Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хадича Исмоилова – рамзи мубориза барои сухани озод (ВИДЕО)


Хадича Исмоилова
Хадича Исмоилова

Ба Хадича Исмоилова, хабарнигори зиндонии Озарбойҷон “барои ҷасораташ дар таҳқиқи мавридҳои ришвахорӣ дар ҳукумат” Ҷоизаи бонуфузи ПЕН-клуб дода шуд.

Пеш аз ин Хадича Исмоилова, ки бештар мақолаҳои таҳқиқотӣ менависад ва бо бахши озарии Радиои Озодӣ ҳамкорӣ мекунад, ба дарёфти ҷоизаи “Озодии сухан”-иба номи Анна Политковская ноил шуда буд. Политковская муфассири рӯзномаи “Новая Газета”-и Русия буд ва барои ҷасорату ошкорбаёниаш кушта шуд.

Ин ҷоизаро 27 апрел Пажӯҳишгоҳи миллии озодии матбуоти Шветсия дар маросиме дар Стокҳолм эълон кард. Дар эъломияи ин пажӯҳишгоҳ омадааст: “Исмоилова дар ифшои ришвахорӣ дар баландтарин сатҳи раҳбарӣ дар Озарбойҷон ҷасорату диловарӣ нишон дод”.

Исмоилова 5 декабри соли 2014 ба эҳтимоли таҳрики марде ба худкушӣ боздошт шуда буд. Моҳи феврал иттиҳомоти навро эълон карданд, ки гӯё вай аз пардохти андоз саркашӣ кардааст ва ғайриқонунӣ фаъолияти тиҷоратӣ доштааст ва аз мақом суистифода кардааст.

Вай ин итиҳомотро қабул надорад ва онро дорои ангезаи сисёсӣ медонад. Боздошти вайро маҳофили байналмиллалӣ ва гурӯҳҳои ҳуқуқи башар маҳкум карданд.

Раҳбарияти радиои Озодӣ ва ҳам Созмони амнияту ҳамкории Аврупо қарори ҳабси хабарнигори Озодиро маҳкум карда озодшавии билофосилаи ӯро талаб карданд. Шореҳи бахши озарии Радиои Озодӣ Аёз Аҳмадов мегӯяд, ҳабси Хадиҷа Исмоилова як амали аз пеш тарҳрезишуда буд. “Мақсадашон аз таҳқиоти журналистӣ боздоштани ӯ мебошад. Мо мутмаин ҳастем, ки ин амали мақомот ба кори журналистии ӯ иртиботи мустақим дорад”, гуфт Аҳмадов дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ.

Хадича Исмоилова дар бораи тиҷоратҳои пинҳониву сердаромади хонаводаи Алиевҳо – президент, ҳамсараш Меҳрубон ва духтаронаш Лайлову Орзу гузоришҳои таҳқиқотии ҷанҷолбарангези зиёд нашр кардааст. Гузоришҳои ӯ олудагии амиқи оилаи президент ва мақомоти дигари баландпояи Озарбойҷонро ба фасоду ришват фош кардаанд.

Аёз Аҳмадов мегӯяд, корҳои таҳқиқотии Хадича Исмоилова дар радиои Озодӣ соли 2009 шурӯъ шуд ва солии 2010 вай ба шабакаи байналмилалии журналистони таҳқиқгар пайваст. “Баъди пайвастшавиаш ба ин шабака, вай аз методҳои муассиртари ошкоркунии тиҷоратҳои пинҳонии раҳбарияти Озарбойҷон истифода мекард. Ба шарофати Хадиҷа Исмоилова ҳар сол факту далелҳои нави фасод дар тиҷоратҳои бузург ошкор шудааст ва ҳоло маълум шудааст, ки тақрибан тамоми даромад аз бизнес дар кишвар дар дасти оилаи президент Илҳом Алиев тамаркуз кардааст”, мегӯяд Аҳмадов.

Ахиран ҳамкорону ҳаводорони Хадича барои рӯҳбаландии ӯ дар зиндон филми хурде бо номи “Эҳдо ба Хадича” таҳия карданд, ки метавонед ин ҷо тамошо кунед.

Эҳдо ба Хадича Исмоилова
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:39 0:00

XS
SM
MD
LG