Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳтимоли чандпора шудани Ироқ ва Сурия


Мақомҳои баландпояи амниятӣ ва истихборотии Амрико мегӯянд, Ироқ ва Сурия эҳтмолан солҳои оянда дар пайи даргириҳои қавмӣ ва мазҳабӣ чандпора хоҳанд шуд ва мумкин аст Ховари Миёна шакли наве ба худ бигирад.

Мақомҳои баландпояи амниятӣ ва истихборотии Амрико, аз ҷумла раиси Созмони иттилооти дифоии ИМА мегӯянд, Ироқ ва Сурия эҳтмолан солҳои оянда дар пайи даргириҳои қавмӣ ва мазҳабӣ, чандпора шаванд.

Хабаргузории Ассошиэйтед пресс аз қавли генерал Винсент Стеварт, раиси Оҷонси иттилооти дифоии Амрико дар як нишаст дар рӯзи 10 сентябр нақл кардааст, ки Ироқ ва Сурия дар пайи ҷанг ва танишҳои қавмӣ ба марзи фурӯпошии доимӣ расидаанд.

Дар ҳар ду кишвар гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” бахшҳои зиёдеро дар назорати худ доранд. Дар айни ҳол дар Сурия кишвар миёни гурӯҳҳои шӯришгар, ифротиҳо, курдҳо ва давлати маркази тақсим шудааст. Дар Ироқ низ ҳукумати марказӣ ҳамаи минтақаҳои кишварро дар ихтиёр надорад.

Генерал Винсент Стеварт мегӯяд, доимо дар ин фикр аст, ки оё курдҳои Ироқ ба ҳукумати марказии он кишвар боз мегарданд? Дар мавриди Сурия низ ӯ мегӯяд, ки “мо метавонем дар оянда бубинем, ки Сурия ба ду ё се бахш тақсим шудааст.”

Раиси Оҷонси иттилоотии Амрико мегӯяд, ки чунин чизе ҳадафи Амрико нест, аммо эҳтимоли рух додани он рӯ ба афзоиш аст.

Ҷон Бреннан, раиси Созмони иттилооти марказии Амрико ё CIA аз дигар мақомҳои баландпояи амниятии Амрико аст, ки дар ҳамин нишаст дар мавриди ояндаи Ховари Миёна сухан гуфтааст. Ба гуфтаи вай, ҳукуматҳо дар ин ду кишвар назорати комил бар марзҳои худ надоранд ва гурӯҳи “Давлати исломӣ” марзҳои ин ду кишварро контрол мекунад.

Дар айни ҳол ба гуфтаи оқои Бреннан, мардум дар кишварҳои Ироқ ва Сурия дигар бештар аз ҳувияти миллӣ, бо ҳувияти қавмӣ ва мазҳабӣ худашонро муаррифӣ ва шиносоӣ менамоянд. Раиси Созмони иттилооти марказии Амрико мегӯяд, ки “фикр мекунам, Ховари Миёнаи оянда, тайи як даҳа ё ду даҳаи оянда ба тағйироте рӯбарӯ хоҳад шуд.”

Дар Сурия ҳукумати марказӣ ба таври густурда аз алавиҳои наздик ба хонаводаи Башор Асад ташкил шудааст. Ҷанги дохилии он кишвар, ки бо саркӯби эътирозҳои сулҳомез ба равиши ҳукумат ва давлати он кишвар оғоз шуд, чаҳор сол мешавад, ки идома дорад ва дар ин муддат беш аз 250 ҳазор нафар кушта шуда ва миллионҳо нафар овора шуданд. Ироқ низ даргириҳои мушкилоти қавмӣ ва нажодӣ аст ва ҳукумати марказӣ дар ихтиёти нахуствазири шиамазҳаб қарор дорад.

Ба гузориши Ассошиэйтед Пресс, сиёсати расмии давлати Иёлоти Муттаҳиади Амрико ҳифзи якпорчагии Ироқ ва Сурия аст. Барои намуна, мақомҳои давлатӣ дар баробари дархостҳо барои интиқоли мустақими таҷҳизот ба нерӯҳои курди ироқӣ, муқовимат кардаанд ва хостори интиқоли он аз тариқи ҳукумати марказӣ дар Бағдод ҳастанд. Аз сӯи дигар, эътилофе ба раҳбарии Амрико, ҳамлаҳои ҳавоиро алайҳи гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Ироқ ва Сурия,анҷом медиҳанд.

Эҳтимоли тақсимшавии кишварҳои Ироқ ва Сурия ва фарзияи шаклгирии минтақаҳои шиа, суннӣ, курд ва алавӣ пештар низ аз сӯи бархе аз таҳлилгарон матраҳ шуда буд.

XS
SM
MD
LG