Озарбойҷон ҳарчанд гурӯҳе аз зиндониҳои сиёсиро афв кард, ин қарор ба хабарнигори муҳаққиқ ва ҳамкори радиои Озодӣ Хадиҷа Исмоилова дахл накард. Сардабири Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Ненад Пейиҷ дар вокуниш ба ин ҳодиса гуфт, ки аз шунидани хабари озод шудани журналистон, мудофеони ҳуқуқи башар ва дигар фаъолон, ки барои ҳимояи ҳуқуқ ва озодии баён зиндонӣ шуданд, "хеле хушнуд шудем. Вале
Хадиҷа ҳам бояд дар миёни онҳо мебуд”. Крис Смит, раиси Комиссиюни ИМА оид ба амният ва ҳамкориҳо бо Аврупо гуфт, ки ин хабарро бо “қаноатмандӣ” қабул кардааст, вале ҳамоно нафарони зиёде, аз ҷумла Исмоилова, пушти панҷара мемонад. Вай аз президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев даъват кард, ки “бисёр қонунҳои ғайридемократии кишварро, ки дар татбиқи ҳуқуқи башар дар Озарбойҷон монеъ мешаванд, бекор кунад”.
1 сентябри соли 2015 додгоҳи шаҳри Боку Исмоиловаро ба 7,5 соли зиндон маҳкум кард. Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар гуфтанд, ки ин муҷозоти Исмоилова барои пахши гузоришҳои фошкунандаи ҳодисаҳои фасод дар хонаводаи президент Илҳом Алиев буд. Дар як мукотибааш бо радиои Аврупо Озод/Радиои Озодӣ Амал Клунӣ, вакили дифои Исмоилова дар
додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар гуфт, ки ҳукми журналист ангезаҳои сиёсӣ дошта, ба хотири пахши озодии баён ва маҳдуд кардани ҳуқуқи Исмоилова содир шудааст. “Ҳукумат аст, ки бо сӯиистифода аз қудрат журналистони мисли Хадиҷа ва дигар мунаққидони режими ҳокимро хомӯш кардан мехоҳад”.
Хадиҷа Исмоилова барандаи як қатор ҷоизаҳои байналмилалии мисли PEN American Center мебошад. Таҳқиқоти журналистии ӯ марбут ба мавридҳои фасод ва сӯиистифода аз қудрат кардани аъзои оилаи Илҳом Алиев схемаҳои печидаву хеле даромадноки тиҷорату бизнесро дар Озарбойҷон фош мекард.
Дар миёни онҳое, ки бо ангезаҳои сиёсӣ ҳукм гирифта, рӯзи 17 март афв шуданд, мудофеони ҳуқуқи башар Толеъ Хасмамадов, Расул Ҷаъфаров, Анор Мамадлӣ, Рашодат Охундов, Рашод Ҳасанов, Умар Мамадов ва Мамад Азимов, раҳбарони оппозитсиюн Неъман Паноҳлӣ, Тавфиқ Яъқублу, Ёдгор Содиқов ва Сироҷ Каримов, журналистон Парвиз Ҳошимлӣ ва Ҳилол Мамадов мебошанд. Қарори афви зиндониён дар Озарбойҷон маъмулан дар арафаи ҷашни Наврӯз қабул мешавад.