Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Журналисте, ки Путинро таҳқир кард, муваққатан барканор шуд


 Георгий Габуния
Георгий Габуния

Телевизиони оппозитсионии Rustavi-2 ба мӯҳлати ду моҳ журналисти гурҷӣ Георгий Габунияро дар робита бо таҳқири президенти Русия Владимир Путин аз кор барканор кард.

Дар вокуниш ба талаби садҳо эътирозгари норозӣ аз ҳамлаҳои қабеҳи журналист ба президенти Русия, рӯзи 8 июл шабакаи телевизионии Rustavi-2 барои шаш соат фаъолияташро боздошт.

Президенти Гурҷистон Саломе Зурабишвилӣ ин ҳодисаро “як амали таҳрикомез” ба забони русӣ номид. Муҷрии барномаи Postscript Георгий Габуния дар як муроҷиати телевизиониаш ба Путин, ки ба таври зинда пахш шуд, дар фосилаи беш аз як дақиқа ба номи президенти Русия дашномҳои қабеҳ ба забон овард. Кори ин журналистро инчунин шаҳрдори Тифлис Кахи Каладзе ва вазорати умури хориҷаи Русия маҳкум карданд.

Габуния дар нутқаш Путинро “як ишғолгари бӯйнок” номид ва дар забонаш ба падару модари даргузаштаи Путин ҳам дашномҳо дод. Изҳороти Габуния зидди Путин дар марҳилаи бисёр пуршиддат дар равобити миёни Русияву Гурҷистон садо дод. Баъди ҷанги панҷрӯзаи миёни Русия ва Гурҷистон, ки августи соли 2008 рӯй дод, ҳоло муносибатҳои ду ҷониб дубора вориди бӯҳрони сиёсӣ шудааст.

Нахуствазири Гурҷистон Мамука Бахтадзе кори Габунияро «як амали таҳрикомези бад ва талоши ба ҳам задани вазъият дар Гурҷистон номид”. Бахтадзе ин амали журналистро “ғайри қобили қабул” хонд. Созмони журналистони Гурҷистон кори Габунияро “рафтори ғайриахлоқӣ” номид, ки боиси коста шудани эътимод ва эҳтироми ҷомеа ба журналистон мешавад.

Ин амали журналист боиси тазоҳуроти бештари мардуми маҳаллӣ шуд. Сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков гуфт, “он чи ки рух дод, барои Гурҷистон як шармандагӣ аст”. Песков гуфт, ки ҳодисаи рухдода баёнгари он аст, ки давлат барои решакан кардани ақидаи ифротӣ омода нест.

Вазорати хориҷаи Русия амали Габунияро “ғайри қобили қабул” ва “бесобиқа” номид. Вазорати хориҷа гуфт, ки ин амалро ҳамчун як ҳамали нирӯҳои ифротӣ ба хотири ба ҳам задани муносибатҳои Русияву Гурҷистон арзёбӣ мекунад.

Эътирозҳо дар Гурҷистон 21 июл шурӯъ шуданд:

Эътирози мухолифини ҳукумати Гурҷистон 9 шаб идома дорад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:01 0:00



Манъи парвозҳо

Вазорати хориҷаи Русия инчунин аз мақомоти гурҷӣ ситоиш кард, ки, ба гуфтаи онҳо, аз афроди таҳриккор фосила гирифта рафтори онҳоро маҳкум кардааст.

Дар изҳорот инчунин омадааст: “Мо шоҳиди нороҳатии одилонаи ҷомеаи Гурҷистон аз ин ҳодиса шудем”.

Раиси кулли телевизиони Rustavi-2 Ника Гварамиа гуфт, ки тасмим гирифт баъди он ки чанд журналисту наворбардори ин телевизиони 24-соата мавриди ҳамлаи эътирозгарон қарор гирифтанд, барои муддате кори шабакаро боздорад. Телевизион аз соати 2 шаб то 8 субҳи 8 июл кор накард. Эътирозгарон истеъфои ҳам Гварамиа ва ҳам Габунияро талаб карданд.

Изҳороти Габуния чанд соат пеш аз татбиқ шудани қарори Путин дар бораи манъи парвозҳои миёни Русия ва Гурҷистон садо дод. Ин қарор аз 8 июл ба иҷро даромад.

Таҳлилгарони гурҷӣ мегӯянд, ки манъи парвозҳо ба иқтисоди Гурҷистон 300 миллион доллар зиён ворид мекунад. Қарори манъи парвозҳоро Путин рӯзи 21 июн дар посух ба эътирозҳои зидди Русия дар Тифлис имзо кард.

Эътирозҳо замоне сар зад, ки як узви Думаи давлатии Русия дар курсии раиси парлумони Гурҷистон нишаст ва аз ҳамин минбар ба ширкатдорони конфронси кишварҳои ғолибан провославӣ муроҷиат намуд. Дар натиҷаи бархӯрди эътирозгарон бо полис, ки нагузошт издиҳоми мардум ба парлумон ворид шавад, 240 нафар маҷрӯҳ шуд. Полис барои истифода аз тирҳои резинӣ мавриди интиқод қарор гирифт.

Издиҳоми эътирозгарон бо талаби сабукдӯш шудани вазири умури дохилии кишвар Гиорги Гахариа даст ба намоишҳо заданд ва то ҳол аз майдони назди парлумон дур намешаванд.


Баъди тахминан 11 соли аз ҷониби Русия ғасб шудани манотиқи ҷудоиталаби Абхозистон ва Осетияи Ҷанубӣ, бисёриҳо дар Гурҷистон аз ин амали Русия ба таври ошкоро ба хашм меоянд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG