Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дарси "шабакаҳои иҷтимоӣ" барои имомхатибони қирғиз


Ҳадаф аз ин барнома – муқобила бар зидди ифротгароиву терроризм ва мубаллиғони ҷангҳои хориҷӣ аст, ки вақтҳои охир аксаран тавассути интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ амал мекунанд.

Дар Қирғизистон барномаи нави таълими имомхатибони масҷидҳои маҳаллӣ оид ба фанновариҳои навини информатсионӣ – кори интернету шабакаҳои иҷтимоӣ роҳандозӣ мешавад. Шурӯъ аз 17 август беш аз 2,5 ҳазор имомхатиби масҷидҳои маҳаллӣ дар давраҳои омӯзишии дуҳафтаина ширкат мекунанд. Дар ин дарсҳо барояшон роҳҳои истифода аз компютеру интернет, ва аз ҳама муҳим – кор дар шабакаҳои иҷтимоиро нишон хоҳанд дод. Ҳадаф аз ин барнома – муқобила бар зидди ифротгароиву терроризм ва мубаллиғони ҷангҳои хориҷӣ аст, ки вақтҳои охир аксаран тавассути интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ амал мекунанд.

Дарсҳои имомхатибон аз вилояти Ӯш, ки ҳамчун минтақаи бештар мазҳабӣ шинохта шудааст, оғоз мешаванд. Барномаи таълимиро бунёди ҷамъиятии «Ийман» ба роҳ мондааст, ки ният дорад тамоми кишварро бо ин дарсҳо фаро бигирад. Сӯҳбат бо рӯҳониён дар Қирғизистон нишон медиҳад, ки баъзеашон на фақат Интернет, балки телевизорро ҳам тамошо намекунанд, то ки дар ҷараёни хабару таҳаввулоти кишвар ва ҷаҳон бошанд. Ин дар ҳолест, ки, мегӯянд таҳлилгарон, рӯҳониёни суннатӣ дар ҷангҳои иттилоотӣ дар баробари гурӯҳҳои ифротгарои мазҳабӣ аксар вақт мебозанд ва нақши заифтаре доранд, аз ин хотир, нуфузи онҳо ҳам дар чашми мардум камтар мешавад.

Нурҷигит Қодирбеков, раиси бунёди «Ийман» дар сӯҳбат бо бахши Қирғизии радиои Озодӣ гуфт, «беҳтарин роҳи мубориза бо экстремизм – боло бурдани сатҳи дониши имомхатибон аст. Мо мебинем, ки муқобила бо экстремизм аз роҳи зӯр хеле сахт аст. Аз ҳамин сабаб ҳам хеле муҳим аст, ки ихтисоси муллоҳо боло бурда шавад», мегӯяд вай.

Дар Тоҷикистон ҳам, назар ба арзёбиҳои мақомот, интернет ва баъзе шабакаҳои иҷтимоӣ ба макони аслии таблиғоти идеологияи ҷангии гурӯҳҳои ифротӣ табдил шудааст. Аз ин пойгоҳ бахусус тарафдорони гурӯҳи «Давлати исломӣ» фаъолона истифода мекунанд ва то имрӯз шумори афроди ба ҷангҳои Сурияву Ироқ ҷалбшуда аз Тоҷикистон аз марзи 500 нафар гузаштааст. Таҳқиқоти сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ нишон медиҳад, ки «ҷиҳодиён» аз Сурияву Ироқ истода талош мекунанд шумори бештари ҷавонҳоро тавассути интернет ба сафи «ҷиҳодиён» ҷалб кунанд.

Саъдӣ Юсуфӣ, таҳлилгари масоили мазҳабӣ мегӯяд, дар Тоҷикистон аз кори Интернету шабакаҳои иҷтимоӣ на рӯҳониёни суннативу аҳли илм, балки бештар намояндагони «исломи сиёсӣ» истифода мекунанд. Вай мегӯяд: «Дар умум, муллоҳои матраҳ ва имомҳои масоҷиди мо ба далоили гуногун ҷамъияти ғоиб аз интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳастанд, аммо исломиҳои сиёсӣ хеле фаъоланд, ҳатто фаъолтар аз ҳизби ҳоким. Муллоҳои суннатии мо ба далели синну соли боло ва таҳсилот бо равиши кӯҳна ва надоштани имконоту дарки ками аҳамияти интернет аз фазои маҷозӣ дур мондаанд. Аммо бояд гуфт, дар фазои маҷозӣ қишри таҳсилдида дар ниҳодҳои динии хориҷӣ фаъолияти хубе доранд», гуфт Саъди Юсуфӣ.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG