Се хонандаи мактаби рақами яки шаҳраки Ивантеевкаи вилояти Маскав баъд аз ҳамлаи мусаллаҳонаи ноболиғе худро аз тирезаи синфхона ба зер партофта, маҷрӯҳ шудаанд. Варвара Заева, ёвари раиси Кумитаи тафтишотии Русия дар вилояти Маскав, ба хабаргузории ТАСС гуфтааст, ки наврасон аз ин ҳодиса тарсидаанд.
Ҳамлаи мусаллаҳонаи як ноболиғ дар мактаби рақами яки шаҳраки Ивантеевкаи вилояти Маскав рӯзи 5-уми сентябр рух дод. Мақомоти Вазорати умури дохилии Русия гуфтанд, ки ҳамлагари эҳтимолӣ боздошт ва ба идораи полис интиқол ёфтааст. Бозпурсии ӯ дар ҳузури волидонаш ҷараён дорад.
Хабаргузории ТАСС менависад, ноболиғ дар истифода аз норинҷаки дудзо ва силоҳи пневматикӣ муттаҳам мешавад. Ҳодиса дар дохили синфхона рух додааст. Гумонбар 14-15 сол дошта, бино ба иттилои муқаддамотӣ, бо истифода аз силоҳ як омӯзгорро маҷрӯҳ кардааст.
Дафтари матбуоти Раёсати умури дохилии вилояти Маскав гуфт, ходимони шӯъбаи кор бо ноболиғони полиси ноҳияи Пушкинское дар ҳузури волидон бозпурсиро шурӯъ кардаанд. Эҳтимол меравад, гумонбар шогирди синфи 9-уми ҳамин мактаб аст.
Сухангӯи пулиси минтақаи Маскав Андрей Пишкин рӯзи сешанбе ҳодисаи мактабро мухтасар шарҳ дод:
«Бинобар маълумоти ибтидоӣ, имрӯз, 5 сентябр дар яке аз мактабҳои шаҳраки Ивантеевкаи вилояти Маскав як талаба, соли таваллудаш 2002, норинҷаки дудзоро ба синф ҳаво дод ва аз силоҳи пневматикӣ тир кушод. Се нафар ба бемористон интиқол ёфтанд. Ин наврас барои мушаххас кардани ҳодиса ба идораи пулис бурда шуд".
Як шоҳиди ҳодиса ба хабаргузории РБК гуфтааст, ки ҳамлагар эҳтимолан аз силоҳи пневматикӣ кор гирифта, аввал ба сари омӯзгори фанни информатика Любов Калмикова тир холӣ кардааст. Дар ин лаҳза ҳамсинфон тарсида бархе аз ошёнаи дуюм худро ба замин партофтаанд. Се нафар маҷрӯҳ шуд.
Як шогирди дигари мактаб ба ин оҷонсӣ гуфтааст, ки миёни ҳамлагар ва омӯзгор ҳеҷ мушкил ё ихтилофе набуд. Ин духтарак гуфтааст, ки ҳамлагар дар гузашта ба ҳамсинфонаш гуфта буд, ки мехоҳад тирандозӣ кунад, вале касе ҳарфашро ҷиддӣ нагирифт.
Бархе аз шоҳидон гуфтанд, ки полис ҳамаи кӯдаконро ба макони амн интиқол дод ва мактаби рақами якро муҳосира кард. Ҳамлагар гӯё таҳдид кардааст, ки дар дохили мактаб маводи тарканда гузоштааст, вале то ҳол дурустии ин хабар ва макони эҳтимолии ин мавод мушаххас нест.
Маъмурияти мактаб гуфт, ки муассиса баста шудааст. “Кӯдаконро ба хонаҳояшон ҷавоб додем. Имрӯз мактаб кор намекунад, дарс аз фардо дубора шурӯъ мешавад”, - гуфт як ходими маъмурияти мактаб ба хабаргузории русӣ. Намояндагони тафтишот таҳқиқи қазияро шурӯъ кардаанд.
Дар гузашта дар Русия ё кишварҳои дигари собиқи шӯравӣ ҳодисаҳои истифода аз силоҳи оташфишон хеле кам рух додааст.
Як ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар вилояти Маскав ҳодисаи тирандозӣ дар мактабро ташвишовар хонд ва гуфт, ки ба таҳқиқи ин ҳодиса ва сабабҳои сар задани он шурӯъ кардааст. Ксения Мишонова ба матбуоти русӣ гуфтааст, ки аз рӯи иттилои дарёфтӣ, ноболиғи ҳамлагар бо исми Михаил барои анҷоми ин ҳамла аз пеш омодагӣ медид ва бархе ҳамсояву дӯстонаш дар бораи омода шудани чунин як ҳамла аз пеш хабар доштанд.
Бархе дигар фаъолони ҳуқуқи кӯдак гуфтанд, ки ҳодисаи ахир баёнгари он аст, ки дар миёни наврасони Русия бояд кор бурд ва баробари ба даст омадани нишонаҳои аввали ҷинояти баъдӣ даст ба амал бояд бурд.