Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафорати Эрон: Пулҳои Занҷонӣ шояд дар Тоҷикистон бошад (ВИДЕО)


Бонки миллии Тоҷикистон
Бонки миллии Тоҷикистон

Сафорати Эрон дар Душанбе истисно намекунад, ки 2 миллиарду 460 миллион еврои «гумшуда» -и миллиардери эронӣ Бобаки Занҷонӣ дар ҳудуди Тоҷикистон бошад.

Аҳмадризо Асғарӣ, мушовири фарҳангии сафорати Эрон дар Тоҷикистон ба таври ғайримустақим ба Радиои Озодӣ гуфт, маблағе, ки муҷиби ҳабси Бобаки Занҷонӣ шуд, эҳтимолан интиқол ёфта, аммо кадом як мушкиле пеш омадааст, ки ба Эрон нарасидааст. Ин манбаъ афзуд, сафорат дар ин қазия норӯшаниҳоеро мушоҳида мекунад.

Ҳоло сафорати Эрон ҳам суол мекунад, ки санади Бонки миллии Тоҷикистон аз куҷо ба дасти Бобаки Занҷонӣ афтодааст. Масъули сафорат мегӯяд, агар Занҷонӣ ин маблағро пардохт кунад, озод мешавад. Аҳмадризо Асғарӣ баъид намедонад, ки Занҷонӣ ин маблағро ба Тоҷикистон интиқол додааст, аммо ҳангоми дубора интиқоли он ба Эрон мушкил пеш омадааст, ва азбаски Бонки миллии Тоҷикистон инро рад мекунад, масъулият ба дӯши Занҷонӣ меафтад.Сафорати Эрон дар Душанбе мегӯяд, то анҷоми таҳқиқот дар Теҳрон аз ироаи тафсилоти бештар дар бораи ин қазия худдорӣ мекунад.

Қаблан Бонки миллии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки аз моҳи августи соли 2013 то ба ҳол тариқи Kont Investment Bank – бонки марбут ба Бобаки Занҷонӣ - ягон амалиёти интиқоли маблағ сурат нагирифтааст.

Абдуғаффор Қурбонов, сухангӯи Бонки миллӣ рӯзи 7 январ ба Озодӣ гуфт, Kont Investment Bank таҳти таҳримҳои байналмилалӣ қарор дорад ва аз ин рӯ, аз 2 августи соли 2013 бо дастури махсуси Бонки миллӣ роҳандозии ҳар гуна амалиётҳои марбут ба интиқоли маблағ тавассути ин бонк боздошта шудааст. Вай афзуд, ба ҳамин сабаб тавассути суратҳисобҳои бонки мазкур дар Бонки миллии Тоҷикистон дар ин давра ягон амалиёти интиқолӣ, ки аз сӯи таҳримҳои байналмилалӣ манъ шудааст, гузаронда нашудааст.




Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳоли ҳозир як гурӯҳи махсусаш барои ба пуррагӣ рӯшан кардани масъала дар Kont Investment Bank кор бурда истодааст.

Қазияи Занҷонӣ қариб як моҳ мешавад, ки расонаҳои Эрону Тоҷикистонро машғул доштааст, аммо суоли ибтидоӣ «2 миллиарду 400 миллиард евро куҷо шуданд ё дар куҷоянд?» то ба ҳол посухи худро наёфтааст.

Коршинос Зафар Абдуллоев мегӯяд, ин миқдор пулро наметавон дар Тоҷикистон ё Эрон дар як ё ду сол харҷ кард ва гумон намеравад, ки ҳаракати он тариқи бонкҳо пеш аз ҳама аз назари Амрико пинҳон монда бошад. Вай афзуд, маълум нест, ки ин бозии худи Эрон пеши Амрикову Ғарб аст, ё чизе фаротар аз ин: «Инро танҳо худи Занҷонӣ медонад, ки пул куҷост. Аммо ҳоло суолангез аст, ки чаро худи ӯ пеши микрофон ё дар эфири телевизион дар ин бора намегӯяд? Ман ба он ҳама иттилоъе, ки аз номи ӯ пахш мешавад, бовар надорам. Онҳо умуман эътимодбахш нестанд. Бояд худи ӯ суҳбат кунад. Ин ҷо як бозии номаълуме ҷараён дорад. Ва ҳарчӣ ҳам бошад, ба нафъи Эрон нест.»

Бонки миллии Тоҷикистон дар ин қазия замоне ба забонҳо афтод, ки порлумони Эрон аз як санади қалбакии ин бонк, ки дар ихтиёри миллиардер гузошта шудааст, иттилоъ дод. Ва гуфта мешуд, ки дар ин санад интиқоли 2 миллиард евро аз сӯи Бонки миллии Тоҷикистон ба Бонки миллии Эрон таъйид шудааст. Аммо ахирӣ ин санадро тақаллубӣ хонд.

Бобак Занҷонӣ
Бобак Занҷонӣ
Бобаки Занҷонӣ, миллиардери эронӣ, ки ба ҷуз Kont Investment Bank, аз сардамдорони ширкати серсоҳаи «Конт – групп – Тоҷикистон» маҳсуб мешавад ва ҳудуди 1 миллиарду 200 сомонӣ (беш аз 200 миллион доллар) дар иқтисоди Тоҷикистон сармоя гузоштааст, рӯзи 30 декабр дар Теҳрон боздошт шуд. Далели боздошти ӯро 2 миллиарду 460 миллион евро пули нафти Эрон арзёбӣ мекунанд, ки бояд Бобаки Занҷонӣ ба вазорати нафти он кишвар пардохт мекард.

Бонки миллии Тоҷикистон ҳамзамон рӯзи 7 январ хабари матбуоти Эрон дар бораи сафари як ҳайъпати баландпояи Эрон ба Душанбе расман тасдиқ ва ба сурати ғайриаланӣ баррасии қазияи Занҷонӣ дар мулоқотҳои ин ҳайъат бо раҳбарони Бонки миллиро эътироф кард. Абдуғаффор Қурбонов ба Радиои Озодӣ гуфт, як ҳайат таҳти сарварии муовини раиси Бонки марказии Эрон ба Тоҷикистон омада, бо раҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ин масъаларо бо риояти муқаррароти протоколӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва шаффоф баррасӣ карда буд, ки мутаассифона, аз сӯи расонаҳои эронӣ, кӯшишҳои Бонки миллии Тоҷикистон барои иҷрои расмиёти протокол ҳамчун кашолкорӣ барои ташкили мулоқот маънидод шудааст.

Дувуним миллиард еврои Занҷонӣ куҷо шуд? Фарзияи расонаи эронӣ

Матбуоти Эрон ахиран дар бораи паҳлуҳои то ҳол норӯшани фаъолиятҳои молии миллиардери эронӣ Бобаки Занҷонӣ дар Тоҷикистон навиштааст.

Мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон иддаои нашршуда дар сомонаи бахши тоҷикии Садо ва симои Эронро то ҳол шарҳ надодаанд. Ин дар ҳолест ки дар матлаб қазияи дувуним миллиард евро аз фурӯши нафти Эронро, ки гӯё тавассути Бонки миллии Тоҷикистон ба Эрон рафтааст ё бояд мерафт, ба гунае комилан дигар тасвир кардааст.

Торнамои бахши тоҷикии Садо ва симои Ҷумҳурии исломии Эрон дар як матлаб ба ҷузъиёти ҷаласае миёни мақомоти бонкии Эрон ва Тоҷикистон пардохтааст, ки гуфта мешавад, ҳудуди як моҳ қабл сурат гирифта ва дар он аз ҷониби Эрон Меҳдии Гударзӣ, муовини раиси Бонки Марказии Эрон дар умури байналмилалӣ бо муовини яке аз бонкҳои хусусии Эрон ширкат доштаанд.

Ин манбаъ бар пояи навиштаи хабаргузории "Интихоб" ба нақл аз як мақоми огоҳ навиштааст, ки як моҳ қабл, пас аз тарҳи иддао дар бораи ворид кардани дуввуним миллиард евро аз сӯи Бобаки Занҷонӣ ба ҳисоби Бонки миллии Тоҷикистон, Меҳдии Гударзӣ ҳамроҳи муовинони яке аз бонкҳои хусусии эронӣ ба Тоҷикистон сафар карданд ва дар нишасте ба мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон ин мавзӯъро баррасӣ намуданд.

Дар идомаи хабар омадааст, ки ҳайати эронӣ дар сафари нахусти худ ба Душанбе бо муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон мулоқот карданд ва мақомоти тоҷик ба баҳонаи ҳифзи асрори муштарӣ, дар бораи мавҷуд будан ё набудани пул назар надоданд, аммо ба сурати ғайрирасмӣ вуҷуди ин пулро таъйид карданд ва гуфтаанд, ки ин мавзӯъро ба «Конт-Груп»-и Тоҷикистон, ки вобаста ба Бобаки Занҷонӣ аст, дар миён мегузоранд.

Ба навиштаи торнамои бахши тоҷикии Садо ва симо, ин ҳайат бо номае, ки ба зоҳиран вуҷуди пулро таъйид мекард, ба Эробаргашт ва пас аз чанд рӯз бо номаи расмии раиси кулли Бонки Марказии Эрон барои ворид кардани пул ба ҳисоби Бонки марказии он кишвар дубора вориди Душанбе шуд.

Бар пояи ин хабар, алорағми ҳамоҳангиҳо барои мулоқоти ҳайъати меҳмон бо раиси Бонки миллии Тоҷикистон, чанд лаҳза қабл аз дидор раиси дафтари Бонки миллии Тоҷикистон талош мекунад, ки мулоқот анҷом нашавад, аммо бо пофишории ҳайати эронӣ, ки дар он муовини раиси Бонки Марказии Эрон, муовини як бонки хусусии эронӣ, мудири бонки эронӣ дар Тоҷикистон ва намояндаи сафорати Эрон дар Тоҷикистон шомил буданд, дар нишасти ниҳоӣ бо ҳайъати сенафараи Душанбе, бо шумули раиси Бонки Миллии Тоҷикистон, муовини вай ва масъули умури пулшӯии ин бонк, мулоқот мекунанд.

Бобаки Занҷонӣ бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Бобаки Занҷонӣ бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Дар идомаи хабар омадааст, ки дар ин нишаст вақте ки паёми раиси кулли Бонки марказии Эрон дар бораи таҳвили дуввуним миллиард евро ба ҳисоби Бонки марказии Эрон расонида шуд, раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз вуҷуди чунин маблағ бехабарӣ карда ва таъкид менамояд, ки дар сурати ворид шудани чунин маблағи бузург, ҳатман бояд имзои ӯ бошад ва дар охир иброз медорад, ки ин маблағ ҳеҷ гоҳ ба кишвараш наомадааст.

Гузориш мегӯяд, ба дунбол ҳайати эронӣ, ки "бар хилофи изҳороти дупаҳлуи ҷаласаи қаблии мақомоти тоҷик ба беасос будани асли мавзӯъ пай мебарад, номаи қаблиро ба раиси Бонки миллии Тоҷикистон нишон медиҳад ва вай изҳор мекунад ба ҳамин далел, ки имзое зери нома нест, ин нома беэътибор аст."

Раиси ҳайъати эронӣ бори дигар бо сароҳат ва дар се суоли ҷудогона аз се узви тарафи тоҷик ин пурсишро матраҳ мекунад: «Оё шумо таъйид мекунед чунин пуле дар Бонки Миллии Тоҷикистон вуҷуд надорад?» Ҳар се мақоми Тоҷикистон дар посух ба сурати ҷудогона ин мавзӯъро таъйид мекунанд.

Дар ниҳоят ҳайати эронӣ ба суръат ба ҷаласа хотима дода ва муовини раиси Бонки марказии Эрон билофосила мавзӯъи сохта ва тақаллубӣ будани иддаои ворид шудани пул дар Тоҷикистонро ба иттилои раиси кулли Бонки марказии Эрон мерасонад.

Вакилони парлумони Эрон қаблан гуфта буданд, ки Занҷонӣ 2 миллиарду 60 миллион доллари вазорати нафтро пардохт накарда, санади ҷаълиеро нишон додааст, ки гӯё аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон дода шуда, пардохт шудани ин пул ба вазорати нафти Эронро тасдиқ мекунад. Аммо Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 30 декабр ироаи чунин санадеро ба Бобаки Занҷонӣ рад кард ва гуфт, гувоҳиномаи бонк зоҳиран сохта аст. Ҳамон рӯзи 30 декабр Занҷонӣ дар Теҳрон бо иттиҳоми тахаллуфоти молӣ боздошт шуд ва феълан дар зиндони Эвин қарор дорад.

Бобаки Занҷонӣ тайи 10 соли ахир ба яке аз сармоягузорони матраҳ дар Тоҷикистон табдил ёфтааст. Ӯро аз саҳҳомони аввалини «Конт- групп Тоҷикистон», ҳолдинги гуногунҷанбае меҳисобанд, ки ширкатҳои алоҳида, назири "Asian Express Terminal", «Конт – Таъминот», «Конт - Турист», "Asian Express Airline" ва «Конт – сохтмон» - ро муттаҳид мекунад.

Asian Express Airline ва «Kont Investment bank» дар рӯйхати ширкатҳое қарор доранд, ки аз сӯи Амрикову Аврупо таҳрим шудаанд. Бонки миллии Тоҷикистон аммо мегӯяд, ҳоло соҳибмулки ин бонк як шаҳрванди Туркия аст, на Занҷонӣ.

Бо ин вуҷуд, бино ба маълумони «Конт – групп Тоҷикистон», ин ҳолдинг то сентябри соли 2013 ҳудуди 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ, беш аз 250 миллион доллари амрикоӣ ба иқтисоди Тоҷикистон сармоя гузошта, танҳо аз ҳисоби таъмиру таҷдиди терминали марказӣ 24 миллион сомонӣ андозу молиёт пардохт кардааст.

Номаи Бобаки Занҷонӣ аз зиндони Эвин

Бобаки Занҷонӣ дар номае аз зиндон ин бор иддао кардааст, ки қариб дувуним миллиард евро пули давлати Эронро аз тариқи Русия пардохт кардааст, вале ҳам дар Теҳрону ҳам дар Маскав инро рад мекунанд. Носири Сироҷ, раҳбари бозрасии кулли Эрон гуфтааст, миллиардери зиндонӣ Бобаки Занҷонӣ ахиран дар номае ба номи ӯ даъво кардааст, ки 2 миллиарду 460 миллион евро пулеро, ки ба гумони мақомоти Эрон, дар роҳ ба Ҷумҳурии исломӣ ғайб задааст, дар асл ба ҳисоби Бонки марказии Эрон дар Русия интиқол додааст. Аммо Бонкҳои марказии ҳам Эрон ва ҳам Русия таҳвил шудании чунин маблағи бузургеро рад кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки Бобаки Занҷонӣ қаблан дар сӯҳбат бо сомонаи “Хабар- онлайн” бо ироаи гувоҳиномае, ки ба гуфтаи вай, аз сӯи Бонки миллии Тоҷикистон дода шудааст, тамоми қарзаш аз давлати Эронро аз тариқи ин бонк пардохт кардааст. Аммо Бонки миллии Тоҷикистон ба дунбол ин даъворо рад кард ва тавассути сухангӯяш Абдуғаффор Қурбонов гуфт, ҳеҷ санаде ба Занҷонӣ надодааст ва он зоҳиран сохтакорӣ шудааст.

Бобаки Занҷонӣ рӯзи 30 декабр боздошт ва ба зиндони Эвини Теҳрон андохта шуд. Додситони кулли Эрон Ғуломҳусейни Эжеӣ дар шарҳи боздошти ин миллиардер гуфт, ки ин корро ба хотири пешгирӣ аз фирори Бобаки Занҷонӣ аз Эрон анҷом додаанд.

Рӯзи якшанбеи 5 январ Муҳаммадалии Пурмухтор, раиси кумиссиюни асли 90-и парлумони Эрон ба хабаргузории “Форс” гуфт, бо таваҷҷӯҳ ба печидагии парвандаи Занҷонӣ кумитаи муштараке аз сӯи ин кумиссиюн, вазорати нафт ва Бонки марказии Эрон ташкил шудаааст, то дурустии асноди ироашуда аз сӯи Занҷониро дигарбора баррасӣ кунад.

Занҷонӣ як чеҳраи калидӣ дар қазияи маҳор кардани таҳримоти зидди Эрон аз тариқи фурӯши нафт ва интиқоли пули он аз хориҷ ба дохили Эрон шинохта мешавад.
XS
SM
MD
LG