Палатаи савдо ва саноат мегӯяд, қисмате аз маҳсулоти Тоҷикистон чун моли Қирғизистон вориди бозори Русия мешавад. Тоҷирони қирғиз бо истифода аз имтиёзҳои Иттиҳоди гумрукӣ молу маҳслулотро арзон аз Тоҷикистон харидорӣ карда, бо ҳуҷҷатҳои қирғизӣ ба Русия ворид мекунанд.
Шариф Саид, роҳбари Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон рӯзи 13−уми январ дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, “дар мо фактҳое ҳаст, ки тоҷирони қирғиз аз Тоҷикистон маҳсулотро харидорӣ карда, аз Қирғизистон сертификат мегиранд, ки гӯё ин маҳсулот дар он ҷо истеҳсол шудааст. Бо ҳамин онҳо худро аз пардохти боҷи гумрукӣ дар сарҳад озод мекунанд.”
Ҷаноби Саид ҳушдор дод, ки ин тиҷоратро риски зиёдеро дар пай дорад ва дар сурат ошкор шудани санадҳои тақаллубӣ кормандони гумрук, тамоми борро ҳабс мекунанд.
Аммо аз дар ин гуна доду ситад деҳқон ва истеҳсолкунандаи тоҷик фоидаи чандоне намебинад, зеро бо нархи арзон молашро ба тоҷирони қирғиз мефурӯшанд ва фоидаи аслиро ҳам тоҷири қирғиз мебардорад.
Соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз ҳама боғу токпарварон аз ҳамин вазъият зарар диданд ва аз набуди харидор қисме аз маҳсулоташон талаф шуд.
Собир Аҳмадов, сокини деҳаи Наврӯзқишлоқи ноҳияи Ҳисор мегӯяд, ба хотири комилан талаф наёфтани ангураш ӯ маҷбур шуд қисми зиёдашро бо нархи арзон ба савдогарони қирғиз бифурӯшад: “Дар боғҳои мо аз 300 то 400 тонна имсол ангур буд. Барои мо харидори калон даркор буд, ба як мошину ду мошин кор ҳал намешавад. Барои ҳамин ночор арзон фурӯхтем. Намефурӯхтем, ангор қоқ шуда, ба замин мерехт ва нобуд мешуд.”
Аҳмадов мегӯяд, онҳо бештар банди нигоҳубини боғашон ҳастанд ва барои пайдо кардани харидор бо нархи хуб ва ё мустақилона содир кардани маҳсулоташон ба хориҷа маблағи иловагӣ ва таҷрибаи кофӣ надоранд.
Дар ҳамин ҳол, Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ба хотири осон кардани кори тоҷирони тоҷик ва пайдо кардани бозорҳои нав барои онҳо бахши вежаеро таъсис додааст, ки сертификати тавлиди молро медиҳад.
Убайдулло Ҳусейнов, роҳбари бахши сертифкати тавлиди мол мегӯяд, дар сурати дастрас кардани ин ҳуҷҷат соҳибкрони тоҷик дар убури марзҳо ва гумрук ба мушкил дучор нахоҳанд шуд. “Бо ин санад соҳибкорон ҳангоми содироти молашон ба хориҷа, хусусан дар қаламрави кишварҳои ИДМ аз имтиёзҳои гумрукӣ метавонанд бархӯрдор шаванд. Чунки дар қаламрави ИДМ барои молҳои истеҳсолшуда дар дохил баъзе тарифҳои сабук, яъне имтиёзҳо таъин шудааст. Аз ин имтиёзҳо танҳо замоне бархӯрдор шудан мумкин аст, ки сертификати тавлиди мол вуҷуд дошта бошад,”- гуфт Ҳусейнов.
Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷ аз ҷумла Русияву Қазоқистон бештар мева, хушкмева ва сабзавоти барвақтӣ, ба мисли пиёзу бодирингу помидор содир мекунад. Кишвар танҳо дар нимсолаи гузашта бештар аз 90 ҳазор сабзавот аз ҷумла пиёз ба хориҷа содир кардааст. Содироти меваи хушк дар ин давра беш аз 37 ҳазор тоннаро ташкил додааст.
Дар соли 2015 дар бораи дастикам 3 мавриди аз марзи Русия пас гардонда шудани мошинҳои ҳомили ангури Тоҷикистон гузориш шуда буд. Мақомоти гумруку «Росселхознадзор» дар вилояти марзии Оренбурги Русия гуфтанд, ки дар ин мошинҳо ангуре буд, ки дар асл аз Тоҷикистон аст, вале ба хотири рафъи муқаррароти гумрукиву санитарӣ ҳамчун моли Қирғизистон сертификат шуда буд.