Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ин замин танҳо аз Назарбоев нест". Эътироз ба сармоягузориҳои Чин дар Қазоқистон


Садҳо нафар дар шаҳрҳои гуногуни Қазоқистон ба зидди ҳузури иқтисодии Чин дар ин кишвар эътироз карданд. Норозиён талаб доранд, ки бо сармояи Чин дар Қазоқистон корхона насозанд ва президент Қосимҷомарт Тоқаев низ сафари худро ба Пекин бекор кунад.

Рӯзи 3-юми сентябр садҳо сокини Жанаозен дар майдони марказии шаҳр ҷамъ шуда, талаб намуданд, ки амалишавии лоиҳаҳои сармоягузории Чин дар Қазоқистон қатъ карда шавад. Дар ин рӯз дар Нурсултон, Оқтеппа ва Чимкент низ намишҳое бо номи "Мо муқобили ҳуҷуми Чин" ҳастем, баргузор шуд.

"Ин замин на аз Назарбоев аст, на аз Тоқаев"

Сокинони шаҳри Жанаозен рӯзи дувум аст, ки ба шартномаи байниҳукуматии Қазоқистону Чин барои бунёди 55 корхона дар бахши хоҷагии қишлоқ ва саноат дар Қазоқистон мухолифат доранд. Рӯзи 2-юми сентябр сокинони ин шаҳр дар назди бинои ҳукумат ҷамъ шуда, талаби худро иброз доштанд. Ба назди онҳо Амонгули Нурдавлатов, муовини раиси шаҳр баромад ва гуфт, ба назди тазоҳургарон раиси вилояти Мангистау Серикбой Трумов меояд.

3-юми сентябр сокинони шаҳри Жанаозен дубора дар майдони марказии шаҳр ҷамъ шуданд ва намоиши эътирозии худро идома доданд. Ҷое, ки соли 2011 қудратиҳо тазоҳуроти кормандони соҳаи нафтро бераҳмона пахш карданд. Дар он ҳодиса тибқи омори расмӣ 17 нафар ба ҳалокат расид.

Барои шунидани арзи мардум раиси вилояти Мангистау Серикбой Трумов омад. Яке аз иштирокдорони намоиши эътирозӣ ба раиси вилоят гуфт, мардум санадеро бо имзо ва муҳри Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистонро талаб доранд, ки тасдиқ кунад, корхонаҳои чинӣ дар Қазоқистон бунёд намешаванд.

Дар миёни иштирокдорони намоиши эътирозӣ дар майдони марказии шаҳр кормандони ширкати нафткашонии “Озенмунайгаз” низ буданд. Яке аз иштирокдорони намоиш Кунсул Айтешова аз ҳукумат талаб кард, ки ҳизби «Нур Отан» пароканда шавад.

«Агар ҳукумати феълӣ иваз карда шавад, ягон мушкилот намешавад. Барои мардум замин зарур аст. Ин замин на аз Нурсултон Назарбоев аст ва на аз Қосимҷомарт Тоқаев. Зарур аст, ки ҳизби «Нур Отан» пароканда шавад, вакилоне нестанд, ки ҷонибдори халқ бошанд,» -- гуфт ӯ.

Иштирокдорони намоиши эътирозӣ ҳамчунин талаб доранд, ки Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон сафари худро ба Чин бекор кунад, ки қарор аст рӯзҳои 11-12-уми сентябри имсол анҷом шавад.

Чанд иштирокдори намоиш аз мақомот талаб карданд, ки «зиндониҳои сиёсӣ» озод карда шаванд.

Серикбой Трумов, раиси вилояти Мангистау тазоҳургаронро бовар кунонд, ки дар ҳудуди Қазоқистон корхонаҳои чинӣ бунёд намешавад ва агар чунин кор сурат гирад, пас, назари ҷомеа ҳатман шунида мешавад.

«Дар Қазоқистон барномаи бунёди 55 корхонаи чинӣ нест. Ин корхонаҳо дар як рӯз бунёд намешаванд. Мо дар марҳилаи ҷаҳонишавӣ зиндагӣ мекунем. Мо бояд иқтисодамонро гуногунҷанба кунем. 90 дарсади иқтисоди минтақа аз нафт ва газ вобаста аст. Ин боигарии мо аст, ки аз насл ба насл мегузарад. Маро даъват кардед, ман омадам, ки ба суолҳои шумо посух диҳам,» -- гуфт Трумов.

Шаҳрдори Жанаозен Одилбек Даулбоев аз сокинон даъват кард, ки дар доираи қонун амал кунанд.

“Корхонаҳои чинӣ ба мо чӣ лозим?”

Рӯзи 3-юми сентябр дар шаҳрҳои Нурсултон, Оқтеппа ва Чимкент низ намоишҳо барои пуштибонӣ аз эътирози сокинони Жанаозен баргузор шуд. Се сокини пойтахти Қазоқистон Анна Шукеева, Алия Жакупова ва Калдихан Козибаева ба роҳе баромаданд, ки ба қароргоҳи президент мебарад. Онҳо дар даст навиштаҳои «Нест бод таҳоҷуми чинӣ», «Мо бо мардуми Жанаозен ҳамроҳ ҳастем» ва «Ман тарафдори сокинони Жанаозен ҳастам, ту чӣ?» доштанд.

Намоиши эътирозӣ дар шаҳри Нурсултон
Намоиши эътирозӣ дар шаҳри Нурсултон

«Мо медонем, ки дар Жанаозен чӣ мегузарад. Ба ин хотир мо барои ҳамрайъӣ баромадем, то намоиши сулҳомези онҳоро дастгирӣ кунем. Ҳеҷ кас намехоҳад, ки ҳодисаи моҳи декабри соли 2011 такрор шавад,» -- гуфт Алия Жакупова. Моҳи декабри соли 2011 пулис ба сӯи намоиши эътирозии кормандони соҳаи нафт оташ кушода буд.

Дар майдони Ордабаси шаҳри Чимкент як гуруҳ аз модарони серфарзанд ва нафақахӯрон ҷамъ шуданд, то аз намоиши эътирозии шаҳри Жанаозен дастгирӣ кунанд. Онҳо талаб карданд, ки ҳукумат маълумот дар бораи шартномаҳои қарзӣ бо Чинро нашр кунад.

«Ба мо корхонаҳои чинӣ чӣ зарур аст? Ҳоло садҳо нафар бекор гаштаанд. Бигзор худашон заводу фабрика созанд, ки мардум ҷойи кор пайдо кунанд,» -- гуфт нафақахӯр Тлеусел Илес.

Бо айни чунин талаб чанд сокини шаҳри Оқтеппа низ ба назди бинои ҳукумати вилоят бо навиштаҳое «Нест бод таҳоҷуми чинӣ» ва «Нест бод 55 заводи чинӣ» омаданд.

«Замини Қазоқистон замини ҳамаи мо аст, ин ояндаи мо аст. Барои ҳамин, мо низ муқобили бунёди корхонаҳои чинӣ дар замини Қазоқистон ҳастем», -- мегӯяд фаъоли маданӣ Алибек Молдин.

Руҳияи зиддичинӣ дар Қазоқистон

Баҳори соли 2016 иштирокдорони ҳамоишҳои ба истилоҳ «заминӣ» дар Қазоқистон ошкоро нигаронии худро изҳор медоштанд, ки ислоҳоти Кодекси заминро қабул надоранд. Тағйирот ба Кодекси замини Қазоқистон фурӯши қитъаҳои замини кишоварзӣ ва иҷораи дарозмуддати онро ба хориҷиҳо иҷозат медод. Норозиёни ин кор мегӯянд, чунин тасмим метавонад ба ин натиҷа оварад, ки заминҳои корам ба дасти шарҳрвандони хориҷӣ гузарад.

Рӯзи 18-уми августи имсол сокини шаҳри Нурсултон Аскар Кайирбек низ бо шиори "55 корхона ба Чин баргардонида шавад!" тазоҳуроти инфиродӣ баргузор кард.

Президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев моҳи апрели соли 2019 дар суҳбат бо расонаҳои чинӣ гуфт, аз 55 тарҳи муштараки бузург, иҷрои 15 корхона оғоз шуда, 10 корхонан имсол ба истифода дода мешаванд.

Чин чаҳорумин сармоягузор ва севумин қарздиҳандаи бузурги Қазоқистон аст. Қазоқистон дар навбати худ барои Чин манбаи ашёи хом, бозори фурӯши маҳсулот ва минтақаи транзитӣ мебошад. Пекин имсол ба Нурсултон 2 миллиарду 62 миллион юан додааст. Қазоқистон дар ҳоли ҳозир аз Чин беш аз 12 миллиард доллар қарздор аст.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG