Агар дар гузашта “чойпулӣ” дар Тоҷикистон ба маънои аслии он, яъне подоши хизамат ба меҳмондори тарабхонаву қаҳвахонаҳо истифода мешуд, ҳоло ин вожа маънои муомилоти байни корафтодаву коргар дар идораҳои давлативу хусусиро дорад
Агар ронандаеро, барои мисол, корманди БДА дар роҳ боздорад, ҳатман пойи “чойпулӣ” дар миён аст ва ё агар кори нафаре дар идорае “барор” нагирад, ҳатман роҳи пешниҳоди “чойпули”-ро ҷустуҷӯ мекунад. Ё ҳангоме гирифтани маълумотномаи макони истиқомат ходими идораи хадамоти коммуналӣ ҳатман “чойпулӣ” талаб мекунад ва агар накард, корафтода худаш мепурсад, ки“чойпулиятон чанд пул мешавад?”
Рустам Усмонов, як ронандаи сокини шаҳри Душанбе, рӯзи 8-уми сентябр дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, шаҳрвандон маҷбуранд “чойпулӣ” бидиҳанд. “Агар “чойпулӣ” ё “обедпулӣ” надиҳӣ, кормандони БДА ҳатман сад камбудии туро меёбад,”- мегӯяд ӯ ва меафзояд: “Ҳар бор ки кормандони БДА мошини маро манъ мекунанд ва мебинанд, ки тамоми ҳуҷҷатҳо ҷо ба ҷост, боз ҳам ошкоро мегӯянд, “обедпулии моро намедиҳӣ?”
Вақте мегӯям, чаро бояд “обедпулӣ” ё “чойпулӣ” диҳам? Мегӯянд, агар хоҳам ҳозир сад камбудии дигаратона меёбам.”
Рустам мегӯяд, борҳо барои “чойпулӣ” бо кормандони БДА моҷаро кардааст: “Дирӯз ба Қӯрғонтеппа рафта будем. Ҳам аз ин тараф ва ҳам аз он тараф нозирони роҳ “чойпулӣ”-ву “обедпулӣ” пурсиданд. Ними пули коркардаамро ба онҳо “чойпулӣ” додам.” Рустам Усмонов мӯътақид аст, ки ҳоло дар Тоҷикистон ягон кор бе “чойпулӣ” ба анҷом намерасад.
Баҳманёр Надиров, ҷавони дигар мегӯяд, аз тарафи дигар, “чойпулӣ” дар ҳолатҳои бисёр ногувор мушкилро осон мекунанд ва кори душвор бо пардохти як маблағи ночиз ҳал мешавад ва ҳам коргар розӣ асту ҳам корафтода. Баҳманёр мегӯяд, худи ӯ бори охир моҳе қабл дар фурудгоҳ “чойпулӣ” дода буд: “Вақте дар фурудгоҳ будам кормандонаш наздам омада гуфтанд, ки сумкаамро бояд тафтиш кунанд. Онҳо талаб доштанд, то ҳама чизҳои худро аз сумкаам берун кашам. Азбаски дубора ҷо ба ҷо кардани либосҳоям душвор буд, ба онҳо 10 сомонӣ “чойпулӣ” дода, гузаштам.”
Дар як сӯҳбати сарироҳӣ, ки рӯзи 8-уми сентябр бо сокинони пойтахт анҷом додем, бештар ин фикр шунида мешуд, ки “чойпулӣ” ё “ҳаққи кор” ба онҳое дода мешавад, ки кори одамонро осон мекунанд. Яъне бе навбатпоӣ ва асабонияти зиёд.
Назари мардум дар бораи “чойпулӣ”-ро инҷо тамошо кунед:
Агарчи бештари ҳамсӯҳбатони мо эътироф мекарданд, ки дар ҳар идораву корхона барои ҳалли мушкилашон ба қавле “чойпулӣ” медиҳанд, аммо бештари онҳо ба суоли он, ки “Ба назари шумо чойпулӣ пора буда метавонад ё не?” посух медоданд, ки аз ҷониби кормандони ниҳодҳо гирифтани ҳақи меҳнатро пора ҳисоб намекунанд.
Бахтиёр Юсупов, сардори раёсати Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “дар сурате ки шаҳрвандон ҳаққи меҳнат гуфта ба кормандони ниҳодҳо пул медиҳанд, ин ҷиноят ҳисоб намеёбад. Аммо вақте ходимони давлатӣ барои анҷоми ин ё он коре ҳақ талаб мекунанд, он гоҳ он ришва ҳисоб меёбад.”
Ҷаноби Юусупов гуфт, ҳоло Оҷонсии зидди фасод андозаи ришваро меомӯзад, то мушаххас шавад, ки дар кадом ҳолат мақомдор ришва ситонидааст. “Ҳанӯз дақиқ нест, ки “чойпулӣ” ё ҳаққи хидмат ҷиноят ҳисоб меёбад ё не. Зеро он подош ҳисоб мешавад. Агар аломатҳои ҷиноятро надошта бошад, подош ҷиноят ҳисоб нашуда, маъмурӣ аст,” - мегӯяд ӯ.
Бисёриҳо дар Тоҷикистон ба додани “чойпулӣ” одат кардаанд ва ҳарчанд ин амалро дар ин сатҳ зарарнок намешуморанд, вале мегӯянд, ҳама гуна кори бад аз хурду реза оғоз мешавад ва ба таъбири халқӣ, сӯзандузд рӯзе ҳатман шутурдузд мешавад.