Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эштон дар Душанбе. Аз баҳси энержӣ то мушкили "Ампаро"


Дидори Кетрин Эштон бо Эмомалӣ Раҳмон. Душанбе, 29-уми ноябр
Дидори Кетрин Эштон бо Эмомалӣ Раҳмон. Душанбе, 29-уми ноябр

Раҳбари идораи сиёсати хориҷӣ ва амнияти Иттиҳодияи Аврупо бо раисиҷумҳури Тоҷикистон мулоқот кард.

Мулоқоти Кэтрин Эштон, намояндаи олии Иттиҳодияи Аврупо дар умури хориҷӣ, бо Эмомалӣ Раҳмон -- раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои як созишномаи 16 миллион евроӣ ба поён расид.

Ин маблағро Иттиҳодияи Аврупо барои рушди соҳаи кишоварзии Тоҷикистон тахсис додааст. Аммо тавре аз суханронии хонум Эштон дар поёни мулоқот бармеояд, дар ин дидору гуфтугӯ масоили муҳимтар аз соҳаи кишоварзӣ матраҳ шудаанд. Аз ҷумла, масъалаи Афғонистон, муҳтоҷии Тоҷикистон ба энержӣ, таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва сарнавишти созмони мамнӯъшудаи "Ампаро".

Кэтрин Эштон, намояндаи олии Иттиҳодияи Аврупо, ки бори аввал ба Тоҷикистон сафар кардааст, ба хабарнигорон гуфт: "Иттиҳодияи Аврупо хуб мефаҳмад, ки Тоҷикистон ба камбуди шадиди энержӣ мувоҷеҳ аст. Мо ба хотири рафъи чунин камбудиҳо зарурати ҳамкории кишварҳои минтақаро таъкид мекунем ва Иттиҳодияи Аврупо омода аст барои дарёфти роҳҳали самарабахши ҳалли ин мушкил ва ҳам роҳҳои алтернативии таъмини энержӣ кӯмак кунад. Мо ва раисиҷумҳур сари ин нукта иттифоқи назар доштем, ки дар ин арса ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ хеле муҳим аст."

Кэтрин Эштон ҳамчунин аз пуштибонии Иттиҳодияи Аврупо ба ислоҳоти сиёсӣ дар Тоҷикистон таъкид карда ва гуфт, волоияти қонун, риояи ҳуқуқи инсон, доштани як ҷомеаи қавии шаҳрвандӣ на фақат мурооти ҳуқуқу озодии инсонҳо, балки мусоидат ба афзоиши вуруди сармоягузориҳои хориҷӣ ба кишвар буда метавонад. Вай нақши созмонҳое, ба монанди Созмони ҳуқуқшиносони ҷавон "Ампаро" ва созмони байналмилалии "International Alert"-ро дар ин амр муҳим хонд.

Дар ин сатҳи баланд матраҳ шудани масъалаи созмони мамнӯъшудаи “Ампаро” далели ҷой доштани як баҳси ошкору боз дар байни раисиҷумҳури Тоҷикистон ва хонум Эштон буд. Додгоҳи вилояти Суғди Тоҷикистон 24-уми октябри соли равон фаъолияти Созмони ҳуқуқшиносони ҷавон – "Ампаро"-ро манъ карда буд. "International Alert" ҳам як созмони хориҷӣ буд, ки бо интиқоли донишҷӯён барои таҳсил ба хориҷа машғул буд, аммо мақомоти Тоҷикистон ба он иҷозаи фаъолият дар Тоҷикистонро надода буданд.

Таъкиди Кэтрин Эштон ба ислоҳоти сиёсӣ, аз нигоҳи коршиносон, як гуна нороҳатиҳои Иттиҳодияи Аврупоро аз тағйир нахӯрдани ҳукумат ва кундии раванди демократӣ дар Тоҷикистон баён мекунад. Тасодуф буд ё не, дар фосилаи се рӯз аз сафари Кэтрин Эштон ба Тоҷикистон шабакаи иҷтимоии Фейсбук баста шуд ва ин тасмим боиси танқиди Тоҷикистон аз тарафи кормабарандагони ин шабака шуд.

Кетрин Эштон дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:27 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG