Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коршинос: "Интихоботи Эрон рақобати миёни ислоҳталабон ва усулгароён буд"


Дар Эрон шумориши раъйи интихобкунандагон идома дорад. Рӯзи 26 феврал дар он кишвар интихоботи Маҷлис ва Хибрагони раҳбарӣ баргузор шуд.

Вазорати корҳои дохилии Эрон, ки масъули баргузории интихоботи рӯзи 26 феврал дар он кишвар буд, эълон кард, ки 60 дарсади аҳолии қобили раъй (35 миллион нафар) дар интихобот иштирок кардаанд. Онҳо барои интихоби 290 намояндаи Маҷлис ва 88 узви Хибрагони раҳбарӣ раъй доданд. То ин дам 33 миллион раъй шумурда шудааст.

Муборизаҳои шадиди интихоботӣ аслан миёни ҷонибдорони Ҳасан Рӯҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон ва муҳофизакорон ё усулгароён сурат гирифт, ки аз Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари рӯҳонии Эрон ҷонибдорӣ мекунанд. Хибрагони раҳбарӣ дар давоми 8 соли фаъолияти ояндаи худ метавонад каси дигареро ба ҷои Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ муаррифӣ кунад. Хоманаӣ ҳоло 76 сол дорад ва аз соли 1989 то ҳол раҳбари Эрон мебошад.

Дар мусоҳибае аз Эҳсони Меҳробӣ, таҳлилгари умури интихоботи Эрон пурсидем, сабаб иштироки зиёди раъйдиҳандагон дар ин интихобот чӣ буд?

Эҳсони Меҳробӣ: “Ин аввалин интихобот дар давраи раёсати ҷумҳурии Ҳасани Рӯҳонӣ буд ва дар сурати пирӯзии ҷонибдорони оқои Рӯҳонӣ имкон фароҳам меояд, ки раисиҷумҳурӣ барномаҳои худро пеш барад. Гузашта аз ин, нахустин интихобот баъд аз тавофуқоти ҳастаии шаш қудрати ҷаҳонӣ бо Эрон дар Вена дар бораи маҳдудияти барномаҳои ҳастии ин кишвар аст. Агар дар ин интихобот тарафдорони Ҳасани Рӯҳонӣ дар Маҷлис курсиҳои бештареро ишғол кунанд, табиист, ки тавофуқоти Вена бо дарди сари камтаре иҷро хоҳад шуд. Ин интихобот, инчунин, баъд аз интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2009 аввалин интихобот аст, ки гурӯҳҳои ислоҳталаб бори аввал дар он ширкат ҷустанд. Баъд аз соли 2009 ин гурӯҳҳо ба нишонаи эътироз ба шеваи баргузории он дар чанд интихобот ширкат намекарданд. Ҳоло, ки ин гурӯҳҳои ислоҳталаб дар ин интихобот ширкат доштанд, фазои хос дар он ба вуҷуд омада буд. Мирҳусейни Мусавӣ ва Меҳдии Каррубӣ, ки аз ҷумлаи раҳбарони муътаризон ба интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2009 буданд, эълон карданд, ки дар интихобот ширкат мекунанд. Аммо онҳо дар хонаҳои худ дар ҳабси хонагӣ ба сар мебаранд ва бояд барои онҳо сандуқи сайёр бурда мешуд. Бар асоси маълумоте, ки вуҷуд дорад, ба Мирҳусайни Мусавӣ сандуқи сайёри раъй бурда шудааст ва вай дар хонаи худ овоз додааст.”

Озодӣ: Оё аз ҳоло метавонем бигӯем, ки дар сафороии нерӯҳо дар таркиби парлумони Эрон тағйирот пеш хоҳад омад?

Эҳсони Меҳробӣ: “Бар асоси натиҷаҳое, ки то ҳоло рӯшан шудааст, шумораи ислоҳталабон дар Маҷлис бештар шудааст. Вале ин нуктаро бояд дар назар бигирем, ки дар шаҳрҳои бузург шумориши оро то 2-3 рӯз давом меёбад. Шумораи нерӯҳои миёнарав ҳам бештар шудааст. Дар ин маврид тарафдорони Алии Лориҷонӣ ва нерӯҳои наздик ба вай дар назар аст. Вале дар парлумон мумкин аст боз ҳам нерӯҳои машҳур ба усулгароён ё муҳофизакор аксариятро дар ихтиёр дошта бошанд. Шояд нерӯҳои тарафдори оқои Лориҷонӣ, ки ҳоло раиси парлумон аст, бо нерӯҳои ислоҳталаб як эътилоферо ташкил диҳанд ва дар ниҳоят талош кунанд, ки Лориҷонӣ раиси парлумон боқӣ бимонад.”

Озодӣ: Баъзе таҳлилгарон мегӯянд, ки агар ислоҳталабон дар маҷлис ё парлумон ба курсиҳои бештар соҳиб шаванд, дар он сурат ин интихобот як нуқтаи чархиш дар таърихи Эрон хоҳад буд? То куҷо ин пешгӯӣ воқеият дорад?

Эҳсони Меҳробӣ: “Интихоботи маҷлис худаш ба танҳоӣ наметавонад тағйири зиёдро дар фазои сиёсии Эрон ба вуҷуд биёрад. Маъмулан интихоботи Маҷлис баъд аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ як таркибе аз он интихобот аст, ки метавонад таъсири зиёди сиёсӣ дошта бошад. Вале ин интихоботи Маҷлис бо вуҷуди ин ки аз лиҳози сиёсӣ муҳим аст ва метавонад як нуқтаи таъсиргузор дошта бошад, вале чунин таъсир он қадар ҷиддӣ нахоҳад буд, ки онро ба унвони нуқтаи чархиш дар таърихи Эрон арзёбӣ кунем.”

Озодӣ: Дар ин интихбот раъйдиҳандагон ҳамчунин барои аъзои Хибрагон овоз доданд. Чун интихоботи Хибрагон дар ҳар ҳашт сол баргузор мешавад, имкон дорад, ки дар давоми ҳамин ҳашт сол Хибрагони раҳбарӣ ба ҷои раҳбари кунунӣ Оятуллоҳ Хоманаӣ каси дигарро раҳбар интихоб кунанд?

Эҳсони Меҳробӣ: “Аз лиҳози сиёсӣ танҳо дар сурате метавонанд онҳо раҳбари дигареро интихоб кунанд, ки раҳбари кунунӣ Оятуллоҳ Хоманаӣ фавт кунад. Вале агар эшон зинда бошад, ба сабаби шароити сиёсии Эрон Хибрагони раҳбарӣ ин қудратро надорад, ки дар вақти зинда будани раҳбари кунунӣ раҳбари дигарро интихоб кунад.”

XS
SM
MD
LG