Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон - дар ҷустуҷӯи роҳи муомила бо Ғарб


Муҳаммадҷаводи Зариф
Муҳаммадҷаводи Зариф

Вазири умури хориҷии Эрон гуфтааст, ки ҳадафи Теҳрон аз музокироти ҳастаӣ бо қудратҳои ҷаҳонӣ “ҳаллу фасли ин муноқиша аст, на музокирот ба хотири музокирот”.

Бино бар гузориши хабаргузориҳои эронӣ, Муҳаммадҷаводи Зариф, ки ба манзури ҳузур дар Маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк ба сар мебарад, рӯзи 18 сентябр дар ҷамъи сафирони кишварҳои узви ин созмон таъкид кард, “Эрон дар ҷустуҷӯи роҳҳал барои парвандаи ҳастаии худ аст, ки ҳам ҳуқуқи эрониёнро мӯҳтарам бишморад ва ҳам нигаронии бархе аз аъзои ҷомеъаи байналмилалиро бартараф кунад”. Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи давлати Эрон “таъомули саҳеҳ барои ҳаллу фасли мавзӯи ҳастаӣ аст, на музокира барои музокира, ва Эрон дар ҷустуҷӯи роҳҳал аст, ки барои тамоми тарафҳо қобили қабул бошад.”

Мақомоти давлати ҷадиди Ҷумҳурии исломии Эрон борҳо изҳори майл кардаанд, ки муноқишаи ҳастаии Эрон ба поён бирасад ва таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи кишвар лағв шавад. Дар айни ҳол оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари рӯҳонии Эрон низ рӯзи 17 сентябр аз нармиш дар арсаи дипломатӣ сухан гуфт, ки ин масъала метавонад умедҳо ба ҳалли ин муноқишаи ҳастаиро то ҳадде афзоиш диҳад. Оятулло Хоманаӣ дар ҷамъи фармондеҳон ва сарбозони Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гуфт, “арсаи дипломатия арсаи лабханд, дархости музокира ва музокира аст, аммо ин ҳама рафторҳо бояд дар чорчӯби фаҳмиши аслӣ фаҳму дарк шавад.“

Ин изҳорот ҳамзамон бо сафари мақомоти эронӣ ба Ню-Йорк барои ҳузур дар Маҷмаъи умумии СММ садо дод, рӯйдоде, ки қарор аст, замина музокироти эрониён бо гурӯҳи “панҷ ҷамъи як”-ро низ фароҳам оварад. Бар ин асос, Муҳаммадҷаводи Зариф рӯзи якшанбеи оянда бо Кэтрин Эштон, раиси идораи сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ва намояндаи гурӯҳи “панҷ ҷамъи як” дидор хоҳад дошт. Аммо оғои Зариф дар идомаи суханони рӯзи гузаштаи худ аз нақши Созмони Милал дар робита ба чолишҳои имрӯзи ҷаҳон, монанди “мубориза бо терроризм, силоҳи куштори ҷамъӣ ва гарм шудани замин” ситоиш кардааст. Ба гуфтаи ӯ, давлати Эрон мӯътақид аст, ки Созмони Милали Муттаҳид метавонад нақши бисёр муҳим ва созандаеро барои наслҳои имрӯзӣ ва фардо ифо кунад ва “Эрон хоҳони таъомул бо ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва СММ аст.”

Муҳаммадҷаводи Зариф бар асоси тасмими раисиҷумҳур Ҳасани Рӯҳонӣ ӯҳдадори музокироти ҳастаии Эрон низ шудааст, дар ҳоле, ки пеш аз ин дабири Шӯрои олии амнияти кишвар намояндаи давлат дар ин музокирот буд. Ҳасани Рӯҳонӣ дар мусоҳибаи худ бо як шабакаи телевизионии Амрико таъкид кардааст, ки “барои тавофуқ бар асари парвандаи ҳастаӣ ихтиёроти том дорад.”


Рӯҳонӣ ва Обама
Рӯҳонӣ ва Обама
Дар ҳамин ҳол, як рӯзномаи амрикоӣ ба нақл аз бархе мақомҳои аршади ИМА навиштааст, давлати раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар ҳоли омода кардани худ ба дидори эҳтимолӣ бо мақомҳои олирутбаи Эрон дар ҷараёни нишасти Маҷмааи умумии СММ аст. Бино ба гузориши рӯзи 18 сентябри рӯзномаи The Wall Street Journal, мақомҳои аршади амрикоӣ гуфтаанд, ки давлати ИМА барои гуфтугӯи мустақим миёни Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА ва ҳамтои эронии ӯ Ҳасани Рӯҳонӣ омода аст. Мақомҳои давлати Амрико мегӯянд, равобит бо Эрон дар ҳадде номусоид ва заъиф аст, ки ҳатто як даст додани содда аз сӯи руасои ҷумҳури Эрон ва Амрико метавонад як воқеъаи муҳим талаққӣ шавад.

Як мақоми аршади амрикоӣ дар ин замина мегӯяд, ҳатто агар тамоси мустақиме байни Обама ва Рӯҳонӣ дар Ню-Йорк сурат нагирад, боз ҳам ба назар мерасад, ки равобити миёни Эрону Амрико рӯ ба беҳбуд овардааст. Барак Обама дар поёни ҳафтаи гузашта тасдиқ кард, ки байни ӯву Рӯҳонӣ дар ин авохир табодули номаҳо сурат гирифтааст.

Вале сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон Марзия Афхам рӯзи сешанбе гуфт, чунин мулоқот пешбинӣ нашудааст. Хонум Афхам афзуд, Обама ба Рӯҳонӣ ба муносибати пирӯзиаш дар интихобот паёми табрикӣ фиристода буд. Вале ӯ иддаои раҳбари ҳайъати Эрон дар музокироти ҳастаӣ Ҳусейн Мӯсавӣ мабнӣ бар инро, ки Хоманаӣ ба давлати Рӯҳонӣ барои музокироти мустақим бо Амрико фотиҳа додааст, тасдиқ карда натавонист.

Қаблан, рӯзи 15 сентябр сухангӯи Кохи Сафед Ҷей Карнӣ ҳам сарусадоҳо дар бораи эҳтимоли дидори Обама бо Рӯҳониро, ки тибқи рӯзномаи Маҷмаъи умумии СММ, қарор аст, дар як рӯз суханронӣ кунанд, радд кард. Карнӣ гуфт: “Дар ҳоли ҳозир Обама барномаи мулоқот бо ҳамтои эрониаш дар Маҷмаъи умумии СММ дар ҳафтаи ояндаро надорад.” Карнӣ афзуд, Амрико барои ҳамкорӣ бо Рӯҳонӣ дар роҳи расидан ба ҳалли сулҳомези буҳрони ҳастаии Эрон омода боқӣ мемонад. Ба таъбири сухангӯи Кохи Сафед, “садои амалҳо, албатта, хеле баландтар аз садои ҳарфҳо хоҳад буд.”

Интихоби Рӯҳонии эътидолгаро ба мақоми раисиҷумҳури Эрон ва ваъдаи ӯ ба эҳёи равобит бо ҷаҳон мояи афзоиши умедвориҳо ба ҳалли масъалаи ҳастаӣ шудааст. Ин ба навбаи худ метавонад заминаҳо барои беҳбуди равобит бо Амрикоро муҳайё созад.

Равобити дипломатӣ байни Вошингтону Теҳрон дар пайи инқилоби исломии соли 1979-и Эрон ва гаравгонгирии 52 дипломати амрикоӣ дар Теҳрон қатъ шудааст. Табодули номаҳо байни Обама ва Рӯҳонӣ, ки дар таърихи 33 соли ахири равобити ду кишвар собиқаи хеле ангуштшумор дорад, аз тарафи бархе таҳлилгарон ҳамчун як гоми кӯчак, вале муҳим дар роҳ ба сӯи шикасти девори беэътимодӣ ва душманӣ байни Амрикову Эрон талаққӣ мешавад.

ИМА Эронро дар он айбдор мекунад, ки дар зери либоси фаъолиятҳои ҳастаӣ ба сурати пинҳонӣ барномаи сохтани силоҳҳои ҳастаиро пеш мебарад. Эрон инро радд мекунад ва мегӯяд, барномаи ҳастаияш сулҳомез аст ва фақат барои тавлиди нирӯи барқи ҳастаист.
XS
SM
MD
LG