Сохторҳои қудратии Русия дар нисбати кормандони полиси роҳи фурудгоҳҳои Домодедово ва Внуково се парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Таҳқиқи пешакӣ муайян кардааст, ки ходимони полис аз муҳоҷирони корие, ки мехостанд ба Тоҷикистон ё Ӯзбакистон парвоз кунанд, пул меситониданд. Парвандаҳои ҷиноӣ аз рӯи моддаи 159, қисми 3-и Кодекси ҷиноии Русия, яъне тақаллуб бо истифода аз мақоми корӣ, ки то шаш соли зиндонро дар назар мегирад, баъди як аризаи шикоятии соҳибкоре боз шудааст, ки зери дасти ӯ шаҳрвандони Ӯзбакистон кор мекарданд.
Шикояткунанда дар аризааш гуфтааст, ки дар як ҳодисаи охири моҳи май аз гурӯҳи ҳаштнафараи мусофирони ӯзбак дар нуқтаи санҷиши бору тани мусофирон (рамка металлоискателя) тақозои пардохти як ҳазор рубл “барои парвози бемамоният” ва баъдан дар ҳангоми санҷиши шиносномаҳо ҳамчунин пардохти 2 ҳазор рубл талаб шудааст. Ҳар яки мусофирон маҷбур шудаанд ин пулро дода, баъдан ба ҳавопаймо роҳ ёбанд, чунки полис таҳдид кардааст, ки “дар ҳолати ғайр сафар маҳрум мешаванд”.
Павел Селиверстов, раиси шӯъбаи маскавии тафтишоти кори нақлиёти ҳавоӣ ва дарёии Кумитаи тафтишотии Федератсияи Русия мегӯяд, ки ин қонунвайронкуниҳо бо истифода аз он ки “муҳоҷирони корӣ забон ва қонунҳои Русияро хуб балад нестанд” рух медиҳанд.
Дар як сӯҳбати ихтисосии телефонӣ бо радиои Озодӣ нахуст аз Павел Селиверстов пурсидем, ки дар баробари хабари шурӯи таҳқиқи ҳодиса, шунидем, ки нафароне аз ашхоси муттаҳам аллакай боздошт шудаанд?
Селиверстов: Ҳоло танҳо як нафар боздошт шудааст, вале дар маҷмӯъ таҳқиқ атрофи фаъолияти панҷ нафар шурӯъ шудааст. Як нафари онҳо расман гумонбар эълон шудааст.
Озодӣ: Дар маҷмӯъ,дар робита бо пулситонии ғайриқонунии кормандони полис аз шаҳрвандони хориҷӣ оё чанд ариза ба дасти шумо расидааст?
Селиверстов: Масъала ин аст, ки аз рӯи чунин қонунвайронкуниҳо шикояти расмӣ аҳёнан ба дасти мо мерасанд. Чунки бисёри ҷабрдидаҳо ба ҳамин чиз қаноат мекунанд, ки онҳоро ҳақи парвоз дода, худро аз дасти полис раҳо кардаанд. Вале шикоятҳои лафзӣ дар мавриди вуҷуд доштани ингуна пулситониҳо албатта хеле зиёданд. Мутаассифона, хеле кам мешавад, ки ба мо хаттӣ муроҷиат карда, мушаххасан дар бораи ин гуна ҳолатҳо хабар медиҳанд. Ҳоло, ки мо якбора се парвандаи ҷиноиро дар ин замина оғоз кардем, аз он сабаб аст, ки ҳадди аққал дар ду қазия ба мо даст дод, ки барои гуноҳгор будани чанд корманди мушаххаси полис далел ёбем. Яъне эҳтимоли ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб кардани онҳо вуҷуд дорад.
Озодӣ: Баъзе фаъолони ҳуқуқи инсон, ки дар робита бо ин қазия бо мо сӯҳбат карданд, оғози тафтиши ҳодисаҳои пулситонии полисро дар фурудгоҳ истиқбол карданд. Оё ин амали шумо танҳо ба хотири танзими кори фурудгоҳҳо анҷом шудааст, ё шумо аз рӯи кадом як рисолати хоси ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон ба ин кор даст задед?
Селиверстов: На, ҳеҷ як рисолат ё супориши вижае дар ин замина ман нагирифтаам. Ман раҳбарии шӯъбаи вижаи тафтишотро ба ӯҳда дорам ва зери назари мо се фурудгоҳи байналмилалӣ қарор доранд. Мо воқеан ҳам медонем, ки ингуна масъалаҳо вуҷуд доранд ва бояд зидди онҳо мубориза барем. Шумо бояд бифаҳмед, ки ингуна қазияҳо содда нестанд, исботи гуноҳи ходимони полис аз рӯи ингуна қазияҳо ҳам кори осон нест. Бояд гӯям, ки мо ҳеҷ гуна амалиёти санҷишие барои исботи вуҷуд доштани ингуна ҳодисаҳо барпо накардаем, яъне ҳеҷ нафари масъулро аз дасташ надоштем. Мо танҳо дона-дона аризаҳои шаҳрвандонро гирдоварӣ карда, бо далелҳои ғайримустақим талош кардем, ки ин иттиҳомотро собит кунем. Вале бо вуҷуди душвории кор, умедворам, ки дар давоми ду ё се моҳ таҳқиқи ин парвандаҳо тамом шуда ба додгоҳ мерасанд. Ман тамоми рискҳои ин парвандаҳоро дарк мекунам, вале фикр мекунам, ки бо ин падидаҳо як рӯз не як рӯз бояд мубориза барем, то ки аз буда бадтар нашавад.
Озодӣ: Ҷаноби Селиверстов, як андешае вуҷуд дорад, ки дар кори фурудгоҳҳо маъмулан он ходимони полис қабул мешаванд, ки ба қавле, шиносу пуштибони қавӣ доранд, чунки кор дар ин муассисаҳо даромадҳои пинҳонии зиёд дорад. Ва маъмулан, мудохила ба кори онҳо ҳам осон нест, чун ин нафарон аз ҷониби пуштибононашон ҳимоят мешаванд. Ҳамчунин мегӯянд, ки тафтиши кори полиси фурудгоҳ метавонад танҳо ба хотири табдили як гурӯҳи мафиёӣ бо гурӯҳи дигари ҳамсон барпо шавад. Шумо дар ин замина чӣ мегӯед?
Селиверстов: Афсӯс, ки чунин андеша вуҷуд дорад. Маълум аст, ки шахсиятҳои поку ростқавл ва масъулиятшинос ба чунин мақомҳо роҳ намеёбанд. Одамҳои ба фасод олуданошудаи ҳақиқатпараст дар ингуна ҷойҳои сердаромад дер нигоҳ дошта намешаванд, чунки худи система туро қурбон мекунад. Дар масъалаи ин ки гӯё ягон гурӯҳи дигаре мехоҳад ҷои онҳоро бигирад, ман ҳеҷ хабаре надорам. Ба ҳеҷ сурат мо ингуна мақсаде надорем. Дар давоми се соли охир мо хеле талош кардем, ки кори полиси фурудгоҳҳоро шаффофтар кунем. Мо камераҳои наворбардориро дар ҷоҳои кории полис ва маконҳои порагирии онҳо насб кардем, вале бояд ошкор гӯям, ки дар давоми тамоми ин солҳо бо муқовимати шадиде рӯбарӯ мешавем. Мо дар шӯъбаи тафтишотӣ 10 нафар ҳастем ва эътироф мекунам, ки хеле кор ба сахтӣ пеш меравад. Масалан, мегӯянд, ки камераро насб кардан мумкин нест, қарорҳои мухталиф гӯё инро манъ мекунанд. Ба ҷуз муқовимати раҳбарияти полис мо ҳеҷ навъ ҳамкориро намебинем. Яъне воқеан ҳам собит мешавад, ки як навъ системаи фасод вуҷуд дорад. Дар давоми ду-се соли охир мо тавонистем, ки танҳо панҷ-шаш парвандаи ҷиноиро то ба додгоҳ расонем. Маълум мешавад, ки баъзеҳо намехоҳанд, ки ин масъалаҳо таҳқиқ ва бартараф шаванд, чун ба назар мерасад, ки ин мақомҳо воқеан ҳам даромади бисёр меоранд.
Озодӣ: Муносибати полиси Русия ва дигар сохторҳои интизомии ин кишвар нисбати муҳоҷирони корӣ ҳамеша мавриди интиқод ва нигаронии гурӯҳҳои ҳуқуқи башар ва матбуот аст. Тасаввуре ҳосил мешавад, ки ба онҳо мисли одамони дараҷаи се муносибат мешавад. Вале аз замони вуруди мавҷи муҳоҷирон ба хоки Русия аллакай мӯҳлати зиёде гузаштааст ва зоҳиран, мардум ва ҳам полис бояд ба ин хориҷиҳои дунболи кору даромад ба ин ҷо омада муносибаташро дигар кунад. Оё ба ходимони полиси Русия дар маҷмӯъ гуфта мешавад, ки муносибати худро дигар карда, ба шаҳрвандони Тоҷикистон, Ӯзбакистон ё дигар кишварҳо бо эҳтиром муносибат шавад ё ин чиз танҳо орзу аст?
Селиверстов: Ман шахсан ба ин мардум ботаҳаммул муносибат мекунам ва мутмаин ҳастам, ки ҳама шаҳрвандон, тоҷикистониҳо ё ӯзбакистониҳо ва ё худи русҳо бояд қонунро эҳтиром кунанд. Ман ба ҷои тамоми ходимони полиси Русия гап намезанам, вале полиси фурудгоҳ воқеан ҳам ба шаҳрвандони ин кишварҳо муносибати бад доранд. Онҳо ҳеҷ гоҳ ба нафароне, ки масалан ба Австрия сафар мекунанд, ин хел муносибатро раво намебинанд. Сабаб дар ин ки дар он кишварҳо фарҳанги ҳуқуқӣ баландтар аст, мардум ҳақи худро мешиносанд ва онҳо барои риоя шудани ҳуқуқашон даъво мекунанд. Вале шаҳрвандони Тоҷикистон ё онҳое, ки мо одат дорем, “гастарбайтер” гӯем, дар маҷмӯъ, маълумот надоранд, забонро намедонанд ва онҳоро фиреб кардан хеле осон аст. Истифодаи роҳҳои фишори ғайриқонунӣ ҳам нисбати онҳо хеле осон аст. Шояд, ки онҳо мутахассиси хуб бошанд, сангтарошиву кори сохтмонро хуб медонанд, вале азбаски қонун ва забонро намедонанд, нисбати онҳо фишорҳои маъмуриву ҷиноиро бештар раво мебинанд, мутаассифона.
Озодӣ: Вале барои ислоҳи вазъ оё дар сохторҳои полис коре дар заминаи тарбияи кормандони ҳифзи ҳуқуқ бурда мешавад?
Селиверстов: Аз рӯи он чи ки мо мебинем, маълум аст, ки ингуна корҳо аслан ба назар намерасанлд, ва ё агар бошанд ҳам, пас дар самти дигар ба роҳ монда шудаанд.