Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳҳои нави ҳамкориҳои Эрон ва Тоҷикистон (2 ВИДЕО ва 8 АКС)


Раисиҷумҳури Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ гуфт, кишвараш тарҳи бунёди нерӯгоҳи барқи обии "Айнӣ"-ро бар фарози рӯди Зарафшони Тоҷикистон баррасӣ мекунад.

Нерӯгоҳи «Айнӣ» дар рӯди Зарафшони Тоҷикистон метавонад ба яке аз самарҳои сафари раисиҷумҳури Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ ба Тоҷикистон табил ёбад. Ҳайати Эрон барои оғози бунёди нерӯгоҳи «Айнӣ», ки Чин ба иллати мухолифати Узбакистон аз он даст кашида буд, изҳори омодагӣ кард.

Ба гуфтаи дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, дар гуфтушуниди тарафҳо «оғози сохтмони якҷояи нерӯгоҳи обии «Айнӣ» дар болои рӯди Зарафшон, ба итмом расонидани такмили туннели мошингарди «Истиқлол», иттисоли шабакаҳои барқӣ ва роҳҳои заминии ду кишвар, интиқоли лӯлаи об аз Тоҷикистон, кашидани лӯлаи об аз Тоҷикистон ба Эрон ва лӯлаи нафту газ аз Эрон ба Тоҷикистон баррасӣ шудааст.»

Ин дар ҳолест, ки Эрон дар бунёди нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-2" дар Тоҷикистон таҷриба андӯхта, метавонад, таҷҳизоти бинокориро ба маҳалли сохтмони нав кӯчонад. Нерӯгоҳи Айнӣ бо иқтидори 150 мегаватт яке аз бахшҳои барномаи давлати Тоҷикистон барои расидан ба истиқлоли энергетикист.

Аммо аксари ин масъалаҳое, ки тарафҳо баррасӣ кардаанд, ҳанӯз ниҳоӣ нашудаанд ва аз 9 санаде, ки Тоҷикистону Эрон имзо карданд, ҳеч кадоме ба сохтмони нерӯгоҳи "Айнӣ" ё кашидани хатти барқу лӯлаҳои об ва нафту газ рабт надорад.

Ҳасани Рӯҳонӣ дар нахустин сафари расмиаш ба Тоҷикистон ва дар маросими шурӯи кори чархаи дуюми нерӯгоҳи “Сангтуда-2” гуфт, ки ин охирин сармоягузории Теҳрон ба Тоҷикистон нест ва Эрон дар тарҳҳои муҳими дигар низ ширкат хоҳад кард. Президенти Эрон гуфт, Тоҷикистону Эрон дар як минтақаи ҳассос мавқеият доранд, ки онҳо моҳҳои охир шоҳиди мушкили бештари амнияту субот шудаанд. Раиси ҷуҳмури Эрон гуфт, аз ин хотир, эълом медорад, ки “амнияти Тоҷикистон амнияти Ҷумҳурии исломии Эрон аст.”

“Дар масоили амниятӣ ва дифоӣ омодаи кӯмак ва омодаи иҷрои тафоҳумоти ду кишвар дар ин замина ҳастем. Тоҷикистон ба унвони кишвари муҳими минтақа сулҳу суботу амнияташ метавонад барои сулҳу суботи минтақа ҳоизи аҳамият бошад.”

Ин изҳороти раиси ҷумҳури Эрон пас аз анҷоми мулоқот бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як нишасти матбуотӣ садо дод. Аммо дар бораи ҷузъиёти “тафоҳумоти Тоҷикистону Эрон дар соҳаи амният ва дифоъ” шарҳ дода нашуд. Дар гузашта низ раҳбарони Эрон, аз ҷумла раисҷумҳури собиқ Маҳмуди Аҳмадинажод ҳимояти низомии кишвараш аз Тоҷикистонро эълон дошта буд. Моҳи сентябри соли 2011 расонаҳои Эрон зимни сафари Шералӣ Хайруллоев, вазири собиқи дифои Тоҷикистон бо такя ба мақомоти кишвари худ навиштанд, ки “дар ҳолати зарурӣ нерӯҳои артиши Эрон дар ду соат ба кӯмаки низомиёни тоҷик меоянд.”

Аз ин лиҳоз шояд ду санаде, ки дар ҷараёни сафари Ҳасани Руҳонӣ ба имзо расид, аҳамияти вижа дошта бошанд, аз ҷумла як созишнома миёни ҳукуматҳо дар мавриди ҳамкорӣ дар соҳаи тартиботи ҳуқуқӣ ва таҳкими амният ва яке дигар дар бораи ҳамкорӣ дар пешгирӣ ва муқовимат ба истеҳсол, муомилоти ғайриқонунӣ ва истеъмоли воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо.

Пас аз имзои ин санадҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳасани Рӯҳонӣ нерӯгоҳи "Сангтӯда-2"-ро, ки аз соли 2006 ба ин сӯ аз сӯи ширкати “Сангоб” – и Эрон сохта мешуд, ба кор андохтанд. Ин нерӯгоҳ дар ҷануби Тоҷикистон бо 180 миллион доллар сармояи Эрон ва 40 миллион доллари Тоҷикистон сохта шуда, пас аз 12,5 соли баҳрабардории Эрон моликияти Тоҷикистон хоҳад шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикстон, ки дар ҳузури ҳамтои эрониаш сӯҳбат мекард, гуфт, то ба имрӯз 100 санади ҳамкорӣ миёни ду кишвар ба имзо расида, мавзӯи иҷрои онҳо хеле муҳим шудааст. Вай афзуд, тайи даҳ соли ахир ҳаҷми умумии гардиши мол миёни Тоҷикистону Эрон панҷ маротиба афзуда, сармоягузориҳо мустақими эронӣ тайи 5-7 соли ахир афзудаанд:

“Мо ба шарикони эронии худ пешниҳод намудем, ки нисбат ба масъалаи рафъи монеаҳои техникӣ дар роҳи пешбурди тиҷорати дуҷониба ва такмили сохтори он якҷоя бо мо тадбирҷӯӣ намоянд. Дар ин гуфтушунидҳо муҳиму зарур дониста шуд, ки робитаҳои иқтисодии робтаҳои ҳамкории байни утоқҳои бозаргонӣ ва саноатӣ ва мақомоти марбутаи рушди соҳибкории ҳарду кишвар вусъат дода шаванд”

Зимнан, гардиши мол миёни Тоҷикистону Эрон тайи як соли ахир, ки ба даврони Ҳасани Рӯҳонӣ, президенти нави Эрон рост меояд, коҳиш ёфтааст. Бино ба иттилои Оҷонсии омори Тоҷикистон, дар нимсолаи аввали соли равон гардиши мол миёни ду кишвар ҳудудан 143 миллион доллар аст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли 2013 ҳудуди 35 миллион доллар камтар аст.

Эрон дар панҷгонаи шарикони асосии Тоҷикистон дар содирот бо ҳиссаи 10,6 фоиз дар мақоми чорум ва даҳгонаи шарикони асосии воридот дар мақоми 8-ум аст, аммо ба қавли мақомот, ин камбуд аз ҳисоби сармоягузориҳои эронӣ пайдо шуда, ҷонибҳо барои афзоиши он тадбир меҷӯянд. Ба қавли онҳо, баробари оғози сармоягузориҳои Эрон ба тарҳҳои дигари энержӣ додугирифтҳои тиҷоратӣ низ афзоиш хоҳанд ёфт.

XS
SM
MD
LG