Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манобеъ: Хоманаӣ зери чораҳои шадид ба макони амн бурда шудааст


Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ
Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ

Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон, зери чораҳои шадид ба як макони амн дар дохили Ҷумҳурии Исломӣ бурда шудааст.

Дар ин бора хабаргузории "Reuters" рӯзи 28-уми сентябр бо такя ба манобеаш иттилоъ дод.

Хабаргузорӣ аз қавли "ду мақомдори минтақаии марбут ба Теҳрон" нигошт, ки интиқоли Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ ба ҷойи амн пас аз хабари марги Ҳасан Насруллоҳ, раҳбари "Ҳизбуллоҳ", сурат гирифт.

Дар идомаи хабар гуфта мешавад, ки Ҷумҳурии Исломӣ барои тасмимгирӣ дар мавриди иқдоми баъдии Теҳрон ва гурӯҳҳои намояндааш дар минтақа бо "Ҳизбуллоҳ" дар тамос аст.

Эрон аз гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ” пуштибонӣ мекунад. Амрико онро созмони террористӣ медонад. Иттиҳоди Аврупо танҳо ҷиноҳ ё қаноати ҳарбии “Ҳизбуллоҳ”-ро ба феҳрасти сиёҳ ворид кардаааст.

Рӯзи 27-уми сентябр нахуствазири Исроил ба таври рӯшан ба Эрон ҳушдор дод, ки ба ҳар ҳамлааш посухи қотеона хоҳад дод.

Бенямин Нетаняҳу рӯзи 27-уми сентябр дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид гуфт, дар Эрон "ҷое нест", ки дасти Исроил ба он нарасад.

XS
SM
MD
LG