Ду хабарнигори шабакаи телевизионии WDBJ7 ҳангоми гузориш аз ҷойи ҳодиса дар аёлати Вирҷиния, воқеъ дар шарқи ИМА, кушта шуданд. Ба иттилои масъулини шабакаи телевизионӣ, хабарнигорон Элисон Паркер ва Адам Уорд субҳи рӯзи 26 август ҳангоми сӯҳбати зинда дар минтақаи Бедфорд мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Ин ҳодиса дар дохили як маркази тиҷоратӣ ҳангоми мусоҳиба бо як масъули маркази тиҷоратӣ рух дод. Дар навори видеоие, ки ба Интернет роҳ ёфт, дидан мумкин аст, ки ҳангоми сӯҳбати Элисон Паркер бо як зан садои батакрори тир шунида мешавад, занҳо аз тарс садо баланд мекунанд. Камераи наворбардорӣ дар ниҳоят ба замин меафтад.
Хонуме, ки дар ин мусоҳиба иштирок мекард, ҳамчунин маҷрӯҳ шуда, бо ҳолати сангин ба бемористон интиқол ёфт, вале ҷароҳатҳои ӯро безарар арзёбӣ мекунанд. Қотили эҳтимолии журналистони телевизиони WDBJ – собиқ корманди ин шабака Вестер Фланаган аст, ки гӯё дар ин бора паёме ба шабакаҳои иҷтимоӣ ирсол кардааст. Гуфта мешавад, ки худи ӯ ба ҳангоми содир кардани куштор ин саҳнаҳоро ба телефони мобили худ сабт карда ва тавонистааст пеш аз маргаш он сабтҳоро паҳн кунад.
Чанд соат баъди ин ҳодиса, вақте полис мошини ӯро дар як шоҳроҳе таъқиб мекард, Фланаган ба худ тир холӣ кард ва баъди муддате дар бемористон ҷон дод. Телевизиони ABC News гузориш дод, ки номае тавассути факс дастрас кардааст, ки эҳтимолан фиристандаи он ҳам Фланаган буд. Дар ин нома гуфта мешавад, ки ин марди сиёҳпӯст талош кардааст қасди куштори ҷамъии имсола дар Чарлстонро бигирад. Дар ҳодисаи моҳи июн як марди сафедпӯсте вориди як калисои амрикоиҳои африқоитабор шуда, нӯҳ нафарро аз тири силоҳ ба қатл расонд.
Баъзе расонаҳои ғарбӣ менависанд, ки Вестер Фланаган соли 2013 аз телевизиони WDBJ ронда шуд. Гӯё ӯ аз муносибати бади ҳамкорон шикоят дошт, як шахси аз зиндагӣ норозӣ ва афсурда буд. Дар робита бо куштори журналистон президент Барак Обама шадидан изҳори нигаронӣ карда гуфт, ки ин натиҷаи осон будани дастрасӣ ба силоҳ дар Амрикост. Талошҳои ӯ ва аъзои дигари ҳизби демократ барои манъ ё маҳдуд кардани дастрасӣ ба силоҳ дар ИМА натиҷа надодааст. Мақомот дар Амрико эътироф мекунанд, ки дар ин кишвар ҳар сол шумори қурбониёни кушторҳо аз силоҳи озод бештар назар ба қурбониҳои терроризм будааст.
Элион Паркер 24 ва Адам Ворд 27 сол доштанд.