Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати як кӯҳнаварди эронӣ дар Помир


Акс аз хабаргузории ИРНА.
Акс аз хабаргузории ИРНА.

Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯянд, ки ҷустуҷӯи ҷасади як кӯҳнавардӣ эронӣ, ки рӯзи 19-уми май дар кӯҳҳои Помир зери яхпораҳо мондааст, идома дорад.

Умеда Юсуфова, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 30-юми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Аҳмад Некбаён Алиасғари 57-сола -- узви тими сенафараи кӯҳнавардони эронӣ ҳини баромадан ба қуллаи Карл Маркс дар деҳаи Дрижи ҷамоати деҳоти Вранги ноҳияи Ишкошим, аз баландӣ лағжида ва ба сӯрохии як пиряхи калон афтид ва ба ҳалокат расид.

Аҳмад Некбаён Алиасғари 57-сола ҳини баромадан ба қуллаи Карл Маркс дар деҳаи Дрижи ҷамоати деҳоти Вранги ноҳияи Ишкошим, аз баландӣ лағжида ва ба сӯрохии як пиряхи калон афтид ва ба ҳалокат расид.

Ба гуфтаи манбаъ, ду нафари дигари онҳо Маҳдӣ Аббос Асадулло ва Ҳумоюн Манучеҳр ба мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Ишкошим аз ҳодиса хабар дода ва кӯмак хостанд.

Умеда Юсуфова афзуд, ки ба дунбол барои берун овардани ҷасади ин кӯҳнаварди эронӣ як гурӯҳи вижа ташкил шуд, аммо бад будани вазъи обу ҳаво ва боришоти зиёд дар ин минтақа, ба амалиёти ҷустуҷӯӣ, монеа эҷод кард. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, ки ин кӯҳнавардони эронӣ бидуни ҳамоҳангӣ бо ниҳодҳои зидахл ва муайян кардани хатсайр ба кӯҳ баромада ва дар натиҷа ба фалокат дучор шуданд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти сафорати Эрон дар Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 30-юми май эълон кардаанд, ки дар ҳоли ҳозир имкони берунории ҷасади кӯҳнавард бинобар шароити пурхатар дар минтақа, мутаваққиф шудааст.

Ҳуҷатуллоҳ Фиғонӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон ба хабаргузории ИРНА гуфтааст, ки танҳо пас аз рух додани ин ҳодиса хабар ёфтанд, ки ин тими сенафараи кӯҳнавардони эронӣ барои боло шудан ба қуллаи Карл Маркс, сафар карда буданд. Сафири Эрон дар Тоҷикистон гуфтааст, "ду кӯҳнавард ҳангоми баромадан дучори мушкил шуданд ва бар асоси гузоришҳо, як аз ин ду ҷон бохт."

Ба гузориши ИРНА, сафири Эрон дар Тоҷикистон гуфтааст, ки бо иттилоъ ёфтан аз вуқӯи ҳодиса барои кӯҳнавардони эронӣ дар кӯҳистони Помир, чораҳои лозим барои фиристодани дастаҳои наҷот ва кӯмакрасон бо ҳамкории ниҳодҳои ин кишвар анҷом шуд. Сафири Эрон дар Тоҷикистон гуфтааст, ки ба маҳзи огоҳ шудан аз ин хабар, гуфтугӯҳои лозимро бо ниҳодҳои мухталифи ҳукумати Тоҷикистон ва ҳатто сафорати Русия барои истифода аз чархболҳо барои интиқоли пайкари ин кӯҳнаварди эронӣ анҷом шуд.

Ӯ гуфт, "ниҳоятан як тими 14-нафара ба маҳал фиристода шуданд, вале ба хотири шароити пурхатари минтақа дар ин марҳала аъзои ин тим натавонистанд ҷасадро интиқол диҳанд, аммо бо музокироти анҷомшуда бо ҳукумати Тоҷикистон муқаррар шуд бо мусоид шудани боду ҳаво ва об шудани ях, чораҳои лозим дар ин маврид анҷом шавад.

XS
SM
MD
LG