Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлили ҷашни Истиқлол дар вилояти Хатлон


Раиси вилояти Хатлон дар табрикоти идонаи худ сокинонро ба ҳушёрӣ ва шукргузорӣ даъват кард.

Давлатшо Гулаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон аз сокинони ин минтақа хост, ки аз эҳтиёт кор бигиранд ва аз таъсири, ба гуфтаи ӯ, “идеологияи бегона” ба тафаккури ҷавонони маҳаллӣ ҷилавгирӣ кунанд. Ин нуктаро раиси вилоят рӯзи 8 сентябр дар маросими таҷлили иди Истиқлолияти Тоҷикистон дар маркази шаҳри Қӯрғонтеппа таъкид кард, ки дар саҳни тафреҳгоҳи “Водии Вахш” баргузор шуд. Ҳарчанд оқои Гулаҳмадзода мушаххасан роҷеъ ба таҳдидҳову чолишҳои замони нав чизе нагуфт, вале таъкид кард, ки дар шароити сиёсиву амниятии имрӯза ҳар сокини вилоят бояд аз ҳушёрӣ кор бигирад ва дар фикри ободониву шукуфоии ватани худ бошад.

Дар ин маросим инчунин раҳбарони 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ва раҳбарони сохторҳои интизомии маҳаллӣ иштирок карданд. Раиси вилояти Хатлон дар суханронии худ ба дастовардҳои минтақа дар 24 соли истиқлолияти кишвар дар соҳаҳои иқтисод, кишоварӣ, маориф ва дигар бахшҳо таъкид кард. Дар бахши консертии ин маросими идона овозхонҳову ҳунармандони маъруф, назири Адолат Комилова, Маҳмадалӣ Аюбов, Аловиддин Абдуллоев, Амриддини Кабир ва дигарҳо ҳунарнамоӣ карданд. Қарор аст рӯзи 9 сентябр, ки ҳамчун иди расмии Истиқлолияти Тоҷикистон таҷлил мешавад, дар тамоми манотиқи вилояти Хатлон аз субҳ то шом барномаҳои идона баргузор шавад.

XS
SM
MD
LG