Жогорку Кенеш, парлумони Қирғизистон ба қонуни хизмати сарбозӣ тағйиру иловаҳо ворид кард, ки бар пояи он, афроде, ки аз рӯи мазҳаб ҳақ надоранд ба даст силоҳ бигиранд, бо пардохти ҳаққи хизмат озод мешаванд.
Ин тағйирот бо ташаббуси депутат Майрамгул Тиленчиева ба қонун дар бораи хизмати ҳарбии ҳатмӣ ва алтернативӣ ворид шуд. Аз рӯи ин тағйирот, шаҳрвандоне, ки барояшон мазҳаб ҳақи дар даст нигоҳ доштани силоҳ ва хизмат дар артишро манъ мекунад, ҳақ доранд, бо додани ҳаққи хизмат ба давлат озод шаванд. Ин тағйирот асосан марбут ба пайравони дини “Шоҳидони Яҳво”, яке аз равияҳои дини масеҳӣ мебошад.
Майрамгул Тиленчиева дар сӯҳбат бо бахши қирғизии радиои Озодӣ гуфт, дар кишвар равияву гурӯҳҳои мухталифи динӣ амал мекунанд. “Баъзе шаҳрвандони синни хизмати сарбозӣ дар баробари дину мазҳаби худ қавл медиҳанд, ки ҳеҷ гоҳ ба даст силоҳ намегиранд. Онҳо бо ҳамин сабаб аз хизмат дар артиш даст мекашанд. Агар хизмат кардан нахоҳанд, бояд хизмати алтернативӣ гузашта, пули ин имтиёзро пардохт кунанд. Мо ин пулро барои эҳтиёҷоти вазорати дифоъ истифода мекунем. Ҳукумат бошад, на фақат ин пулро мегирад, балки онҳоро ба қайд гирифта онҳоро назорат мекунад”, гуфт депутат.
Дар сурати аз ҷониби президент имзо шудани ин қонун, шаҳрвнадони марбут ба созмонҳои сабтиномшудаи динӣ, ки ҳақи доштани силоҳро надоранд, метавонанд аз хизмати ҳатмӣ озод шаванд. Аз онҳо ба фоидаи давлат пардохт шудани 300-450 доллар маблағ тақозо мешавад. Ба ҳисоби депутати парлумон, феълан дар қаламрави Қирғизистон шумори ингуна афрод ба 190 нафар баробар мешавад. Тиленчиева мегӯяд, агар ҳаҷми пулҳои ҷамъшуда аз марзи як миллион сом гузарад, мешавад бунёди махсусе барои маблағгузории проектҳои иҷтимоӣ ифтитоҳ шавад.
Ин тасмими парлумонро намояндаи дини протестантӣ дар Қирғизистон Александр Шмелев дастгирӣ кард. Худи Шмелев ҳам бо назардошти ақидаҳои мазҳабиаш аз хизмат даст кашидааст. Вай гуфт:
- Ба даст гирифтани ҳаргуна силоҳ барои мо гуноҳ аст. Одаме, ки дар артиш хизмат мекунад, қасам мехӯрад, ки ватанро ҳимоя мекунад. Вале баъдан ман дини протестантиро қабул кардаму хизматро тарк кардам, - гуфт Шмелев.
Дар вокуниш ба тасмими нави парлумони Қирғизистон, назарҳои манфӣ ҳам ба гӯш мерасанд. Вакили парлумон Қурмонбек Усмонов ба ин бовар аст, ки ҳар мард бояд новобаста аз миллату мазҳабаш барои ҳимояи ватан омода бошад:
- Ба фикри ман, дар байни тарҳҳои зиёди қонун, ки дирӯз баррасӣ шуд, ин қонунро дуруст дарк карда натавонистанд. Ба фикри шахсии ман, хизмат дар артиш як вазифаи муқаддаси ҳар мард аст. Аз сӯи дигар, кӣ кафолат медиҳад, ки пулҳо ба таври дурусту одилона сарф мешаванд. Дар Қонуни асосӣ навишта шудааст, ки новобаста ба мазҳабу миллат, ҳар мард бояд дар артиш хизмат кунад.
Фикри коршиноси умури низомӣ Токтогул Какчекеев ба ин масъала дигар аст. Вай мегӯяд, ситонидани пул дар ин ҳолат дуруст нест. Вай гуфт, ки талаби пул аз баптистҳо, шоҳидони Яҳво ва ё намояндагони дигари равияҳои мазҳабӣ дуруст нест. “Агар ба даст силоҳ гирифтан нахоҳанд, як чӯб гиранд”, гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, бисёриҳо ба ин назаранд, ки ҳукумат бояд роҳҳои дилгарм кардани ҷавонҳоро ба хизмати сарбозӣ ҷустуҷӯ кунад. Дар Қирғизистон масъалаи фирор аз артиш доғ аст.
Таҳаввуллот дар қонунҳои артиши ин кишвар дар ҳолест, ки мавзӯи хизмати сарбозӣ дар аксар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз мушкилоти ҷиддии давлат ба ҳисоб меравад. Дар ин кишварҳо хизмати сарбозӣ ҳатмӣ аст, вале вуҷуди меҳтарсолорӣ – дедовшина, набуди таъминоти хуби иҷтимоии сарбозон ва ҳам шароити мусоиди хизмат, масалан, дар Тоҷикистон боиси фирори ҷавонҳои зиёд аз артиш мешавад. Дар Тоҷикистон ҳам даъватҳо ба реформа ё ислоҳоти низоми артиш садо медиҳад, вале то кунун ҳеҷ тағйироте дар ин самт мушоҳида намешавад.
Ворид кардани тағйиирот ба қонун чун имтиёз ба пайравони равияи Шоҳидони Яҳво дар Қирғизистон дар ҳолест, ки ин созмон дар қаламравҳои ҷумҳуриҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистон манъ шудааст. Пайравони ин равия боздошт ва зиндонӣ шуда, адабиёти марбут ба ин ташаккул мусодира ва нобуд мешавад.