Вақте, ки номзади пешниҳодии раисҷумҳури тозаинтихоби Эрон ба мақоми Вазири хорҷиии кишвар, Муҳаммад Ҷавод Зариф, дипломати таҳсилкардаи Амрико, дар ҷаласаи парлумон баррасӣ мешуд, бисёр нозирон ин тасмимро ҳамчун як иқдоми сулҳҷӯёна ва ё тақдими “шохаи зайтун” ба Ғарб шарҳ доданд.
Аммо дар худи Эрон ин тавсиф маънои баръакс касб кард. Насруллоҳ Паймонфар, як узви порлумони Эрон дар ҷаласаи рӯзи 13 август гуфт, ки “душманони Эрон чашмҳои ҳариси худро ба сӯи Муҳаммад Ҷавод Зариф дӯхтаанд ва аз ӯ “шохаи зайтун” ном мебаранд, аз ин рӯ Зариф бояш ошкоро эълон кунад, ки мо намехоҳем бо Амрико робита дошта бошем.” – гуфт оғои Паймонфар.
Муҳаммад Ҷавод Зарифи 54 сола аз соли 2002 то соли 2007 намояндаи аршади Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид буд. Ӯ хатмкардаи бахши равобити байналмилаии Донишгоҳи Сан-Франсискои Иёлоти Муттаҳида буда, дар донишгоҳи Денвер, дар мавзӯи Қавонини байналмилалӣ ва сиёса рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст.
Дар ҳоле, ки ӯ барои мавқеъи прагматикӣ ва ошкори худ дар гуфтугӯҳо ситоиш мешавад, ҳамзамон барои гӯё бархӯрди дӯстона бо Амрико, доштани ақидаҳои ғарбӣ ва талоши дарёфти ҳақи иқомат дар Амрико, аз тундравҳо танқид мешунавад.
Узви дигари порлумони Эрон, Нодир Ғозипур бо ишора ба будубоши тӯлонии Зариф дар Амрико, дониши ӯро дар робита ба умури Ховари Миёна зери суол бурд. Ӯ аз Зариф суол кард, ки оё дар бораи “бедории аъроб”, ё инқилобҳои арабӣ чӣ назар дорад. Инқилоб дар чанд давлати арабӣ дар Эрон ҳамчун “бедории Исломӣ” талаққӣ мешавад. “Оё ба назари шумо ин таҳаввулот “бедории исломӣ аст ё шумо мафҳуми исломиро қабул надоред?” – пурсид Нодири Ғозипур аз номзад ба мақоми Вазири умури хориҷии Эрон.
Дар суолу ҷавоби 30 дақиқаӣ, оқои Зариф мавқеъи худро оромона, вале ҳамзамон қотеъона эълон кард. Ӯ аз аз раҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Хоманаӣ нимуна овард ва ҳамчунин аз Қуръони карим иқтибосҳо намуд. Ӯ гуфт, ки барои густариши ҳалқаи дӯстони Эрон дар минтақаву ҷаҳон талош мекунад ва барномаи ҳассоси ҳаставиро раҳо нахоҳад кард.
Ғарб ба сулҳҷӯёна будани барномаи ҳастаии Эрон шубҳа дорад ва мегӯяд, ки ин кишвар аз пайи бунёди силоҳи ҳастаӣ мегардад. Эрон барои шаффоф кардани ин барномаҳо корерро анҷом намедиҳад. Дар посух Ғарб таҳримотеро алайҳи ин кишвар ҷорӣ кардааст, ки ба иқтисоди он зарба задаанд.
Муҳаммад Ҷавод Зариф ҳамчунин аз замони фаъолияташ дар Созмони Милали Муттаҳид ҳимоят кард ва гуфт, ҳамагуна гуфтугӯҳои ӯ бо мақомоти Иёлоти Муттаҳида дар мувофиқат бо раҳбарони баландпояии Ҷумҳурии исломӣ сурат гирифтааст.
Зариф ҳамчунин ба суолҳои марбут ба таҳсилаш дар Иёлоти Муттаҳида посух дод ва ҳамчунин дар шарҳи баҳои Ҳенрӣ Киссинҷер, ки як замон тавони дипломатии Зарифро тавсиф карда буд, гуфт, “ин магар бад аст, ки як дипломати собиқадори 80 сола як тифли чилучандсолаи ин инқилобро “душани бадтарин хондааст”?
Ӯ ҳамчунин иддаоеро рад кард, ки ӯ гӯё тобистони имсол барои дарёфти “Green Card” ва ё иҷозаи иқомат ба мақомоти Амрико муроҷиат карда бошад.
Пурсишу посухи рӯзи сешанбе танҳо як намунаи кӯчаки мухолифатҳои бузургтари тундравҳо дар оянда аст, ки ба “Шайтони бузург” ва ниятҳои он машкук ҳастанд. Таҳлилгарҳо мегӯянд, Зариф бояд хати маши дурустеро бигирад, ки ба истилоҳ “ҳам лаъл ба даст биёяд ва ҳам ёр нараҷад. Яъне ҳам тундравҳоро ором кунад ва ҳам барои беҳбуди равобит бо Ғарб талош намояд. Номзадии Муҳаммад Ҷавод Зариф ба мақоми вазири умури хориҷии Эрон базудӣ тасдиқ хоҳад шуд.