Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумитаи амнияти Қирғизистон боздошти додрасҳоро шарҳ дод


Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон ҷузъиёти боздошти ду додрасро дар вилояти Чӯйи ин кишвар, ки ба тамаъҷӯӣ, порагирӣ ва сӯистифода аз мақом муттаҳам мешаванд, расонаӣ кард.

Ба иттилои кумита, додрасҳо К.У. Ж. ва А.Т. А. 2 июл бо гумони талаби 6 ҳазор доллар пора аз як гумонбар дастгир шудаанд. Ҳамчунин котиби мурофиаҳо О.Ж.Д. барои миёнаравӣ дар ин кор боздошт гаштааст.

"Додрасҳо тавассути котиб М.Н. барои содир кардани ҳукми сафед аз гумонбар 10 ҳазор доллар пора талаб кардаанд. Вале гумонбар розӣ нашудааст. Дар натиҷа котиб бо дастури додрасҳо барои содир кардани ҳукми ғайри маҳрумшавӣ аз озодӣ 6 ҳазор доллар хостааст", - омадааст дар иттилоияи кумита.

Шӯрои додрасҳои Қирғизистон 3 июл иҷозат додааст, ки К.У. Ж. ва А.Т. А. ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Расонаҳои маҳаллии Қирғизистон аз додрасҳои боздоштшуда Калибекова Улукбек Жолдошевич ва Абдирашитов Тилек Арстанбекович ном бурдаанд.

XS
SM
MD
LG