Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хонаи яҳудиёни бухороиро кӣ оташ зад?


Дар маҳаллаи яҳудиёни бухороӣ дар Ню-Йорк 8 манзили мунтазири бӯрёкӯбон ба коми оташ рафтааст. Мардум ва мақомот барои боздошти омилони ин ҳодиса 62 000 доллар ҷоиза ваъда кардаанд.

Тайи ҳафтаҳои охир як ё чанд нафари ношинос ҳашт манзили наву боҳашамти яҳудиёни бухороиро дар минтақаи Форест-Ҳили шаҳраки Квинси Ню-Йорк оташ задаанд. Рафаэл Некталов, яке аз фаъолони ҷамоаи яҳудиёни бухороии Амрико ва сардабири ҳафтаномаи “Бухариан Таймс”, 16 декабр ба Озодӣ гуфт, ки ин хонаҳои навбунёд мунтазири бӯрёкӯбон буданд.

Ба қавли ӯ, то ҳол ҳадафи омилони ин хонасӯзиҳо ошкор нашудааст ва касе ҳам дақиқ нагуфтаааст, ки сарчашмаи ин ҷиноят оё нафрати шахсӣ аст, табъизи динӣ, мухолифат ба завқи сокинони маҳалла ё чизи дигар? Вале Некталов афзуд, фаъолони ҷамоаи яҳудиёни бухороӣ дар ҳамкорӣ бо пулиси Ню-Йорк гурӯҳҳои худҳимоя ташкил намуда, шомгоҳон маҳалли зисташон дар шаҳраки Квинсро посбонӣ мекунанд.

Яҳудиёни бухороӣ дар солҳои 70, 80 ва 90-уми қарни гузашта аз Осиёи Марказӣ ба Амрико кӯч баста, аксаран дар ҷануби шаҳраки Квинси Ню-Йорк канори ҳам ба сар мебаранд. Бахши бузурги онҳо дар макони нави зист соҳиби кору тиҷорати сердаромад шуда, хонаҳои боҳашамату зиндагии осуда доранд.

Афсари идораи маҳаллии пулис Вилям Братон ба хабарнигорон гуфт, ки зоҳиран ин амали террористӣ нест. Шаҳрдории Квинс низ барои маълумот дар бораи масъули сӯхтор 12 ҳазор доллар ҷоиза ваъда додааст. Ҷамоаи яҳудиёни бухорӣ ба ин ҷоиза 50 ҳазор доллари дигар зам карда, умед доранд, ки омилони ин хонасӯзиҳо ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.

Рафаэл Некталов мегӯяд, ки дурбинҳои сокинони маҳалла ҳангоми сӯхтор равуои як фардеро ба навор гирифтаанд, ки симои худро пинҳон мекунад. Ӯ меафзояд, шояд ин як нафари мутаассиб бошад, ки аз фарҳангу тарзи зиндагии яҳудиёни бухороӣ нороҳат аст.

Сардабири нашрияи “Бухариан Таймс” ба хотир меорад, ки соли 2008-ум як рӯзноманигори маҳаллӣ дар бораи биноҳои бодабдабаи ҷамоаи яҳудиёни бухории минтақаи Форест Ҳил мақола навишта, иброз дошт, ки ин сохтмонҳо симои таърихии ин гӯшаи Ню-Йоркро беасар кардаанд. Он замон ҳам мақола боис ба нороҳатии яҳудиёни бухороӣ шуда буд.

Фаъолони ҷамоаи яҳудиёни бухорӣ ба ҳар ҳол шукр мекунанд, ки дар сӯхторҳои ахир касе осеб надидааст, зеро соҳибони хонаҳо ба манзили нави худ то ҳол накӯчида буданд.

Як фаъоли ҷамоаи яҳудиён, ки нахост номаш ошкор шавад, гуфт, омили хонасӯзиҳо ду дафъа болои манзили навсохти хохом Залмон Завулонов низ ҳамла кардааст. Бори аввал дар ибтидои моҳи равон Завулонов ҳангоми сайри шабона шоҳиди оташ задани хонааш шуда, саривақт хадамоти наҷотро даъват кардааст. Вале бори дуюм хонаи мунтазири бӯрёкӯбони ӯ комиларн ба коми оташ рафтааст.

Дар сӯҳбат бо хабаргузории Ассошиэйтед пресс Роберт Бойс сармуфаттиши идораи пулиси Ню Йорк гуфт, ки муфаттишони сӯхтор ба хулоса омадаанд, ки масъули ин кор дар ҳамон наздикиҳо иқомат дорад ва бо истифода аз маводе, ки дар ҳамон ҷо пайдо мекунад, хонаҳоро оташ мезанад, яъне ӯ чизе барои тавсеаи сӯхтор бо худ наовардааст. Некталов тахмин мекунад, ки касе дар ҷустуҷӯи қассос аст. Вале мояи интиқомҷӯии ӯ чист? то ҳол маълум нест.

XS
SM
MD
LG