Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оятуллоҳ Таботабоинажод: "Занҳо набояд кор кунанд"


Як рӯҳонии бонуфузи эронӣ аз афзоиши занони соҳиби кор дар кишвар интиқод кард ва дар ин раванд сиёсати раисиҷумҳур Ҳасани Рӯҳониро айбдор намуд.

Оятуллоҳ Юсуф Таботабоинажод, имом-хатиби шаҳри Исфаҳони Эрон рӯзи 4-уми декабр дар маросими намози ҷумъаи ин шаҳр аз афзоиши занони соҳиби кор дар кишвар интиқод кард ва дар ин раванд сиёсати раисиҷумҳур Ҳасани Рӯҳониро айбдор намудааст. Ин рӯҳонӣ гуфтаааст, ки чаро одамон барои кор кардани занон пойфишорӣ мекунанд, дар ҳоле, ки шумораи зиёди мардон бекоранд.

Расонаҳои эронӣ гуфтаҳои рӯҳонии бонуфузро овардаанд, ки дар кишвари исломӣ бояд мардҳо таъмини хонаводаро бар ӯҳда дошта бошанд, на занҳо. Ӯ дар идома Ҳасани Рӯҳониро айбдор намуд, ки сиёсаташ барои соҳиби кор шудани занон ва фаъолияти сиёсии онҳо мусоидат кардаст.

Занҳои соҳиби кор мустақил шуданд ва ин боиси афзоиши талоқ дар кишвар шудааст, изҳор намуд Оятуллоҳ Таботабоинажод ва афзуд, ки ҳангоми қабул ба кор бояд ба мардҳо бартарӣ дод, то пеши роҳи афзоиши талоқ гирифта шавад.

Ба гуфтаи ин рӯҳонӣ, аз ин баъд занон набояд ҳаққи кор дар вазорату ширкатҳо ва дар мағозаву дӯконҳоро дошта бошанд.

XS
SM
MD
LG