Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинони Хоҷа Обигарм бе оби гарм монданд


Эътирози сокинони Хоҷа Обигарм, рӯзи 7-уми декабри соли 2012.
Эътирози сокинони Хоҷа Обигарм, рӯзи 7-уми декабри соли 2012.

Рӯзи ҷумъа даҳҳо тан аз сокинони деҳоти атрофи осоишгоҳи "Хоҷа Обигарм", аз қатъ шудани оби гарм ба манзилҳояшон, эътироз карданд.

Ҳудуди сад тан аз сокинони деҳоти атрофи осоишгоҳи "Хоҷа Обигарм", дар 50 километрии шимоли пойтахт, ба нишони эътироз ба қатъ шудани оби гарм дар манзилҳои зисти худ дар назди бинои ин осоишгоҳ таҷаммӯъ карданд. Cистемаи гармидиҳии манзилҳои зисти сокинони деҳоти инҷо аз замони шӯравӣ то имрӯз аз ҳисоби чашмае, ки дар бинои осоишгоҳ ҷой дорад, таъмин мешуд. Аммо беш аз як ҳафта аст, ки бо дастури Сулаймон Давлатов, раиси кунунии осоишгоҳи "Хоҷа Обигарм" лӯлаи оби гарм ба тарафи деҳоти атроф қатъ шудааст.

Сокинони деҳоти атрофи осоишгоҳи «Хоҷа Обигарм» иддао доранд, ки Сулаймон Давлатов, раҳбари осоишгоҳи мазкур, ки моҳи марти имсол ба ин вазифа таъйин шудааст, нахуст роҳи сокинонро ба деҳот, ки аз атрофи осоишгоҳ мегузашт, баст. Дар натиҷа, мегӯянд онҳо, роҳи на танҳо сокинони маҳаллӣ, балки чорвои хонагии онҳо ба чарогоҳҳо баста шуд ва бисёриҳо маҷбур шуданд, гову гӯсфанди худро фурӯшанд. Сокинони эътирозгар иддао доранд, ки баъди амри баста шудани ошхонаҳои хусусии атрофи осоишгоҳҳо мардуми маҳаллӣ ҳам бекор монданд.
Рӯзи ҷумъа сокинони деҳоти атрофи осоишгоҳ ба "Озодӣ" гуфтанд, ки қатъ шудани ҷараёни оби гарми табиӣ ба манзилашон, ки аз солҳои аввали бунёди осоишгоҳ ҷорӣ буд, косаи сабри онҳоро лабрез кард.

Аммо дар соатҳое, ки эътирозгарон мехостанд бо худи Сулаймон Давлатов мулоқот кунанд, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ онҳоро нагузоштанд, ки вориди бино шаванд. Онҳо гуфтанд, ки раис дар роҳ аз Душабе ба Хоҷа Обигарм аст ва ҳоло дар утоқи кориаш ҳузур надорад. Ҳеҷ намояндаи мақомоти осоишгоҳи Хоҷа Обигарм омода нашуд ба саволҳои радиои Озодӣ ҳам дар робита бо шикояти мардум посух диҳад.

Вале тавре баъзе кормандони Осоишгоҳ, аз ҷумла ходимони милиса ба Озодӣ гуфтанд, раиси ҳукумати ноҳияи Варзоб аз раҳбарияти осоишгоҳ тақозо кардааст, ки мушкили сокинони деҳоти атрофи Хоҷа Обигармро, ки дар ин фасли сармо бе оби гарми табиӣ мондаанд, ҳал ва ҷараёни обро дубора барқарор кунад.

Сокинони Хоҷа Обигарм бе оби гарм мондаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:05 0:00

Кормандони осоишгоҳ, ки нахостанд исмашон бурда шаванд, ба Озодӣ шарҳ доданд, ки ҳадафи бастани роҳи наздики осоишгоҳ ҷилавгирӣ аз ҳаракати чорвои беназорати мардум дар атрофи осоишгоҳ мебошад. Онҳо гуфтанд, ки ба ин осоишгоҳ на танҳо шарҳвандони Тоҷикистон, ки ба дидани чунин манзараҳо одат доранд, меоянд, балки меҳмонони хориҷӣ ҳам ташриф меоранд ва “ҳузури чорво боиси нороҳатии меҳмонон мешавад”.

Рӯзи 7-уми декабр дар минтақаи Хоҷа Обигарм, ки як маҳаллаи кӯҳистонӣ аст, барфи зиёд мушоҳида мешуд ва ҳаво ҳам ниҳоят сард буд. Мардум аз он изҳори нороҳатӣ мекарданд, ки дар сармои шадид онҳо хонаҳои худро гарм карда наметавонанд. Деҳоте, ки аз оби гарми табиии Хоҷа обигарм манзилҳояшон гарм мешавад, ҳудуди 1000 нафар сокин дорад. Ҳамчунин мактаби деҳа низ аз тариқи ин об гарм мешавад.

“Хоҷа Обигарм” яке аз осоишгоҳҳои маъруфи кишвар буда, дар як вақт тавони фаро гирифтани 519 нафарро дорад. Ин осоишгоҳ чаҳор фасли сол фаъол буда, феълан дар сол ҳудуди 15 ҳазор нафар имкони истироҳатро доранд. Дар соли 2011 ин осоишгоҳ ҳудуди чаҳор миллион сомонӣ ба буҷаи давлат ворид кардааст. Ин осоишгоҳ бо оби маъдани радон ҳанӯз дар даврони шӯравӣ сохта шудааст.
XS
SM
MD
LG