Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

RWB: Давои терроризм демократия аст, на саркӯб


Созмони “Гузоришгарони бидуни марз” ба ҳукумати Тоҷикистон машварат медиҳад, ки стратегияи мубориза бо терроризмро тағйир дода, дар ҷомеа фазои бозу шаффоф ва бидуни фишорро ба роҳ монад.

Созмони "Гузоришгарони бидуни марз" (Reporters Without Borders), қароргоҳаш дар Порис, дар арзёбии наваш аз озодии матбуот дар ҷаҳон дар соли 2016, вазъи матбуоти Тоҷикистонро "дар ҳолати як рукуди хатарнок" тасвир кардааст. “Шохиси озодии матбуот”, ки рӯзи 20 апрел аз ҷониби ин созмон пахш шуд, мегӯяд, “тамоюлҳо ба самти худкомагӣ оштии милии шиканандаро, ки дар хокистари ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 бунёд шудааст, таҳдид мекунад”. ​ Дар шохис ё индекси нави озодии матбуот мақоми Тоҷикистон дар соли 2016 шадидан, яъне 34 зина поин рафта, дар ҷои 150-ум қарор гирифтааст.

RWB:"Даво аз терроризм демократия аст, на саркӯб!"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:31 0:00

Дар як сӯҳбат аз Париж Йоҳанн Бир, масъули масоили Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ дар созмони “Гузоришгарони бидуни марз” хулосаҳои муҳими ин гузоришро дар робита бо Тоҷикистон ироа кард:

Йоҳанн Бир: Дар ҳақиқат, Тоҷикистон ҳоло дар миёни 180 кишвар дар мақоми 150-уми шохиси озодии матбуот қарор гирифт ва 34 зина поин рафт. Ин суқути ҷиддитарин дар шохиси нав аст. Ин натиҷаи вазъи бади кишвар дар як соли охир аст. Мо хатарҳои амниятии мавҷуда болои ин кишвар, аз ҷумла таҳдиди афзояндаи гурӯҳи “Давлати исломӣ” ва ҳам Толибонро бахубӣ дарк мекунем. Вале аз сӯи дигар, мусаллам аст, ки мақомот ва ҳукумат афзоиши ин таҳдидҳоро барои саркӯби мухолифони сиёсӣ ва ҳам матбуоти мустақил истифода мекунанд. Даъвати журналистон ба идораи полис барои сӯҳбатҳои муқаддамотӣ дар бораи мақолаҳо, ҳушдори матбуот бо талаби риояи қонун дар бораи экстремизм, инчунин шантаж ва ҳам сабтҳои пинҳонӣ, аз ҷумла сабти равобити ҷинсии онҳо аз шумули ин навъи фишорҳо мебошанд. Инчунин чанд ҳодисаи дигари алании маҳдудият дар кори журналистон, назири масдудияти дастрасӣ ба Интернет, ки хусусияти доимӣ касб кардааст, намунаи ин фишорҳо мебошад. Хабаргузориҳои интернетӣ ҳам ҳар чи бештар масдуд мешаванд. Набояд инчунин аз сарнавишти журналист Аминҷон Гулмуродзода фаромӯш кунем, ки ба ду соли зиндон маҳкум шуд. Ҳоло шароити кори журналистиками мустақил хеле сахт шудааст. Мутаассифона, мо ба ҳамин хулоса меоем, ки чунин саркӯбҳо шиддатро дар фазои кишвар бештар мекунад.

Радиои Озодӣ: Паёмадҳои ин вазъ, ба назари шумо, дар оянда чӣ буда метавонад?

Йоҳанн Бир: Мутаассифона, вазъи матбуот ба шароити куллии сиёсии кишвар сахт вобаста аст. Фаромӯш накунем, ки Тоҷикистон ҳанӯз чанд соли пеш дар ҳолати ҷанг буд. Созиши ҳосилшуда муколамаи бозро миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа тақозо мекунад. Ҳоло хеле муҳим аст, ки ҳамин созиш дар амал татбиқ шавад. Вақте шумо ҷомеаро аз назари сиёсӣ тақсим мекунед ва ё фазои баҳси сиёсиро маҳдуд мекунед, пас танҳо ноумедиву танишро бештар мекунед ва барои кишваре мисли Тоҷикистон, паёмадҳои он хеле ҷиддӣ хоҳанд буд. Мо ба ҳеҷ сурат касеро шантаж ва тарсониданӣ нестем, вале мо гуфтанием, ки ин вазъ хеле ҷиддӣ аст. Манзур танҳо матбуоти озод нест, бале дар маҷмӯъ вазъи сиёсии кишвар аст. Бо басташавии ҳизбҳои аслии сиёсӣ гуногунандешии сиёсӣ комилан аз байн рафт. Президент Раҳмон ва атрофиёнаш, бо раъйпурсии қарибулвуқӯъ ва мақомҳои ба духтараш додааш ҳалқаи фишорро тангтар мекунад. Поинравии мавқеи Тоҷикистон дар шохиси озодии матбуот паёмади табиии сиёсати яккаҳукмронӣ дар кишвар аст.

Радиои Озодӣ: Машваратҳои шумо ба ҳукумати Тоҷикистон дар заминаи ин нигарониҳо чист?

Йоҳанн Бир: Машварати мо ба ҳукумати Тоҷикистон ин аст, ки шеваи мубориза бо терроризмро тағйир диҳад ва болои таҳдидҳои воқеии амниятӣ ва чолишҳои сиёсӣ бештар тамаркуз кунад. Силоҳи беҳтарини мубориза бо таҳдидҳои экстремистиву “Давлати исломӣ” доштани як ҳукумати демократӣ аст. Бояд ҳама гурӯҳҳои ҷамъиятӣ имкони ширкат дар баҳсҳои сиёсиро дошта бошанд, то ки ҳарфи онҳо шунида шавад. Ин аст машварати мо. Агар мушаххастар гӯем, бояд зиндониҳои сиёсӣ, аз ҷумла журналист Аминҷон Гулмуродзода озод шаванд. Даст аз фишори матбуоти ҳам интернетӣ ва ҳам суннатӣ даст кашанд, ҳушдор ба матбуоте, ки бо пӯшиши масоили ҳассос машғул аст, хотима дода шавад, ҳангоми пеш омадани чолишҳои амниятӣ, аз бастани расонаҳои хабаррасон ва воситаҳои дигари муоширан даст кашанд. Ва ниҳоят бояд бо журналистон ва матбуоти мустақил вориди муколамаи боз шаванд, хуб аст, ки матбуоти мустақил ҳанӯз ҳам вуҷуд дорад ва талош мекунад муқовимат кунад. Мутаассифона, як тамоюли наве, ки мо ба ҳангоми таҳияи гузориши нави худ дидем, ин аст, ки соли 2015 шумори журналистоне, ки аз кишвар фирор кардаанд, афзоиш ёфтааст.

Радиои Озодӣ: Шумо шумори дақиқи журналистонеро гуфта метавонед, ки кишварро тарк кардаанд?

Йоҳанн Бир: На, мо танҳо дар бораи онҳое гуфта метавонем, ки ба созмони мо муроҷиат кардаанд. Онҳое ҳам ҳастанд, ки ба созмонҳои дигар муроҷиат кардаанд, аз ин рӯ, шумори дақиқи онҳоро гуфтан душвор аст. Вале танҳо ба созмони мо дар соли 2015 5 журналисти аз Тоҷикистон фироркарда муроҷиат карданд, ки ин шумори зиёд аст.

XS
SM
MD
LG