кардааст, дар мақомҳои баланди хадамоти махсус кор карда, вале баъдан аз мақомаш барканор шуд.

Вячеслав Ушаков дар замони шӯравӣ ва солҳои аввали истиқлолия дар Қирғизистон дар хадамоти махсуси кишвар фаъолият дошт ва соли 1994 ба Русия рафт. Баъди чанд сол ӯро дар Хадамоти Федералии Амнияти Русия ба кор гирифтанд ва ӯ то мақоми муовини раиси ин хадамот расид. Феврали соли 2011 аз ин мақомаш барканор шуд.

Марат Имонқулов, муовини собиқи раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, ки дар воқеъ баъзе аз гурӯҳҳои мухолифи давлат мехоҳанд, ки ҳомиёни хориҷӣ онҳоро дастгирӣ кунанд. Вале ду генерали номбурда ҳеҷ гуна нуфузе дар Қирғизистон надоранд.

"Ташвишовар ин аст, ки гурӯҳҳое мисли «Порлумони мардумӣ" дар вақтҳои ахир бештар мешаванд. Ин баёнгари он аст, ки дар кишвари мо на ҳама чиз дуруст аст. Ушаков дар замони Боқиев ӯро дастгирӣ мекард ва машварат медод, вале онгуна ба ман маълум аст, ҳоло ҳеҷ гуна нуфузе дар Русия надорад. Ӯро барои рафтори номуносиб аз кор ронданд. Чӣ гуна ин одамон метавонанд, аз тарафи ҳукумати худ дар Қирғизистон фазо бисозанд. Ман бовар намекунам ва Отамбоев худаш ҳам инро мефаҳмад.»

Ҳоло раҳбарони гурӯҳи «Порлумони мардумӣ» дар боздошт ҳастанд ва ду моҳ то замони поёни таҳқиқот дар боздошт мемонанд. Тарафдорони гурӯҳ ҳам эътироз накарданд ва инро аломати тарафдор надоштани «Порлумони мардумӣ» медонанд. Вале вокуниши сахти раиси ҷумҳур ва хадамоти махсуси Қирғизистонро ба он далолат мекунад, ки гурӯҳи «Порлумони мардумӣ» ҳукуматдорони кишварро ба изтироб андохт.

XS
SM
MD
LG