Мақомоти давлатӣ дар Афғонистон гуфтанд, ки бар асари ҳамлаи интиҳорӣ дар як маркази таълимӣ дар маҳаллаи шианишини Кобул, 48 нафар кушта шуданд, ки аксари онҳо донишомӯзон ҳастанд.
Шахси ҳамлавар баъд аз зӯҳри чаҳоршанбеи 15-уми август ба мактаби хусусии "Маҳдии мавъуд" дар минтақаи Дашти Барчии Кобул рафт ва маводи таркандаро дар дохили як синфхонаи калони пур аз донишомӯз, инфиҷор дод.
Дар ин мактаб духтарон ва писааон дар як синф канори ҳам дарс мехонданд. Ба гуфтаи масъулини ин мактаб, дар миёни кушташудаҳо, шумораи зиёде аз духтарон низ ҳастанд.
Ҳашматуллоҳ Станакзай, сухангӯи фармондеҳии амнияти Кобул ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфт, ки шахси ҳамлакунанда пои пиёда нахуст дохили ин маркази омӯзишӣ шуд ва худро тарконд. Ба гузориши хабаргузориҳо, дар яке аз синфхонаҳои ин маркази омӯзишӣ донишҷӯён барои таҳсилоти донишгоҳӣ омодагӣ медиданд.
Сухангӯи пулиси Кобул гуфтааст, "ҳудуди соати чаҳори баъд аз зуҳр як ҳамлавари интиҳорӣ маводеро, ки дар бадани худ баста буд, дохили маркази омӯзишии "Маҳдии мавъуд" мунфаҷир кард. Бар асари таркиш 48 нафар кушта ва 67 нафар маҷрӯҳ шуданд, ки аксари онҳо донишомӯзон ҳастанд".
Ин сухангӯи пулис таъкид кард, ки талафоти ин ҳамла мумкин аст афзоиш ёбад. Маълум нест, ҳангоми рух додани таркиш, чӣ теъдод аз донишомӯзон дар ин марказ буданд. Яке аз донишомӯзон, ки шоҳиди ҳамла буд, гуфт, дар вақти рӯй додани ҳодиса, ҳудуди сад нафар дар ин маркази омӯзишӣ буданд, вале мақомот ҳанӯз ин оморро таъйид накардаанд.
Дар ҳамин ҳол, дафтари раёсати ҷумҳури Афғонистон бо нашри эъломияе, ин ҳодисаро маҳкум намуда ва гуфтааст, ки "террористони ваҳшӣ бо ҳамла ба марказҳо фарҳангӣ ва омӯзишӣ, ба исбот расонданд, ки онҳо ҳеҷ арзише ба таълимоти ислом ва ҳидоятҳои ҳазрати Муҳаммад (сс), ки омӯхтани илмро ба ҳар зан ва мард фарз донистааст, қоил нестанд."
Ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо напазируфтааст. Ҳам гурӯҳи Толибон ва ҳам ДИИШ дар моҳҳои гузашта дар Кобул ҳамлаҳои муҳим ва пурталафоте анҷом додаанд, вале гурӯҳи Толибон ҳар гуна дахолат дар ҳамлаи рӯзи чаҳоршанбе ба маркази омӯзишии "Маҳдии мавъуд"-ро радд радд кардааст.
Гузориш шудааст, ки ҷасадҳои қурбониён ва захмиҳои ин ҳодиса ба бемористони наздики ҷои ҳодиса ва шифохонаҳои маркази шаҳри Кобул интиқол дода шудаанд. Дар ин мактаб духтарон ва писарон дар як синф канори ҳам дарс мехонданд. Ба гуфтаи масъулини ин мактаб, дар миёни кушташудаҳо, шумораи зиёде аз духтарон низ ҳастанд.
Ҳамлаи пурталафоти рӯзи чаҳоршанбе дар Кобул дар ҳолест, ки давоми чанд рӯзи ахир шаҳри Ғазнӣ дар маркази Афғонистон, шоҳиди ҷангҳои шадид буд. Ба гуфтаи мақомот, дар ҷангҳои чаҳоррӯзаи Ғазнӣ беш аз сад нерӯи амниятӣ ва даҳҳо ғайринизомӣ кушта шуданд. Субҳи чаҳоршанбе ҳамчунин дар вилояти Бағлон дар шимоли Афғонистон, дар ҳамлаи Толибон 30 сарбоз кушта шуданд.
Дар ин миён Комиссияи мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон рӯзи сешанбеи 14-уми август гуфт, ки дар ҷанги нӯҳ соли гузашта дар Афғонистон, 64 ҳазор нафар ғайринизомӣ кушта ё захмӣ шудаанд. Ин комиссия мегӯяд, ки 70 дарсади ин талафот ба асари ҳамлаҳои интиҳории Толибон ва дигар гурӯҳҳои мухолифи мусаллаҳ ба миён омадааст.