Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӣ шудан беҳтар -- cохтмончӣ ва ё муаллим? (ВИДЕО)


Тибқи иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон афроде, ки ба меҳнати ҷисмонӣ машғуланд, аз намояндагони меҳнатӣ зеҳнӣ бештар маош мегиранд.

Ҷавонони тоҷик бештар касбҳое бартарӣ медиҳанд, ки барои онҳо обрӯ ва пул биёранд. Мисли касби ҳуқушиносӣ ва донандаи соҳаи иқтисод. Аммо таҳсил дар ин ду ришта харҷҳои ҳангуфт дорад ва зӯри ҳама ба онҳо намерасад. Аз сӯи дигар бозори меҳнат дар Тоҷикистон ин воқеъиятро ошкор кардааст, ки ҳоло бештар афроди соҳибҳунар, мисли кафшергару ошпаз ва устои обу корез қадру нуфуз дорад. Бозори меҳнат афродеро, ки ба меҳнати зеҳнӣ машғуланд хеле камтар қадр мекунад ва онҳо маоши ба маротиб камтар мегиранд.

Саъдӣ Восиев, сантехник ва ё устои обу корез аст ва 17 сол дорад. Ӯ рисқу рӯзияшро аз рӯи ҳамин касб пайдо мекунад ва даҳҳо муштарӣ дар рӯз ба телефони мобили ӯ занг мезананд ва кор пешниҳод мекунанд.. Саъдӣ аз синфи 9-ум мактаби миёнаро тарк кард ва ба омӯзишгоҳи касбӣ шомил шуд. Азбаски бачаи баҳуш буд, зуд касбро аз худ ва аввалин муштариҳояшро пайдо кард. Ӯ мегӯяд, аз ин касбаш даромади хуб ба даст меорад ва мисли дигар ҳамсолонаш боре ҳам ба муҳоҷират нарафтааст, зеро ба ин ҳоҷате нест: “Пуле, ки кор мекунам ба зиндагиям мерасад, шукри Худо. Ҳар моҳ аз ду то дувуним ҳазор сомонӣ пул кор мекунам. Баъзан вақт назди ман меоянд баъзе бачаҳо кор кофта. Баъзеяшон илми олӣ (диплом) ҳам доранд. Аммо чун касбе надоранд, танҳо корҳои сиёҳро иҷро карда метавонад.”

Саъдӣ мегӯяд, ба бародаронаш низ машварат додааст, ки касб ё ҳунареро аз бар кунад, ки ба дарди худу оилаҳояшон бихӯрад. Ӯ мегӯяд, барои афроди ҳунарманд дар дохили кишвар низ кор бисёр аст.

Оҷонсии омори Тоҷикистон мегӯяд, афроде, ки ба меҳнати ҷисмонӣ машғуланд аз намояндагони меҳнатӣ зеҳнӣ бештар маош мегиранд.
Ба иттилои ин оҷонсӣ маоши кормандони соҳаи сохтмон масалан, онҳое, ки дар Душанбе ва дигар гӯшаҳои кишвар хонаҳои баландошёнаву, роҳу дигар зербунёдҳоро месозанд ва ё таъмир мекунанд, 1800 сомонӣ ва ё тақрибан 400 доллар аст. Баъд аз сохтмончиён кормандони саноати маъданҳои кӯҳӣ 1500 сомонӣ ва кормандони арсаи таъмини нерӯи барқу газ ва таъминоти об 1200 сомонӣ маош мегиранд.

Кадом касбҳо дар Тоҷикистон "хушпул"-таранд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:03 0:00

Вале намояндагони касбҳои зеҳнӣ мисли омӯзгор ва ё духтур, ба маротиб камтар аз намояндагони касбҳои ҷисмонӣ маош мегиранд. Музди моҳонаи миёнаи омӯзгорон ва умуман кормандони маориф тайи соли охир ба 700 сомонӣ расид, ки 200 доллари амрикоӣ ҳам нест. Аз ҳама музди моҳонаи миёнаи кам дар Тоҷикистонро ҳоло моҳипарварону кишоварзону ҷангалпарварон мегиранд: аввалӣ 300 сомонӣ ва аз дуввумӣ 250 сомониро ташкил медиҳад, ки музди ҳатмии ҳадди аққал дар Тоҷикистон аст.

Сайфуддин Гулаҳмадов, як омӯзгори ҷавон аз мактаби № 55 ноҳияи Варзоб мегӯяд, ки дӯстону ҳамсабақони мактабиаш аз ӯ зиёд мепурсанд, ки чаро ҳуқуқшинос ва ё иқтисоддон нашуд, то ҷои кори хубе пайдо мекарду маоши зиёдтар мегирифт. Аммо Сайфуддин Гулмадов мегӯяд, вай аз хурдӣ орзуи муаллим шуданро дошт ва аз соли 2001-ум бад ин сӯ аз рӯи ин пеша ризқу рӯзияшро меёбад. Вай афзуд: “Пеш аз ҳама вақте, ки аз ман чунин суол мекунанд, мегӯям пуле ки ман аз рӯи пешаам меёбам, пули ҳалол аст. Дуввум ин, ки ман аз рӯи ҳамин ихтисос дар донишгоҳ таҳсил кардаам. Агар ман фаъолият накунам, пас чаро донишгоҳ хондам? Фаразан, ман муаллимӣ накунам, каси дигар накунад, пас кӣ дарс мегӯяд ба фарзандон?”

Гулаҳмадов мегӯяд, натиҷаи корӣ на ҳама касбҳоро мешавад танҳо бо тарозу даромаднокӣ чен кард. Барои мисол, вай бо муваффақияти шогирдонаш, ки баъзеашон дар донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ таҳсил карданд, мефахрад ва онҳо низ ӯро эҳтиром мекунанд. Гулаҳмадов мегӯяд, вайро аҳли деҳае, ки дар онҷо муаллим шуда кор мекунад мешинсозанду эҳтиром мекунад ва ҳамин гуна ҷанбаҳои кораш ӯро водор мекунад, ки пешаи омӯзгориро тарк накунад.

Аммо суоли матраҳ ин аст, ки дар ҷомае, ки олим аз кафшергару харрот ва бетонрез камтар маош мегирад, пешрафту тараққиёт имконпазир аст? Шодибой Атоев, корманди Академияи илмҳои Тоҷикистон мегӯяд, дар ҷомеае, ки заҳмати фикрӣ аз меҳнатӣ ҷисмонӣ дида камтар қадр мешавад, пешрафтро дар он ҷо интизор шудан мушкил аст.

Вай мегӯяд: “мо соҳаи маорифро аз самтҳои стратегӣ ва муҳими давлатамон эълон кардем. Аммо кормандони соҳаи маориф ва илм маоши ночиз мегиранд. Бе сармоягузорӣ илму маориф пеш намеравад. Мисоли равшани он Ҷопон ва Афғонистон аст, ки ҳарду ҳам соли 1919 истиқлолият ба даст оварданд. Яке ба маориф рӯй оварду ба ин натиҷаҳо расид ва дигарӣ беаҳмиятӣ карду ба ин аҳвол гирифтор шуд”.

Ҷаноби Атоев, ки худ номзади илмҳои фалсафа асту дар Академияи улум ҳамчун ходими илмӣ кор мекунад, ҳамагӣ 800 сомонӣ маош мегирад.

XS
SM
MD
LG