Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот мегӯянд, ҳамла ба ҳайати ҲНИТ-ро таҳқиқ мекунанд


Ҳайати эъзомии ҲНИТ зимни нишастӣ хабарӣ дар Хоруғ.
Ҳайати эъзомии ҲНИТ зимни нишастӣ хабарӣ дар Хоруғ.

Кормандони умури дохилии Бадахшон мегӯянд, шикояти аъзои ҳайати ҲНИТ-ро, ки мегӯянд, аз тарафи афроди ниқобпӯш латукӯб шудаанд, таҳқиқ мекунанд, аммо ҳанӯз дар ин робита парвандаи ҷиноӣ боз накардаанд.

Сайфулло Азизуллоев, нозири минтақавии Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шуғнон бо Радиои Озодӣ гуфт, мақомот «ҳоло далели мушахассеро дар даст надоранд, то бо такя ба он парванда боз кунанд».

Намояндагони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯянд, шоми 15 август, ҳангоми бозгашт аз ноҳияи Рӯшон дар наздикии Шуғнон аз ҳадафи ҳамлаи чандин нафари ниқобпӯш шудаанд.

Воҳидхон Қосиддинов, раиси дастгоҳи ин ҳизб дар нишасти хабарӣ дар Хоруғ гуфт, бар асари ин ҳамла Саодатшо Адолатов, муовини раиси ҲНИТ дар Бадахшон захмӣ шудааст. Вай афзуд: «Оиди ин ҳодиса ба Раёсати умури дохила бо ариза муроҷиат кардем. Дар дар бораи ҳодисае, ки ба ҳайат рух дод, дар ин маврид маълумот додем. Ва онҳое ки ба ин кор даст доштанд, мувофиқи қонун ҷазо дода шавад.»

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:52 0:00
Линки мустақим


Ҳайати ҲНИТ ҳамчунин мегӯяд, ҳамлагарон аз афроди маҳаллӣ набуда, амдан ба забони русӣ ҳарф мезаданд, то мансубияташонро пинҳон доранд. Саодатшо Адолатов гуфт, ки ба дунболи вуқӯи ҳодиса, вай ба бемористон муроҷиат кард ва пизишкон нишонаҳои зарбу латро дар сару рӯяш тасдиқ карданд. «Сарам лат хӯрда буд ва аз биниям хун мерафт. Як соат дар беморхона будем, онҷо ташхис карданд.»

Зарафо Раҳмонӣ, мушовири раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки ин ҳайатро ҳамроҳӣ мекард, гуфт, ҳайати ҳизбиашон ҳанӯз аз ноҳияи Дарвоз аз ҷониби кормандони милиса мавриди пурсуҷӯ қарор гирифт. Вай афзуд, ки дар Ванҷ раиси ноҳия дар бораи ҳайат пештар аз масъули бахши ноҳиявии ҳизб маълумот пайдо карда, кормандони дохилӣ бо баҳонаи режими паспортӣ, ҳуҷҷатҳои ҳайатро гирифта, пас аз қайд кардан, бозпас гардонданд.

Дар бораи ҳамла дар даромадгоҳи ноҳияи Шуғнон хонуми Зарафо Раҳмонӣ, аз раҳбарони ҲНИТ гуфт: «Афроди номаълум якбора дари мошини моро кушоданд ва бародари яке аз ҳамроҳони моро лату куб карданд. Баъд ҳайати мо кӯшиш кард то ин нафарро раҳо кунанд. Ронандаи мо ҳам чолоки карад, бо тамоми суръат мошинро ронд. Мо тавонистем он маҳдудае ки моро иҳота карда буд, берун бароем. Ҳудуди даҳ километр ҳам онҳо моро таҳдид мекарданд, вале диданд, ки ба ҷои серодам расидем, онҳо пас гаштанд.»

Аммо масъулони мақомоти корҳои дохилии Бадахшон иддаои ҳайати ҲНИТ-ро дар мавриди он ки гуё як гуруҳи ношиноси савор дар мошини "Тангем" ҳайатро, ки аз ноҳия Рӯшон ба тарафи шаҳри Хоруғ мерафт, боздоштааст, рад мекунанд.

Сардори Раёсати корҳои дохилии Бадахшон Тоҷиддин Назришоев ба Радиои Озодӣ гуфт, баъд аз огоҳ шудан, тамоми шаб дар маҳалли ҳодиса буд, аммо далели кофиеро барои кушодани парванда пайдо накард. Вай изофа кард, ки кормандонаш хона ба хона гашта пурсуҷӯ карданд, аммо касе аз сокинони маҳал ҳам аз ин ҳодиса хабар надоранд.

Ҷаноби Назришоев ин ҳодисаро кори дасти худи наҳзатиҳо унвон кард ва гуфт: «Вақте онҳо ба Рӯшону Шуғнон омаданд, онҳоро раисони ҳизбашон пешвоз нагирифтанд, баъд ҳаминхел кор карданд. Мо метавонем парвандаро боз кунем, аммо далел надорам. Танҳо бо як далел, ки ин ҳайат мегӯяд моро ҳамла карданд, парванда кушода намешавад, зеро ҷиноят ҳанӯз рӯшан нест.»

Сардори Раёсати корҳои дохилии вилоят ҳамчунин афзуд, ки феълан ҳам дар ҷои ҳодиса тафтишот давом дорад. Дар ҳамин ҳол Раиси бахши ҳизб дар ноҳияи Рӯшон ба ҳайат гуфтааст, ки се рӯз боз кормандони амниятӣ вайро ба хондани матни шабеҳи изҳороти Асрор Булбулов, ки дар он нолозим будани Ҳизби назҳат барои мардуми минтақа қайд шудааст, маҷбур мекунанд, аммо вай ризоият намедиҳад.
Саодатшоҳ Адолатов, муовини раиси ҲНИТ дар Бадахшон.
Саодатшоҳ Адолатов, муовини раиси ҲНИТ дар Бадахшон.
Ҳайати ҲНИТ мегӯяд, ки алорағми фишор ва таҳдидҳо қарор аст, фардо онҳо кофронси бахши шаҳрӣ ва вилоятии ХНИТ-ро баргузор кунанд, ки дар он масоили ҳисоботӣ-интихоботӣ баррасӣ хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол нозири минтақавии ноҳияи Шуғнон Сайфулло Азаттуллоев гуфт, ки дар робита бо иддаои ҳайати ҲНИТ оиди ҳодисаи ҳамлаи гурӯҳи номаълум ба онҳо командони милиса ба маҳалли Зевардашт, ки дар наздикии даромадгоҳи ноҳияи Шуғнон воқеъ аст, сафар карданд, вале сокинони маҳал гуфтанд, ки дар наздикии маҳалашон ягон моҷаро ба вуқӯъ напайвастаааст.
XS
SM
MD
LG