Дилбар Эшонқулова, сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов саҳари рӯзи 5 – уми июн билохира ду ҷигаргӯшаааш - Ҷасминаи 4-сола ва Ойгули 5-соларо ба оғуш кашид. Соати 4 – и субҳ онҳоро намояндагони консулгарии Тоҷикистон дар Маскав бо ҳавопаймо ба Хуҷанд назди модараш оварданд. Ин кӯдакон, ки ба гуфтаи раҳбаладон, роҳи тӯлонии аз Русия то Тоҷикистонро дар ҳавопаймо бо нороҳативу гоҳе ашкрезӣ тай кардаанд, ҳангоми дидани модар ғаму хастагиро фаромӯш карда, худро ба оғуши модар партофтанд. Кӯдакон ба оғуши модар часпида, аз вай лаҳзаҳо чашм намеканданд ва ҳатто саволҳои ҳозиронро бепосух мегузоштанд.
“Ман ин рӯзро 6 моҳ боз мунтазир будам. Баъзан фикр мекардам, ки дигар фарзандонамро намебинам, аммо худоро шукр, онҳоро ба ман бозгардонд,” - мегӯяд Дилбар, ки ҳарчанд ором ба назар мерасид, ангуштонаш меларзиданд, забонаш каме мегирифт. Аммо дар чашмони ӯву кӯдакони аз бедорхобиву раҳпоӣ хаста нури шодӣ медурахшид ва дигар аз канори модар дур намерафтанд.
Дилбар кӯдакашро барои табобат ба Маскав бурду.. бе кӯдак баргашт
Ӯ нақл кард, ки 6 сол қабл бо ҷавоне аз ноҳияи Спитамен бо номи Акмал Зокиров издивоҷ кард ва паси ҳам ҳамин ду духтурчааш: Ҷасмин ва Ойгулро ба дунё овард. Як пойи Ойгул аз кӯдакӣ каме каҷ буд ва ниёз ба табобат дошт. Моҳи октябри соли гузаштаи 2014 Дилором бо кӯдаконаш ба шаҳри Маскав назди шавҳараш – Акмал Зокиров сафар кард. Ва ҳама умедҳояш барбод рафт, зеро шавҳараш зани дигареро аз Узбакистон ба ҳамсарӣ гирифта буд ва зани никоҳӣ ва модари ду кӯдакаш – дилоромро хеле сард истиқбол гирифт.
“Шавҳарам ва ҳамсари наваш маро таҳқир ва лату кӯб мекарданд, Лату кӯб мекарданд, дар пойгоҳи сабзавотфурӯшӣ дар маҳаллаи Новопруденски шаҳри Маскав кор мекардам, нон мепухтам, корҳои вазнин мефармуданд, ман ҳатто шабҳо фарш мешустам. Ҳатто кӯдакони худсоламро азоб медоданд ва ба тифлии онҳо раҳм накарда, кор мефармуданд ва баробари ман фарш мешӯёниданд.Таҳдид мекарданд, ки маро ба танфурӯшию кӯдаконамро ба харидоре меурӯшанд, ки ӯро аз чашми онҳо дур ба Испания мебарад.”
Ба гуфтаи Дилором, онҳо бо шавҳараш танҳо бо никоҳи мусалмонӣ издивоҷ карда буданд ва шавҳараш дар Маскав ба ҷуз шиносномаи тоҷикии худ бо шиносномаи қалбакии Қирғизистон низ дошт. Ин ки Дилором гуфтааст, ин сирри ӯро ба пулис ошкор мекунад, боиси хашму ғазаби бештар ва ба сараш даст бардоштни вай шудааст. Билохира бо мадади як марди арман вай аз қайди шавҳарашу зани дуюми вай раҳоӣ ёфта, моҳи ноябри соли 2014 кӯдаконашро дар Маскав гузоштаву худаш танҳо ба Тоҷикистон баргаштааст.
“Ман ба пулиси маҳалламон муроҷиат кардам, ки кӯдаконамро баргардонанд, аммо онҳо онҳо гуфтанд, ки дасташон кӯтоҳ аст, онҳоро аз Русия баргардонан наметавонанд. Баъди ин аз созмони ҷамъиятии занони “Гулрухсор” ва бо раҳнамоии онҳо ба “Маркази мусоидат ба ҳимояти ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ” дар Хуҷанд ёрӣ пурсидам. Ҳазорон раҳмат, ки бо мадади онҳо кӯдаконамро баргардониданд.”
Дидори Дилбар бо кӯдаконаш ва ба модар супурдани онҳо дар дафтари ҳамин марказ саҳари 5 –уми май ҷараён гирит. Шоира Собирова, ҳуқушиноси ин Марказ гуфт, бо вуҷуди он ки фаъолияти аслии ин марказ дар самти ироаи ёриҳои ҳуқуқии ройгон ба муҷоҷирони корӣ аст, вале ҳоли зори модари фарзандаш др Русия зери хатар мондаро дида, ба кӯмаки вай шитофтаанд:
“Ҳама мақомоти масъул ва сафорату консулгарии Точикистон дар Маскавро аз қазияи Эшонқуловаю кӯдаконаш огоҳ кардем. Ҳама ба по хестанд ва хушбахтона, ба номаи мо унвонии шӯъбаи оид ба ноболиғони дар назди пулиси Маскав хабар расид, ки кӯдаконро ёфтаву дар сарпаноҳи атфол ҷой додаанд. То кунун онҳо таҳти назорати мураббиён дар он сарпаноҳи кӯдак қарор доштанд ва мо роҳҳои бозгардонидани онҳо ба Тоҷикистон, назди модрашро меҷустем. Чунки хонум Эшонқулова ҳамчун модари танҳо, ки бо шавҳараш никоҳи расмӣ надошт, ба зери боли худ гирифтани кӯдаконаш ҳақ дорад. Имрӯз хушбахтона, намояндгони консулгарӣ кӯдаконро аз Маскав Хуҷанд оварданд ва расман ба модараш супурданд. ”
Дилбар Эшонқулова мактаби миёнаро хатм накарда, маълумоти касбӣ ва ихтисосе надорад. Вай мегӯяд, дар Маскав шавҳари бераҳму зани нави вай ӯро дар пойгоҳи сабзавотфурӯшӣ мисли бандӣ нигаҳ медоштанд. Инчунин аз бими он ки ба пулиси рус шикоят барад, эҳтимол ҳамаи онҳоро маҳбас баранд ва рӯзҳои сахттаре ба сараш ояд, худдорӣ мекард.
Ӯ ҳангоми рафтан бо кӯдаконаш ба зодгоҳаш ноҳияи Ҷбоор Расулов гуфт, ки он ҷо хонае дорад, ки падараш мерос мондааст. Ва касби нонпазӣ ҳам дорад, ки умед дорад аз пайи он рӯзии худашу кӯдаконашро фароҳам кунад :
“Ман нони самарқандӣ мепазам ва нонвойҳо ба кор даъватам карда истодаанд. Умед дорам фарзандонам дигар хор намешаванд ва тарсу азоб намебинанд. Аммо гуноҳи падари фарзандонамро намебахшам.”
Башорат Рӯзиева, муовини раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки ба истиқболи Дилбар омада буд, ба вай дар ду лифофа ба гуфтаи худаш “каме маблағ” тақдим кард ва гуфт, дар 2 -3 рӯзи оянда дар ҷо кардани Ҷасмину Ойгул дар кӯдакистони маҳал ба ин модари танҳо мусоидат хоҳад кард.