Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири покистонӣ аз Душанбе ба Исломобод барнагашт


Исҳоқ Дор, вазири молияи Покистон.
Исҳоқ Дор, вазири молияи Покистон.

Исҳоқ Дор, вазири молияи Покистон, ки рӯзи 27-уми октябр дар ҳамоише дар Душанбе ширкат дошт, ба ватанаш барнагашт. Парвандаи ӯро додгоҳи Покистон бо иттиҳоми фасод баррасӣ мекунад ва Исҳоқ Дор бояд рӯзи душанбе, 30-уми октябр дар додгоҳ шаҳодат медод. Аммо рӯзи шанбе ҳавопаймои давлатие, ки ӯро ҳамроҳ бо се тан ҳамроҳонаш ба Душанбе оварда буд, бидуни Исҳоқ Дор ба Покистон парвоз кард.

Раҳбарии ҳизби “Лигаи мусалмонон”-ро Навоз Шариф, сарвазири собиқи Покистон бар дӯш дорад ва Исҳоқ Дар узви баландпояи ин ҳизб ҳаст.

Рӯзи дигар дар шабакаҳои иҷтимоӣ акси Исҳоқ Дор дар маросими адои Ҳаҷҷи Умра дар Арабистони Саудӣ нашр шуд. Ӯ ба назди нахуствазири пешин ва раҳбари ҳизби Лигаи мусалмонони Покистон Навоз Шариф рафт, ки дар Саудӣ қарор дошт. Исҳоқ Дор як узви ҳамин ҳизб мебошад. Дар ҳолати бозгашт ба Покистон, Навоз Шарифро низ хавфи боздошт таҳдид мекунад.

Рӯзномаи "Daily Pakistan" аз қавли як масъули хадамоти матбуоти вазорати умури хориҷии Покистон Саид Ҷовид навишт, нишасти Душанбе, ки дар он ҳайати Покистон ширкат дошт, рӯзи ҷумъаи 27-уми октябр поён ёфт ва қарор буд вазири молия рӯзи шанбе ё якшанбе, бармегашт. Помир Ҳалимзай, хабарнигори Радиои Машъал - бахши покистонии Радиои Озодӣ мегӯяд, Исҳоқ Дор аз Душанбе ба Ҷидда ва аз он ҷо ба Бритониёи Кабир парвоз карда, феълан дар Лондон қарор дорад.

Навоз Шариф
Навоз Шариф

Вакили дифои оқои Дор имрӯз, 30-уми октябр дар додгоҳ гуфтааст, зерҳимояааш фирор накардааст, балки бемор буда, барои табобат ба Лондон рафтаааст ва он ҷо ҳамчунин дар ҳамоишҳои ҳизби “Лигаи мусалмонон” дар ин кишвар ширкат мекунад.

Исми вазири молия дар як парвандаи марбут ба иттиҳоми фасоди нисбати Навоз Шарифу оилааш якҷоя дар санадҳои мавсум ба "Авроқи Панама" ба ҳайси шахси дорои сарватҳои пинҳонӣ зикр шудааст.

Помир Ҳалимзай гуфт, пойи Исҳоқ Дор вақте ба ин қазия кашида шуд, ки моҳи апрели соли 2016 “Авроқи панама” сару садои зиёдеро дар Покистон барангехт. Бар асоси ин санадҳо, Навоз Шариф, духтараш Марям бо шавҳараш ва писаронаш Ҳасану Ҳусейн дар пинҳон кардани пул дар минтақаҳои оффшории Панама, муттаҳам шуданд. Исҳоқ Дор, ки аз замони сарвазирии Навоз Шариф вазири молия мебошад, дар ин қазия шарик дониста мешавад.

Чизе, ки пушти саҳна мемонад

Ба гуфтаи Помир Ҳалимзай, чизе, ки дар пушти парда мемонад, ин элитаи низомии Покистон аст, ки зоҳиран бо сиёсати Навоз Шариф розӣ нестанд.

Ӯ гуфт: “Вақте Навоз Шариф сари қудрат омад, ӯ дар андешаи беҳтар кардани муносибот бо Афғонистон буд ва талош дошт, то иқтисодро боло бубарад. Вазъро дар шимолу ғарби кишвар беҳтар кунад. Ӯ талош дошт, то мубориза бо терроризмро ҷиддитар ба роҳ монад. Ҳамчунин, ӯ дар андешаи нармтар ва беҳтар кардани муносибатҳо бо Ҳинд буд. Ин андешаҳои ӯ ба ҳарбиён мақбул набуд, чун ҳамеша онҳо Ҳиндро душмани ашаддӣ талқин мекунанд, то пули бештаре аз будҷа бигиранд”.

Исҳоқ Дор дар ҳоле ба Лондон рафтааст, ки Навоз Шариф, сарвазири собиқи Покистон ва раиси ҳизби “Лигаи мусалмонон” он ҷо қарор дорад. Вакили дифои Навоз Шариф низ гуфтааст, ӯ бегуноҳ аст ва барои табобати ҳамсараш ба Лондон рафтааст. Дар ҳоле, ки Навоз Шариф баъди бурузи моҷарои марбут ба фасод аз мақомаш барканор шуд, Исҳоқ Дор вазири амалкунандаи молия боқӣ мемонад.

Марям Навоз, духтари Навоз Шариф
Марям Навоз, духтари Навоз Шариф

Исҳоқ Дор рӯзи 27 сентябр дар толори додгоҳ, дар яке аз мурофиаҳои нисбати худ ширкат кард ва тибқи гузоришҳо, иттиҳоми додгоҳро қотеона рад кард. Таҳлилгарон мегӯянд, ҳам Навоз Шариф ва ҳам Исҳоқ Дор пеш аз шурӯи кор дар мақомҳои баланди ҳукуматӣ ҳам сарватманд буданд.

Вале рақибони сиёсии Навоз Шариф - ӯ ва хонаводаашро дар шустушӯи пул ва аз ҳисоби сармояи давлат харидории амвол дар Лондон айбдор мекунанд. Аммо пайвандони Навоз Шариф мегӯянд, ки амволро дар Лондон солҳои 1980-ум баъд аз сармоягузорӣ дар Қатар харидаанд.

Исҳоқ Дор, ки яке аз тарафдорони қавии Навоз Шариф дониста мешавад, рӯзи 27-уми октябр дар 16-умин нишасти Конфронси Барномаи ҳамкориҳои минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ (CAREC) дар Душанбе ширкат дошт. Дар ин конфронс Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон низ суханронӣ кард. Дар созмони CAREC 11 кишвар узв ҳаст ва ҳамасола ба хотири ҳамоҳанг кардани барномаҳои иқтисодӣ дар кишварҳои узв нишаст баргузор мекунанд.

XS
SM
MD
LG