Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳримҳо алайҳи Эрон аз байн рафтанд


Рӯзи шанбеи 16-уми январ таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи Ҷумҳурии исломии Эрон лағв шуданд.

Пас аз он ки мудири кулли Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ шоми 16-уми январ эълом кард, ки Эрон ҳама нуқтаҳои созишномаи ҳастаиро иҷро кардааст, Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон ва Федерика Могеринӣ, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо эълон карданд, ки ҳамаи таҳримҳои молӣ ва иқтисодӣ ва ҳама ончӣ ба барномаи ҳастаии Эрон вобаста буд, лағв шуданд.

Шоми рӯзи шанбе дар ибтидо мудири кулли Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ дар қароргоҳи ин ниҳод дар Вена эълон кард, ки Эрон ҳама нуқтаҳои созишномаи ҳастаиро иҷро кардааст. Вай гуфт, ки муфаттишони ин ниҳод таъйид мекунанд, ки Эрон ҳама ӯҳдадориҳо дар чаҳорчӯби тавофуқи ҳастаӣ ё Барномаи ҷомеи иқдоми муштаракро анҷом додааст.

Ба гуфтаи вай, гузориши Оҷонс дар бораи пойбандии Эрон ба ӯҳдадориҳояш дар чорчӯби Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак, ба Шӯрои ҳуккоми ин ниҳод ва ҳамчунин Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид фиристода шудааст.

Эрон чашм ба "раҳои"-и 30 млрд доллар

Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон рӯзи шанбе вориди Вена шуд. Вай ҳангоми вуруд ба Вена гуфт, бо ироаи гузориши мудири кулли Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ, таҳримҳо алайҳи Эрон лағв хоҳанд шуд.

Вазири умури хориҷии Эронро дар ин сафар ба Вена Алиакбар Солеҳӣ, раиси Созмони энержии атомӣ, Аббоси Ароқчӣ, муовини вазири умури хориҷӣ, Беҳрӯз Камолвандӣ, сухангӯи Созмони энержии атомӣ ва Ҳусайн Ҷобир Ансорӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии он кишвар ҳамроҳӣ мекунанд.

Муҳаммадҷавод Зариф
Муҳаммадҷавод Зариф

Ба гузориши хабаргузории расмии Эрон - ИРНА, Муҳаммадҷавод Зариф ҳини ворид шудан ба Вена гуфт, ки "имрӯз таҳримҳо бардошта мешаванд". Ба гуфтаи манбаъ, ӯ ҳамчунин гуфтааст, "имрӯз рӯзи хубе барои мардуми Эрон, ҷаҳон ва минтақа аст." Ин рӯз собит мекунад, ки мо метавонем мушкилоти муҳими дунёро аз тариқи дипломатия ҳал кунем ва он он чӣ имрӯз рух медиҳад, далели рӯшани он хоҳад буд, ки мушкилот аз тариқи гуфтугӯ ҳал мешаванд, на аз тариқи таҳдид, фишор ва таҳрим, афзудааст раҳбари идораи сиёсати берунаи Эрон.

Эрон ва гурӯҳи “панҷ ба изофаи як” моҳи июли соли гузашта ба созиш расиданд, ки Теҳрон ба ивази лағви таҳримҳои байнулмилалӣ барномаи ҳастаии худро маҳдуд мекунад. МАГАТЭ – Бунгоҳи байнулмилалии ҳастаии СММ рӯзи 16 январ аз сӯи Эрон иҷро шудани нуктаҳои созиши ҳастаиро бояд тайид кунад. Гузориши ин ниҳод ба ҷонибҳо имкон медиҳад, ки дар Вена шурӯи татбиқи нуктаҳои асосии созиши ҳастаиро эълон кунанд.

Фаридун Хованд
Фаридун Хованд

Фаридун Хованд, донишманди бахши иқтисоди муқими шаҳри Порис, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар бораи маблағи сармояи бар асари таҳримҳо мунҷамидшудаи Эрон гузоришҳо гуногунанд - бархе аз рақами 100 миллиард доллар ва баъзеҳо аз рақами 150 миллиард доллар истифода мебаранд. Аммо мақомоти Эрон ва Бонки марказии кишвар мегӯянд, аз ин маболиғи дар хориҷа мунҷамидшуда 30 миллиард доллар метавонад мавриди баҳрабардории давлати Эрон қарор бигиранд, зеро маблағи бақия ба сурати риёлӣ (пулии миллии Эрон) қаблан дар буҷаи давлат истифода шудааст., мегӯяд Фаридун Хованд. Ба гуфтаи ӯ, дар шароити феълӣ, ки Эрон ба бӯҳрони бозори нафт мувоҷеҳ аст, 30 миллиард доллар метавонад то андозае вазъи молиявии давлати Ҳасани Рӯҳониро беҳтар кунад.

Мусоҳиби мо меафзояд, Эрон солҳои ахир бар асари камбуди маблағ барномаҳои зиёди тавсеъаро канор гузошта буд. Маблағҳои аз зери таҳримҳо беруншуда, аз нигоҳи таҳлилгар, шояд қабл аз ҳама барои анҷоми тарҳҳои ниматамом дар бахшҳои мухталиф, аз корҳои сохтмониву зербиноӣ гирифта, то воҳидҳои тавлидӣ сарф шаванд. Аммо Эрон шояд як бахш аз маболиғро барои дигар соҳаҳо, аз ҷумла, ҳамлу нақли ҳавоӣ сарф намояд ва аз ИМА ҳавопаймоҳо харидорӣ кунад. Зимнан, музокироте бо Иттиҳодияи Аврупо дар ин бора дар ҷараён аст, мегӯяд Фаридун Хованд.

Дар ҳамин ҳол, бархе коршиносон ҳадс мезананд, ки аҷаб нест Теҳрон як бахш аз сармояи аз зери таҳримҳо беруншударо барои пуштибонӣ аз гурӯҳҳои мусаллаҳ, аз ҷумла, шибҳанизомиёни ҳӯсӣ дар Яман, равона кунад.

Созиши ҳастаӣ миёни Ҷумҳурии исломии Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ рӯзи 14 июл дар Вена ба даст омад. Эрон ва шаш қудрати ҷаҳон дар ҳоле дар Вена ба тавофуқи ҳастаӣ даст ёфтанд, ки шаҳрҳои мухталифе дар 11 соли гузашта мизбони гуфтугӯҳои ҳастаӣ буданд -- Теҳрон, Порис, Женева, Истамбул, Бағдод, Маскав, Алмаато ва Лозанна.

XS
SM
MD
LG