Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои уламо хондани намози ҷанозаро ҳаққи имомхатиб медонад


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Бар пояи қарори Шӯрои уламои Тоҷикистон, пешнамозӣ дар маросимҳои ҷаноза, ҳаққи имомон, имомхатибон, сархатибон ва раиси Шӯрои уламо мебошад.

Аз дафтари матбуоти Кумитаи дини Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал ба радиои "Озодӣ" гуфтанд, "бо назардошти он ки баъзан дар масъалаи баргузории намози ҷаноза ва имоматӣ дар он баҳсу мунозираҳо рух медиҳанд ва чунин ҳолатҳо боиси коста гардидани обрӯи ходимони дини мубини ислом гаштаву ба сар задани ихтилофҳо миёни шаҳрвандон оварда мерасонанд, Раёсати фатвои Маркази исломии Тоҷикистон ба хотири ба тартиб овардани намози ҷаноза ва имоматӣ дар он, бо такя ба сарчашмаҳои муътамади мазҳабӣ қарор қабул намуд, ки тибқи он имоматӣ дар ҷаноза дар қаламрави Тоҷикистон ба имомон, имомхатибон, сархатибон ва Раиси Шӯрои уламо вобаста ба сатҳи ҳузур ва мақоми ишғолкардаашон, вогузор карда мешавад."

Дар ин қарори Маркази исломии Тоҷикистон, ба сарчашмаҳои мазҳаби ҳанафӣ доир ба тартиби имомат дар намози ҷаноза ишора шудааст. Аз ҷумла бо ишора ба китоби «Мухтасар-ал-виқоя» омадааст, ки “барои гузаронидани намози ҷаноза султон, сипас қозӣ, баъд аз он имоми маҳалла, баъд аз он валии майит сазовортар аст”.

Инчунин ба китоби "Мухтасар-ал-Қудурӣ" ишора шудааст, ки “беҳтарин мардум барои имом шудан дар ҷанозаи майит султон аст, агар ҳозир бошад. Агар ҳозир набошад, мустаҳаб аст, ки имоми қаря, баъд аз он валии майит тақдим карда шавад”. (“Мухтасар-ул-Қудурӣ”,ҷ.1, с.281). Дар ҷумлаи ин далелҳо, насиҳати Имоми Аъзам (р.ҳ) ба шогирдаш Абӯюсуф Яъқуб ибни Иброҳим оварда шудааст, ки “хондани хутбаҳои никоҳ ва баргузории намози ҷаноза ва идайнро ба хатиби ноҳия ва минтақаи худ вогузор кун!” (Ашботу ва назоир саҳ.372)

Қарори Маркази исломии Тоҷикистон дар ҳолест, ки чанде қабл дар маросими ҷанозаи рӯҳоние бо номи Ҳоҷӣ Қурбоналӣ (мулло Қурбон) дар масҷиди маҳаллаи Оли Сомон (собиқ Олий Совет)-и ноҳияи Рӯдакӣ байни Ҷамолиддин Амонуллоҳзода, имом-хатиби масҷиди ҷомеъи минтақаи Ҳазрати Мавлонои ноҳияи Рӯдакӣ писари муфтии собиқи Тоҷикистон Амонуллоҳ Неъматзода, ва рӯҳонии маъруф Нуриддинҷон Тӯраҷонзода бар сари раҳбарии намози ҷанозаи марҳум баҳсе даргирифт.

Аз наворе, ки рӯзи 21 январ дар сомонаи Ютюб нашр шуд, дида мешавад, ки Ҷамолиддин Амонуллоҳзода Нуриддинҷон Тӯраҷонзодаро имкони ваъз гуфтан ба мардуми гирдомада намедиҳад. Тӯраҷонзода бидуни онки бо писари муфтӣ вориди баҳс шавад, муроҷиати кӯтоҳе ба мардум кард, ки “таъзияи маро ғоибона қабул кунед” ва аз минбар пойин шуд.

Аммо Амонуллоҳзода микрофон дар даст ба танбеҳи лафзӣ алайҳи Тӯраҷонзода идома дод ва аз ҷумла гуфт: “Ин ноҳия соҳиб дорад. Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар куҷое ки ҷаноза бошад, ҷанозахониатон намемонам, худам мехонам. Васияташ ин аст, ки ин (марҳум) муриди ман аст, муриди падарам аст. Изо намекашед? Айб аст!”

Ин дар ҳолест, ки Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, собиқ қозии мусулмонони Тоҷикистон мегӯяд, иҷрои васияти майит ҳатмӣ ва интихоби имом барои гузоридани намози ҷанозааш аз нигоҳи Ислом ҳаққи ворисон мебошад. Оқои Тӯраҷонзода дар торнамои Turajon.оrg, ба суоли яке аз корбарон гуфтааст, ки “соҳибони майит ҳаққи интихоби имомро доранд ва касе ҳуқуқ надорад бе иҷозаи онҳо имоми намоз шавад, хоҳ муфтӣ бошад хоҳ хатиб.”

Собиқ қозии мусалмонони Тоҷикистон бо такя ба суханони Имом Абуҳанифа мегӯяд, ки ворисони майит аз султону қозӣ ва муфтӣ дида, ҳаққи бештар ба интихоби имом доранд.

XS
SM
MD
LG