Бо гузашти беш аз як сол аз даргузашти Исҳоқ Табаров – яке аз вакилони дифои соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов – аҳли хонаводаи ӯ талош доранд, ки зиндагиро бо нирӯву пуштибонии якдигар паси сар кунанд.
Зӯҳро Шерова ва фарзандонаш мегӯянд, ки зиндагии хонавода соли гузашта гӯё ба ду тақсим шуд – марҳилаи пеш аз марги Исҳоқ Табаров ва баъди он.
Далер Табаров, писари хурдии хонадон, ним сол қабл аз зиндон раҳо шуда, бо тиҷорати хурд машғул аст. Ӯ рӯзи 8-уми сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, талош мекунад, ки як бахши бори зиндагиро дар канори модари омӯзгораш таъмин кунад.
Зӯҳро Шерова, ҳамсари Исҳоқ Табаров, дар як мактаби шаҳри Ваҳдат дарс медиҳад, вале тамоми ҳушу ёдаш ҳоло ба зиндон аст. Писари калонии ӯ Фирӯз Табарови 28-сола як сол боз паси панҷара аст. Додгоҳ ӯро моҳи июни соли гузашта барои “зархаридӣ” ва “даъвати оммавӣ барои аз роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон” ба сездаҳуним соли зиндон маҳкум кардааст. Худи Фирӯз ва хонаводааш ин иттиҳомотро комилан беасос медонанд.
Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:
Аслан худи шароити эълони ҳукм дар як соли пеш барои ҳамаи онҳо ногаҳонӣ ва фоҷиабор шуд. Дар давоми ду ҳафта ду писари вакили дифоъ Исҳоқ Табаров ба зиндон маҳкум гардиданд. Худи Исҳоқ Табаров ҳукми тӯлонии писараш Фирӯзро “як бераҳмӣ” номида ва дертар дар бемористон даргузашт. Пизишкон иллати марги Исҳоқ Табарови 61-соларо сактаи қалбӣ номиданд.
Аҳли хонаводаи Табаровҳо мегӯянд, агар қазияи зерҳимояаш – соҳибкор Зайд Саидов ӯро хеле афсурдаву хаста карда буд, ҳукмҳои пайиҳами зиндони ду писар охири кор шуд. Созмони Human Rights Watch парвандаҳои ду писари Табаровро “сиёсӣ” номида гуфтааст, ин қазияҳо интиқом барои ҳимояти падар аз ҳуқуқи Зайд Саидов аст, ки мехост як ҳизби нави сиёсӣ ташкил кунад. Мақомот ҳеҷ гоҳ инро эътироф накарда, ҳамеша гуфтаанд, ки гуноҳҳои Саидов пурра исботи худро ёфтааст. Зайд Саидов тобистони соли 2015, дар пайи ниҳоӣ шудани парвандааш дар додгоҳ аз рӯйи иттиҳомоти марбут ба ҷиноятҳои иқтисодӣ ва бисёрҳамсариву таҷовуз ба номус дар маҷмӯъ ба 29 соли зиндон маҳкум шуд.
Зӯҳро Шерова ва фарзандонаш мегӯянд, ки зиндагии хонавода соли гузашта гӯё ба ду тақсим шуд – марҳилаи пеш аз марги Исҳоқ Табаров ва баъди он.
Зиндон – барои хабар надодан ба мақомот
Далер Табаров мегӯяд, ҳарчанд бо ҳукми додгоҳ розӣ набуд ва худро як шахси комилан бегуноҳ меҳисобад, шаш моҳи зиндонро тавонист пушти сар кунад. Ӯ гуфт, аз рӯзҳое, ки дар зиндон гузашт, шикоят надорад, чун дар онҷо ҳеҷ фишор ё қонуншикание нисбат ба ӯ нашудааст.
Дар бораи қазияи ба даст афтодан ва муттаҳам шуданаш гуфт, “соли гузашта, як нафар ба назди ману рафиқонам омад ва дар дасташ варақа дошт. Аз мо хоҳиш кард, ки ин варақаҳоро ба мактаб барем ва паҳн кунем. Дар он варақа навишта шуда буд, ки масъулони мактаб ба духтарону муаллимаҳо боҳиҷоб мухолифат накунанд. Мо рад кардем. Лекин баъд аз чанд муддат аз мақомот омада гуфтанд, ки ба шумо барои паҳн кардани варақаҳо муроҷиат шуда буд. Мо гуфтем, бале муроҷиат шуд, аммо дархости онҳоро иҷро накардем. Гуфтанд, ки чаро ба мақомот хабар надодед ва бо ҳамин маро ҳабс карданд.”
Як по дар кору хона, пои дигар – дар зиндон
Зӯҳро Шерова дар мактабе дар шаҳри Ваҳдат дарси забони русӣ медиҳад ва дар баробари таъмини рӯзгор пайваста барои Фирӯз, писари калонии хона, ба зиндон ғизо мебарад. Ӯ мегӯяд, баъд аз марги шавҳараш ҳанӯз ҳам ба худ наомадааст. Ҳарчанд озод шудани Далер баъд аз шаш моҳи зиндон хабари хуше шуд, аҳволи Фирӯз дар пушти панҷара модарро қарор намегузорад.
“Исҳоқ гузашт. Марди хона надоштем. Далер пас аз 6 моҳи зиндон озод шуд, хеле хурсанд гардидам. Фирӯз ҳанӯз дар ҳабс аст. Мо ӯро хабар мегирем. Гоҳе мулоқот мекунем. Як писари дигарамон ҳамеша дар Русия ҳаст ва бо зиндагии худаш аст. Ҳоло Далер марди хонаи мост. Дар вақти марги падараш на ин ва на Фирӯзро иҷозат надоданд, ки ба ҷанозаи падарашон биёянд”, - нақл кард ӯ.
Ҳоло танҳо орзуи модар ин аст, ки Фирӯз ҳам базудӣ озод шавад. Вай бовар ва умед дорад, ки аризаҳои онҳо ба дасти мақомоти баландпоя мерасанд ва ҳатман писари калонии хона пеш аз мӯҳлат раҳо хоҳад шуд. Ӯ гуфт, “ҳамаи санадҳои заруриро ҷамъ овардем ва ба Дастгоҳи президент ба Комиссияи давлатии бахшиши гуноҳ, ки аз тарафи президенти кишвар имзо карда мешавад, супоридем ва умед дорам президент бахшиши гуноҳ мекунад”.
Дар як соли охири зиндагии ин хонавода бархе аз хешовандон ва чанд ҳамкори собиқи падар гоҳе аз ҳоли онҳо хабар мегиранду бас.