Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номзадҳои порламони Қирғизистон якдигарро лату кӯб карданд


Қамчибек Ташиев
Қамчибек Ташиев

Қамчибек Ташиев ҳамраиси ҳизби “Республика-Ата-Жорт”-ро барои лату кӯби номзади дигар Абдуманап Абдивахапов аз ҳизби “Прогресс” аз номзадӣ маҳрум кардаанд ва барои расидагӣ ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ низ боз шудааст. Намояндагони ҳизби “Республика-Ата-Жорт” мегӯянд, ки ин парванда на бар зидди худи Ташиев, балки барои расидагӣ ба ҳамин ҳодиса боз шудааст.

Бино ба хабарҳо, 26 сентябр дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ дар яке аз рустоҳои ноҳияи Сузак Ташиев вориди ситоди кории номзад Абдуманап Абдивахапов шудааст ва бидуни “гапу ҳарф” ба задани вай шуруъ кардааст. Абдивахапов бо қабурғаи шикаста ба бемористон интиқол ёфтааст.

Ҳизби “Республика-Ата-Жорт”-и Ташиев низ эълон кардааст, ки бар зидди тасмими Кумиссиюни марказии интихобот шикоят хоҳад бурд ва мехоҳад, ки номзадии Ташиев барқарор карда шавад, дар ҳоле ки то интихобот 4 рӯзи дигар мондааст.

Динара Ашурахунова аз созмони иҷтимоии “Эътилоф барои демократия ва ҷомеаи маданӣ” дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, сабаби моҷароҳо ин аст, ки дар минтақаҳои гуногун номзадҳо ва гурӯҳҳои таблиғотии онҳо маводи таблиғотӣ ва аксҳои якдигарро пора мекунанд ва дар ҳузури интихобкунандагон ба якдигар гапҳои “пасту баланд” мезананд. Чунин пешомадҳо зиёд мушоҳида шудааст, вале кор то ба “мушту лагад” нарасида буд. Ашурахунова мегӯяд, Кумиссиюни марказии интихобот дар тасмимгирии худ саросема шудааст: “Бояд тасмими додгоҳро дар бораи ин ҳодиса мунтазир мешуданд, баъд тасмими худро эълон мекарданд. Дар он сурат рӯшан мешуд, ки то чӣ андоза хабарҳо роҷеъ ба лату кӯби номзад воқеият дорад”

Ба гуфтаи Ашурахунова, бо назардошти ҳамин ҳолат Ташиев бар зидди тасмими кумиссиюн ба додгоҳ шикоят бурдааст ва мехоҳад ҳамзамон парвандаи дигар роҷеъ ба қонуншикании Кумиссиюни интихоботӣ боз шавад.

Ин нахустин моҷаро дар маъракаҳои интихоботии Қирғизистон нест. 24 сентябр низ яке аз хешовандони Азизбек Эсенов-номзад аз ҳизби “Республика-Ата-Жорт” дар ноҳияи Қочқори вилояти Норин ба бадани мубаллиғи ҳизби “Қирғизистон” Бектур Назаров 3 корд зад. Дар миёни номзадҳои ҳизбҳои дигар низ моҷароҳо рух додааст. вале онҳо танҳо бо муроҷиат ба матбуот ва чопи хабарҳо дар бораи моҷароҳои худ иктифо кардаанд ва парванда ба додгоҳ нарафта буд.

Динара Ашурахунова чунин моҷароҳоро паст будани сатҳи фарҳанги сисёсии номзадҳо медонад ва мегӯяд, аз як сӯ муборизаҳои интихоботӣ бисёр шадид аст, вале аз сӯи дигар худи номзадҳо бо муқаррароти ахлоқи номзадӣ хуб ошно нестанд: “Фарҳанги муборизаҳои сиёсӣ то ҳол дар мо такмил нашудааст. Ҳар вақт ҳизбҳои нав пайдо мешаванд. Барои ҳамин сохторҳо, мавқеи ҳизбҳо ва захираи инсонии номзадҳо заъиф аст. Барои он ки ин гуна ҳизбҳо дар остонаи интихобот пайдо мешаванд, дар ҷараёни маъракаҳои интихоботӣ стратегии чандон муайян ва қаввиву устувор надоранд”.

Чунин заъфияти ҳизбҳо дар ҷараёни мунозираву мубоҳисоти интихоботӣ сабаби муноқиша ва ҳатто лату кӯб мешавад. Бо вуҷуди он ки қонунҳои интихоботӣ вуҷуд дорад, баъзе номзадҳо онҳоро намехонанд ва ҳатто бо қоидаҳои фаъолияти номзад дар ҷараёни маъракаҳои интихоботӣ, ки ба онҳо дода мешавад, ошно намешаванд, гарчӣ онҳо дар поёни чунин муқаррарот бо имзои худ таъйид мекунанд, ки бо қоидаҳо ошно шудаанд.

XS
SM
MD
LG