Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манъи таҳсили якҷояи писару духтар ва Қуръонхонии ҳатмӣ


Мотосиклсаворӣ дар Индонезӣ
Мотосиклсаворӣ дар Индонезӣ

Вилояти шимолии Ачеи Индонезӣ қонунеро баровард, ки бино бар он таҳсили якҷояи писарону духтарон дар мактабҳо манъ мешавад. Тарҳи нав қарор аст, якҷоя савори мотосикл шудани марду занро манъ намояд.

Вилояти шимолии Ачеи Индонезӣ қонунеро баровард, ки бино бар он таҳсили якҷояи писарону духтарон дар мактабҳо манъ мешавад. Тарҳи нав қарор аст, якҷоя савори мотосикл шудани марду занро манъ намояд.

Бино бар қонуни нави вилояти Ачеи Шимолии Индонезӣ, ки асосан мусулмоннишин аст, аз ин ба баъд дарсхонии муштараки духтарон ва писарон дар мактаб мамнӯъ хоҳад буд. Ҳоло вакилони порлумони ин вилоят тарҳи наверо омода мекунанд, ки мотосиклсавории якҷояи занону мардонро манъ мекунад.

Аче ягона вилояти Индонезист, ки талош дорад, бино бар қонунҳои шариати исломӣ амал кунад. Ислоҳоте, ки дар ин минтақа ҷараён дорад, онро аз ҳамаи қисматҳои дигари кишвар ҷудо мекунад. Дар ин ҷо ҳафтаи гузашта қонуни омода шуд, ки мутолиаи ҳаршабаи Қуръон, китоби муқаддаси мусалмононро ҳатмӣ мекунад. Ҳоло ин қонун бояд аз тарафи ҳукумати вилоят ба тасвиб расад.

Фавзон Ҳамза, яке аз аъзои маҷлиси вилоятии Аче ба хабарнигори Ройтерз гуфтааст, қонуни таҳсили ҷудогонаи писарону духтарон чизи наве нест, “айнан мисли он ҳолатест, ки феълан дар мактабҳои анъанавии исломӣ ба амал меояд.” Акнун ин муқаррарот дар ҳамаи мактабҳо ҷорӣ хоҳад гашт. “Ман умедворам, ки ин сиёсат на танҳо дар Ачеи Шимолӣ, балки сартосари вилоят ҷорӣ хоҳад гашт,” – мегӯяд Ҳамза.

Ин вакили маҷлис хабар дод, ки акнун порлумон ба баррасии тарҳе шурӯъ мекунад, ки бояд ҳамсавории зану мардро дар мотосиклҳо манъ намояд. Ҳамза меафзояд: “Ман бовар дорам, ки дар ин масъала мушкиле пеш нахоҳад омад, зеро аксарияти мардум аз ин тарҳ пуштибонӣ мекунанд.”

Мотосикл яке аз машҳуртарин воситаҳои ҳаракат дар Индонезист ва мушкили миллионҳо нафарро ҳал мекунад. Дар Аче одатан мардҳо мотосиклронӣ мекунанд ва занон дар ақиби зин менишинанд.

Қонунгузорон дар соли 2013 ду пой дар ду тарафи мотосикл нишастани занонро манъ карда, талаб доштанд, ки занон дар зини мотосикл яктараф биншинанд. Ин қонун ҳукми иҷро гирифт, аммо хеле кам иттифоқ меафтад, ки зане ё мотосиклроне барои “тарзи нишасти ғайриқонунӣ” ҷазо гирифта бошад.

Порлумони Аче ҳамчунин дар моҳи октябри соли гузашта қонуни зидди ҳамҷинсгароиро ба тасвиб расонд, ки бино бар он афроде, ки бо чунин ҷурм боздошт мешаванд, 100 зарбаи калтак ҷазо мегиранд.

Ҳукумати Индонезӣ дар чаҳорчӯби созишномаи сулҳи соли 2005, ки ба ҷунбиши сисолаи ҷудоихоҳии Аче хотима гузошт, розӣ шуд, ки дар ин вилоят қонуни шариати исломӣ ҷорӣ гардад.

XS
SM
MD
LG