Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон-1953: Ҳукумати Мусаддиқро кӣ сарнагун кард?


Аъзои ҳукумати сарвазир Муҳаммад Мусаддиқ дар соли 1951.
Аъзои ҳукумати сарвазир Муҳаммад Мусаддиқ дар соли 1951.

60 сол пеш дар пайи як табаддулоти ҳамоҳангшудаи Хадамоти Истихбороти Амрико -- CIA ва МI6-и Британия нахустин ҳукумати демократии Эрон сарнагун гардид.

Кудато панҷ рӯз давом кард, аммо тамоми минтақаву ҷаҳонро дар ҳоли шок қарор дод ва пайомадҳои он ҳанӯз ҳам эҳсос мешавад.

15 августи соли 1953 афсарони артиши Эрон дар ҳамдастӣ бо хадамоти махфии Амрико ва Британия ҳукумати сарвазири мардумии Эрон -- Муҳаммад Мусаддиқро, ки бо мухолифаташ бо Ғарб шӯҳрат дошт, сарнагун кард. Ин табаддулот роҳро барои дигаргуниҳои геополитикӣ дар Ховари Миёна ҳамвор кард ва солҳо баъд ба Инқилоби Исломӣ дар Эрон мусоидат намуд.

Бо гузашти шаст сол аз ин кудато, ҳанӯз ҳам ин баҳс, ки ҳукумати Мусаддиқро кӣ сарнагун кард, идома дорад. Бар пояи фарзияи аслии мавриди баҳс табаддулотро хадамоти истихборотии ду кишвари Амрико ва Британия - CIA ва MI6 ба хотири назорат бар нафти Эрон ва ҷилавгирӣ аз нуфузи Шӯравӣ бар ин кишвар,баъд аз Ҷанги Ҷаҳонии Дувум анҷом доданд.

ВАҚТЕ КИ НАФТ МИЛЛӢ ШУД...

Муҳаммад Мусаддиқ дар соли 1951 саноати нафти Эронро миллӣ кард ва бо ин ба назорати тӯлонии Британия ба ин соҳа хотима гузошт. Ба ҳадафи нухта задан ба ҳукумати Мусаддиқ, ба нафти Эрон дар саросари ҷаҳон бойкот эълон шуд. Аммо вақте ин тадбир ба нокомӣ анҷомид, барномаи маҳрамонаи сарнагун кардани Муҳаммад Мусаддиқ ба миён омад. Иваз кардани Мусаддиқ бо нахуствазири кисагӣ -- Фазлуллоҳ Зоҳидӣ, ба шоҳи заифи Эрон имкон дод, ки мавқеяшро дар чаҳорчуби қонуни салтанатӣ мустаҳкамтар кунад. Пуштибонии қавии низомӣ ва молии Вашингтон Муҳаммад Ризошоҳи худкомаро то соли 1979, то замони Инқилоби Исломии Эрон дар тахт нигаҳ дошт.

Аммо ончӣ аз сари Муҳаммад Мусаддиқ гузашт, иттиҳом буду маҳбас ва ҳабси хонагӣ то дами марг. Ӯ якҷо бо мансабдорони ҳукуматаш бо ҷурми хиёнат зиндонӣ шуд. Мусаддиқ се солро дар маҳбас сипарӣ кард ва соли 1967, дар ҳоле, ки дар ҳабси хонагӣ қарор дошт, аз дунё гузашт.

Стефан Кинзер муааллифи китоби “Тамоми мардони шоҳ – Кудатои Амрико ва решаҳои террор дар Ховари Миёна” ин табадуллотро пирӯзии кӯтоҳмуддати Вашингтон унвон мекунад, ки ба гуфтаи ӯ, дар дарозмуддат ба мавқеи Амрико дар Эрон зарар овард. Ӯ мегӯяд, “аз зовияи таърихи ин табаддулот барои Амрико муваффақ набуд. Инқилоби соли 1979 паёмади дарозмуддати саркубиҳои давраи шоҳ буд. Баъдан Инқилоби Исломӣ режими мутаасиби зидди амрикоиеро ба қудрат расонд, ки си солро барои хароб кардани манофеи Амрико дар саросари ҷаҳон сарф кардааст. “

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:54 0:00
Линки мустақим


Шаст соли гузашта таъсири табаддулотро аз зеҳни эрониҳо дур накард ва ҳамчунин садде, ки дар роҳи равобити ин кишвар бо ҷаҳони Ғарб бунёд шуда буд, коҳиш наёфт. Марк Гасировски, муаллифи китоби “Муҳаммад Мусаддиқ ва табаддулоти соли 1953 дар Эрон” менависад, ки сарнагун сохтани ҳукумати Мусаддиқ роҳро барои ду тамоюли сиёсӣ -- тундгароии исломиҳо бо сарварии Оятуллоҳ Хумайнӣ ва ифротзадагии чапгароҳо дар шакли ҷангиҳои Муҷоҳиддини Халқ боз кард.

АНГЕЗАНДАИ ТАҲАВВУЛОТИ ХОВАРИ МИЁНА

Ба гуфтаи муаллифи китоби “Муҳаммад Мусаддиқ ва табаддулоти соли 1953 дар Эрон”, кудато Вашингтонро дар назари бисёр эрониҳо дурӯя нишон дод, ки худро ҳомии озодиву демократия мехонад, вале ба хотири манофеи миллӣ ҳукумати ба таври демократӣ интихобшударо сарнагун мекунад. “Кореро, ки табаддулоти давлатӣ кард, аз байн бурдани аносири мӯътадили дунявӣ дар саҳнаи сиёсии Эрон буд" - мегӯяд Марк Гасировски, профессори умури сиёсӣ дар донишгоҳи Ню Орлеан. Ӯ ҳамчунин ба таъсири кудатои соли 1953 дар минтақа таъкид мекунад ва мегӯяд, Эрон ҳамчун омили ҷилавгирӣ аз нуфузи Шӯравӣ дар минтақа ба бахши калидии стратегияи Иёлоти Муттаҳида талаққӣ шуд ва ҳамин тавр Ховари Миёна ба майдони Ҷанги Сард табдил ёфт.

Дар посух Иттиҳоди Шӯравӣ фаъолиятҳои худро дар Ховари Миёна афзоиш дод ва ҳукуматҳои Мисру Сурия ва Ироқу Либиёро бо силоҳу лавозимоти ҷангӣ таъмин кард. Як сол баъд аз табадуллоти соли 1953 дар Эрон Хадамоти Истихбороти Амрико кудатои муваФфақеро дар Гватемала анҷом дод, аммо дар соли 1957 ба сарнагун кардани ҳукумати Сурия муваффақ нашуд. Хадамоти Истихборот ҳамчунин ҳуҷуми низомии номувафақеро дар соли 1961 дар Куба таҷриба кардааст.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико нақши худро дар табадуллоти Эрон даҳсолаҳо рад мекард. Аммо соли 2009 президент Барак Обама эътироф кард, ки Амрико дар ин ҳодиса нақш дошт.

Дар Британия бошад, соли 2011 шабакаи телевизиони Би-би-сӣ, ки аз тарафи давлати Британия сармоягузорӣ мешавад, ҷузъиёти барномаҳоеро шарҳ дод, ки бар зидди Мусаддиқ ва барои барои хароб кардани ҳукумати ӯ пахш мешуданд.

Парвандаҳои маҳрамона ва хотираҳои ҷосусони Хадамоти Истихбороти Амрико аз он ҳикоят мекунанд, ки ин ниҳод дар таҳияи амалиёти пинҳонии “Ajax” барои сарнагун кардани Муҳаммад Мусаддиқ нақши марказӣ доштааст.

XS
SM
MD
LG