Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКД: Ду занро кушта, ҷасадашонро пора кардаанд


Ҳодисаи куштори ду зан дар Душанбе ва эҳтимоли даст доштани се нафар дар ин ҷиноятро раёсати корҳои дохилии пойтахт ва гурӯҳи муфаттишони Додситонии кулли Тоҷикистон таҳқиқ мекунанд.

Додситонии кулл ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон қатли ду зани ҷавон дар пойтахтро таҳқиқ доранд, ки ҷасадҳояшон пора ва ба дарёи Душанбе партофта шудааст.

Нусратулло Саидов – сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон – рӯзи 1 август дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ки то кунун дар робита ба ин ҳодиса се сокини аз 23 то 26-солаи ноҳияҳои Варзобу Восеъ ва шаҳри Душанбе дастгир шуда, дар боздоштгоҳ қарор доранд. “Онҳо дар ҳоли ҳозир гумонбар ҳастанд ва тафтиши қазия рӯшан хоҳад кард, ки то чӣ ҳад дар ин ҷиноят даст доранд,” – афзуд ӯ.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон на танҳо аз гумонбарон, балки аз ду зани кушташуда низ ном набурдааст. Вале Нусратулло Саидов гуфт, тафтиши аввалия нишон додааст, ки ҳардуи ин зан гӯё барои робитаи шаҳвонӣ ҳамроҳи афроди гумонбар ба манзили онҳо рафта ва сипас баъди муноқиша дар бораи гирифтани “ҳаққи хидмат” кушта шудаанд.

Ба қавли манбаъ, “се гумонбар рӯзи 21 июли соли ҷорӣ бо як зани ҷавони 25-солаи сокини Душанбе дар наздикии Сирки давлатии Тоҷикистон шинос шуда ва ӯро барои равобити шаҳвонӣ ба манзилашон дар кӯчаи Неъмат Қарабоев бурдаанд. Баъди муноқиша барои маблағ, ӯро кушта, ҷасадашро қисман ҷудо намуда дар ҷузвдон ва халтаи полиэтилинӣ гирифта, ба дарёи Душанбе партофтаанд.”

Ба иттилои сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ, ин афрод рӯзи 27 июли соли ҷорӣ дубора “бо мақсади муносибатҳои шаҳвонӣ, зани 23-солаи сокини Душанберо ба манзили истиқоматиашон, воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қарабоев бурда, баъди муноқиша барои пул бо воситаи болишт буғӣ карда, ба ҳалокат расондаанд.”

Ҷасади ду зани кушташуда рӯзҳои 21 ва 29 июл аз соҳили дарёи Душанбе ёфт шудааст. Бо сабаби он ки то ҳол ному насаби занҳои кушташуда маълум нест, ба Озодӣ даст надод, то наздикони онҳоро пайдо ва аз ин тариқ касбу кори онҳоро мушаххас кунад.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ҳоле аз ин ду зани кушташуда “танфурӯш” ном бурдааст, ки дар кишвар муносибат бо ин гуруҳи занон яксон нест. Як гуруҳи сокинон борҳо аз боздошту муҷозоти фоҳишаҳо тарафдорӣ карда ва аз мақомот хостаанд, ки барои аз байн бурдани онҳо зудтар даст ба кор шавад. Дар гузашта Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ миёни занони фоҳиша дар Душане ва ноҳияҳои дигар рейдҳо баргузор карда, теъдоде аз онҳоро боздошт ва ҷарима баста буд.

Ҳоло се нафари гумонбар дар қатли ду зани ҷавон дар Душанбе дар ҳабси пешакӣ буда, алайҳи онҳо бар асоси моддаи 104-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Маълум нест, ки ин афрод кай, чӣ гуна ва дар чӣ шароит боздошт шудаанд.

XS
SM
MD
LG