Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯдаконро боз ба пешвоз бароварданд. Президент чӣ гуфту натиҷа чӣ шуд?


Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафараш дар ноҳияи Данғара. 19-уми сентябри 2024
Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафараш дар ноҳияи Данғара. 19-уми сентябри 2024

Бо вуҷуди он ки пешвозгирии мансабдорон бо ҷалби кӯдакону ҷавонон дар Тоҷикистон расман танқид карда мешавад, ҳамчунон идома дорад.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, рӯзи 1-уми сентябри имсол дар мулоқот бо омӯзгорон ҷалби хонандагонро ба роҳпаймоиву пешвозгирии мансабдорон сахт танқид кард. Ӯ гуфт, аз ҷалби кӯдакон худи ӯ низ норозист ва дастур дод, ки дигар ин кор такрор нашавад.

Дар 20 рӯзи охир дар сафарҳои президент ба минтақаҳо ҷалби кӯдакон ба назар нарасид, вале дар сафари охири ӯ ба баъзе аз ноҳияҳои вилояти Хатлон дида мешавад, ки боз кӯдаконро ба пешвозу шеърхонӣ ба назди президент овардаанд.

Рӯзи 19-уми сентябр кӯдакон дар Данғара Эмомалӣ Раҳмонро дар ифтитоҳи мактабе бо шеърхонӣ пешвоз гирифтанд. Ҳамон шевае, ки худи раисҷумҳур аз он танқид карда буд.

“Кӯдаконро мебароред, дар қади роҳҳо рост мемонед, бечораҳо чӣ гуноҳ доранд? Вай чӣ мекунад? Чӣ президент хонандаро надидааст, кӯдакро надидааст? Соатҳои дароз, шамол, хунук, барф, борон. Бо ҳамин зоҳирпарастӣ ба чашми роҳбари давлат хок пошиданӣ мешаванд. Ман манъ кардам инро ва дар ягон шаҳру ноҳия роҳ намедиҳам,”—гуфта буд президенти Тоҷикистон.

Солҳост, ки хонандагону кӯдакон ба пешвози президенту мансабдорони дигар ҷалб мешаванд ва барои ин ҳафтаҳо тамрин мекунанд. Волидон шикоят карда буданд, ки фарзандонашон ба дунболи омодагӣ ба роҳпаймоӣ аз таҳсил дур мемонанд. Танқиди президент зоҳиран вазъро ислоҳ накардааст ва бо гузашти 20 рӯз ба назар мерасад, ки ин «анъана» дубора ҷорӣ мешавад.

Шарофиддин Гадоев
Шарофиддин Гадоев

Шарофиддин Гадоев, фаъоли сиёсии тоҷик аз Ҳолланд, мегӯяд, зоҳиран чунин пешвозгириҳо ба Эмомалӣ Раҳмон хуш меояд, вагарна мансабдорон аз тарс ӯро бо чунин шева истиқбол намекарданд.

“Агар Раҳмонро чунин кор писанд намеомад, 20 сол боз кеши шахспарастӣ дар Тоҷикистон давом намекард. Ба як бор гуфтанаш нуқта гузошта мешуд. Ин баёнгари он аст, ки ӯро аз чунин кор хуш меояд ва ин суханҳо самимӣ нестанд,” – афзуд Гадоев.

Дар гузашта омӯзгорон ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки барои омода кардани кӯдакон ба пешвози президент тақрибан ду моҳ машқ лозим мешавад. Дар баъзе аз ноҳияҳо мансабдорони сатҳи миён ва поёнӣ низ талош кардаанд, онҳо ба сони президент пешвоз гирифта шаванд. Ҳатто дар барфу борон ва ҳавои сард ё тамузи тобистон. Дар суханронии худ бо омӯзгорон маълум шуд, ки Эмомалӣ Раҳмон аз ин ҳама хабар дорад.

"Дар шаҳру ноҳияҳо рафта, фалонча омадааст гуфта, тамоми мактабро бароварда қатор карданд. Ҳатто барои сафарҳои президент. Накунед охир ин корро. Раисони шаҳру ноҳия, вилоят ман супориш додам қатъӣ, ҳатто ҷазо додам," – гуфт ӯ.

Ҳомиён ҳуқуқ ин навъи пешвозгириро нақзи ҳуқуқи кӯдакон номида, мансабдоронро борҳо барои ин танқид кардаанд, вале тағйире пеш наомадааст.

Видеоро дар инҷо бинед:

Кӯдакон ва пешвозгирӣ. Президент чӣ гуфту натиҷа чӣ шуд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:31 0:00
XS
SM
MD
LG