Пайвандҳои дастрасӣ

 
ИА хост, оилаҳо барои "72 соат" ғизо, об ва маводи зарурӣ захира кунанд
Хабари нав

ИА хост, оилаҳо барои "72 соат" ғизо, об ва маводи зарурӣ захира кунанд


Иттиҳоди Аврупо аз хонаводаҳо дар саросари ин қора хост, то дастикам ба андозаи се рӯз хӯрокворӣ, об ва дигар маводи ниёзи аввалияро захира кунанд, зеро ҷанг, ҳамлаҳои кибернетикӣ, тағйири обуҳаво ва бемориҳо, эҳтимоли пеш омадани бӯҳронро афзоиш додааст.

Дархост рӯзи 26-уми март дар ҳоле матраҳ шуд, ки ин блоки шомили 27 кишвар дар ҳоли бознигарии амнияти худ аст, ба вижа пас аз он ки маъмурияти Доналд Трамп, президенти Амрико, ҳушдор дод, ки Аврупо бояд масъулияти бештаре дар баробари он бипазирад.

Иттиҳоди Аврупо дар солҳои охир КОВИД-19 ва таҳдиди Русия, аз ҷумла талошҳои ин кишвар барои суистифода аз вобастагии Аврупо ба гази табиӣ ба ҳадафи камранг ва суст кардани ҳимоят аз Украинаро пушти сар гузоштааст.

Марк Рутте, дабири кулли НАТО, ҳушдор дод, ки Русия метавонад то соли 2030 ҳамлаи дигаре ба Аврупо анҷом диҳад.

Ҳадя Лаҳбиб, комиссари омодагӣ ва мудирияти бӯҳрони Иттиҳоди Аврупо, ҳангоми муаррифӣ аз як стратегияи нав барои мубориза бо ҳодисаҳои оянда гуфт, "таҳдидҳои имрӯза, ки Аврупо бо он рӯбарӯ аст, печидатар аз ҳамеша буда ва ҳамаи онҳо бо ҳам пайванд ҳастанд."

Дар ҳоле ки комиссия мегӯяд, инро набояд ҳамчун ҳушдор қабул кард, Хадя Лаҳбиб афзуд, ки муҳим аст "боварӣ ҳосил шавад, ки мардум ҳадди ақал барои 72 соати бӯҳронӣ маводи зарурӣ дар ихтиёр дошта бошанд".

Ӯ маводи заруриро, ки бояд захира шаванд, хӯрокворӣ, об, чароғ, санадҳои муайянкунандаи шахсият, дору ва радиоҳои мавҷи кӯтоҳ, донист.

Комиссари омодагӣ ва мудирияти бӯҳрони Иттиҳоди Аврупо гуфт, ин иттиҳодия бояд як "захираи стратегӣ" таъсис диҳад ва манбаъҳои дигари муҳим, аз ҷумла ҳавопаймоҳои оташнишонӣ, таҷҳизоти тиббӣ, энержӣ ва боркашонӣ, сармояҳои тахассусӣ дар баробари таҳдидҳои кимиёвӣ, биологӣ ва ҳастаиро дар ихтиёр дошта бошад.

Ин тарҳи Иттиҳоди Аврупо монанди барномаҳои Фаронса, Финландия ва Шветсия аст.

Ба гузориши хабаргузории "Ассошиэйтед Пресс", ҳама кишварҳои Иттиҳоди Аврупо аз омодагии яксон дар баробари бӯҳрон бархӯрдор нестанд ва комиссия мехоҳад, онҳоро ташвиқ кунад, то дар ҳолати изтирорӣ, ҳамоҳангии беҳтаре дошта бошанд.

XS
SM
MD
LG