Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷудокори тоҷик мунтахаби Русияро тарк кард


Маҳмадбек Маҳмадбеков. Акс аз Инстаграм
Маҳмадбек Маҳмадбеков. Акс аз Инстаграм

Маҳмадбек Маҳмадбеков, ҷудокори тоҷик Русияро тарк карда, минбаъд аз номи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ баромад мекунад.

Маҳмадбеков 31-уми август дар саҳифааш дар Инстаграм навишт, қабул кардани ин тасмим барояш осон набуд, аммо барои иҷрои ҳадафҳояш маҷбур шуд ба ин роҳ равад.

Ин ҷудокори 24-солаи тоҷик зодаи шаҳри Иркутски Русия буда, дар ҳамонҷо тамрин мекард.

Маҳмадбеков аз ҷудокорони шинохтаи вазни то 73 кило аст, ки дар сабқатҳои “Гранд слам” 4 нишони тило ва 3 биринҷӣ гирифтааст.

Бо сабаби таҳрим шудани варзишгарони Русия аз сӯи Кумитаи байнулмилалии Олимпӣ, Маҳмадбек Маҳмадбеков натавонист дар Олимпиадаи Порис ширкат кунад. Ин ҷудокор дар паёми хайрбодиаш ба тими Русия дар ин бора чизе нагуфтааст.

Маҳмадбек хешованди паҳлавони маъруф Сомон Маҳмадбеков, барандаи медалҳои биринҷии қаҳрамонии ҷаҳон ва Бозиҳои олимпии Порис-2024 дар риштаи ҷудо дар вазни то 81 кило мебошад.

Ҳарду нахуст дар шаҳри Иркутски Русия зери раҳбарии бародарон Фотеҳ ва Эргаш Маҳмадбековҳо тамрин мекарданд.

XS
SM
MD
LG