Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Акбари Саттор: “Мо талаби қудрати сиёсӣ надорем”(ВИДЕО)


Акбари Саттор.
Акбари Саттор.

18 ноябр аз таъсиси медиа-гурӯҳи “Чархи Гардун”, нахустин ширкати расонаӣ дар фазои матбуоти Тоҷикистон 20 сол пур шуд.

Медиа-гурӯҳи "Чархи Гардун", ки соҳиби 5 нашрия -- “Дайджест-Пресс”, “Чархи Гардун”, “Вечерний Душанбе”, “Зан ва мард” ва "Авицена"-ро дар бар мепгирад, 20 сол қабл таъсис ёфт. Муассиси ин ширкат Акбари Саттор, рӯзноманигори саршинос ва раиси Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон аст. Ба ин муносибат пои сӯҳбати Акбари Саттор рафтем ва нахуст аз ӯ роҷеъ ба оғози ҳамин лоиҳа, медиа-гурӯҳи “Чархи Гардун” пурсидем, ки дар чӣ шароит ва бо чӣ сармояе рӯйи кор омад?

Акбари Саттор: 20 сол пеш рӯзи 18-уми ноябри соли 1994 бо ширкати ҳамагӣ як нафар, он ҳам худи ман “Чархи Гардун” таъсис ёфт. Вақте ман соли 1990, баъди хатми донишгоҳ ба Тоҷикистон омадам, аллакай давлати абардқудрати Шӯравӣ набуд ва Тоҷикистон мустақил ҳам набуд. Ман, ки аввал мухбир, баъдан муҳаррири газетаи “Садои Мардум”, газетаи парлумони Тоҷикистон будам, дидам, ки бисёр мушкилот пеш меояд, маош набуд, ҷанг мерафт, ҳатто силоҳ пешниҳод карданд, ки рафта ҷанг кунед, вале ман мехостам кори ба журналистика наздиктар анҷом диҳам. Аз кор рафтам ва ба Чин мерафтаму бор оварда дар бозор ба фурӯш мегузоштам. Вақте маблағи муайян ба даст овардам, дар сарам лоиҳаи чопи нашрияи русии “Дайджест-Пресс” омад. Он замон, ки Интернет набуд, ҳар чизе, ки дар дунё дар бораи Тоҷикистон чоп мешуд, мо дар ин ҳафтанома ҷамъоварӣ мекардем. Аммо имрӯз, 80 дарсади матолиби ин нашрия моли хабарнигорони худи мо аст. Баъдан дар назди ин нашрия ҳафтаномаҳои зиёди дигар, аз ҷумла “Чархи Гардун”, “Авиценна”, “Алладин”, ки қисме аз онҳо имрӯз аллакай нестанд, таъсис дода шуд. Он вақт матбуот дар кишвар қариб ки вуҷуд надошт. Вақте ман ин андешаи худро ба дӯстонам гуфтам, гуфтанд: "вақте ҳама ба ҷанг машғуланд, иқтисод нест, ба кӣ ин рӯзнома даркор аст?". Вале ман гуфтам, шояд хонандаҳо бошанд ва иштибоҳ ҳам накардам. Бо он шакле, ки мо нашрияҳоро он шабу рӯз пешниҳод мекардем, бо сарлавҳа ва аксҳои бузург барои хонандаҳо, воқеан чизи нав ва ҷолиб буд.

Озодӣ: Дар он даврони, тавре гуфтед, нобасомониҳо ва ҷангу ҷӯш кор кардан мушкил набуд?

Акбари Саттор: Аслан дар он вақт, ки компютер набуд, ҳама кори мо бо қоғаз буд. Ба мо касе кордор ҳам набуд, албатта. Масъулияти хабарнигорон чун имрӯз хеле зиёд буд, бисёр мушкилоти молӣ ва кадрӣ буд. Он вақт ҳар як сухан ва ҳар як қадам боиси хатар буд. Ҳар як журналист ин тарсро дошт, ки боз ягон “боевик” ё мансабдор моро накушад ё таъқиб накунад. Мо бештар кӯшиш мекардем, ки аз сиёсат дур бошем. Мардум ҳам, ки аз сиёсат ва ҷанг монда шуда буданд, хеле таваҷҷӯҳ доштанду мехонданд. Танҳо “Дайджест-Пресс” бо теъдоди 120 ҳазор адад нашр мешуд. “Чархи Гардун” қариб 80 ҳазор тираж дошт. Матбуот он вақт қариб соҳиб надошт. Ҳукумат ҳам ба мо кор надошт, чун ба ин кашмокашҳо овора буданд. Вале мо ҳам кӯшиш мекардем ба онҳо халал нарасонем.

Озодӣ: Хуб, дар ҳар сурат ин проект ё медиа-гурӯҳи шумо дар ин 20 сол мавқеи худро то ҷое ҳифз кард ва имрӯз дар бозори ВАО аз муваффақтаринҳо ҳам ҳаст. Баъзеҳо мегӯянд, хонаводаи шумо дар вақташ барои президент Эмомалӣ Раҳмон чӣ хизмате кардааст ва бар ивази ҳамин бароятон ин имконият дода шудааст, ки дар ин майдон бимонед.

Акбари Саттор: (Механдад) Шояд, ман дар ин мавзӯъ сӯҳбат кардан намехоҳам, аммо ман ба ҳар сурат эҳтиром дорам ба раҳбари кишвар. Дар 40-солагӣ сари қудрат омадан кори осон ҳам набуд. Лекин ҳар чизе, ки ман имрӯз дорам, ба он воқеаҳое, ки нақл мекунанд, иртибот надорад. Зеро дар он вақт ман метавонистам аз он истифода карда соҳиби ягон вазифаи давлатӣ шавам.

Озодӣ: Ин чӣ воқеа буд, мешавад рӯшантар бигӯед?

Акбари Саттор: Худи президент дар ин масъала бисёр гуфтаанд, вале хизмати ман дар он воқеа зиёд нест, ман фақат як шоҳид будам, вале ин ба корҳои ман иртибот надорад, аслан.

Озодӣ: Фарқи матбуоти имрӯза аз 20 соли қабл дар чӣ аст?

Ҳолномаи Акбари Саттор

Акбари Саттор 10 феврали соли 1965 дар деҳаи Мортеппаи ноҳияи Ҳисор ба дунё омадааст. Соли 1990 факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Ленинградро хатм карда, фаъолиятро ба ҳайси хабарнигор дар нашрияи парлумонии Тоҷикистон бо номи “Садои Мардум” оғоз кардааст. Аввалин нашрияи худро дар соли 1994 бо номи “Дайджес пресс” рӯйи чоп овардааст. Акбари Саттор имрӯз роҳбари генералии Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди "Чархи гардун", ки 5 нашрия тобеи он аст ва раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад. Вай аъзои комиссияи марказии интихобот ва раӣйпурсии Тоҷикистон ва ҳамчунин аъзои Шӯрои милии муқовимат зидди фасод аст. Падари 4 фарзанд аст.

Акбари Саттор: Медонед, воқеан ҳам он вақт масъулияти хабарнигорон бештар буд. Матбуоти мо давоми 20 соли охир хеле пеш рафт. Мо ҳатто солҳои 2000-ум гапҳое, ки имрӯз мегӯем, гуфта наметавонистем. Бартарии матбуоти мо ин аст, ки то ҳол пулҳои бегона ин ҷо наомадааст ва бо пули худи журналистон ин соҳа рушд мекунад. Мушкилот зиёд дорем, мушкилоти кадрӣ ва дастгирии молӣ аз сӯи давлат нест. Вале мо ҳам мефаҳмем, ки ҳукумат проблемаҳои муҳими дигар дорад. Бозори матбуоти мо хеле заиф аст. Бозори реклама ва фурӯш надорем. Мардум кам рӯзнома мехонанд ва ман фикр намекунам сабабаш пайдо шудани Интернет аст. Худи мо, журналистон аз боварии мардум баромадем. Сӯиистифода аз касбамон зиёд шуд. Камбудии мо ҳам ҳаст.

Озодӣ: Гуфтед теъдоди нашри ҳафтаномаҳои зери назари шумо, дар солҳои аввали фаъолият хеле зиёд, ҳатто бештар аз 100 ҳазор буд, ҳоло чӣ?

Акбари Саттор: Имрӯз хеле кам аст. Вобаста аз он аст, ки чӣ қадар аз мо фармоиш мешавад. Мушкилоти аслии имрӯза ҳам мушкилоти кадрӣ аст. Чун мо наметавонем рӯзномаҳои касбӣ омода кунем. Аммо дар маҷмӯъ, агар ин равандро таҳлил кунем ва агар бо ин шакли имрӯза идома кунад, дар байни чанд сол умуман аз байн меравад. Ин мушкилоти хеле сахт аст. Ҳукумат ҳам бояд сари ин масъала кор кунад ва ҳам мо талоши бештар намоем.

Озодӣ: Чӣ ислоҳотеро мешавад анҷом дод дар матбуоти имрӯз?

Акбари Саттор: Ягона чизе, ки муҳим аст, кадр ва дастгирии давлатӣ аст, тавре гуфтам, чун хонандаи имрӯз ва тоҷирони имрӯзро бояд бо кадрҳои ҳирфаӣ таъмин кард ва дар он сурат мешавад матбуоти касбиро аз нав эҳё кунем.

Озодӣ: Мушкили кадрӣ гуфтед, яъне камбуди хабарнигорон дар нашрияҳо аст?

Акбари Саттор: Бале ин ҷо ду мушкил аст. Аз як тараф мушкили худи рӯзномаҳо, ки теъдоди кам доранд ва наметавонанд маблағи кофӣ барои зиндагии як хабарнигорро диҳанд. Ҳар рӯзноманигори ҷавоне, ки имрӯз меояд, мехоҳад маоши на кам аз 300 доллар бигирад. Вале фурӯши рӯзномаҳои мо кам аст. Баъдан бозори реклама хеле заъиф аст. Чун бисёр корхонаҳои Тоҷикистон аз реклама додан метарсанд. Мақомоти тафтишотиву дигару дигар ҳаст. Агар мо хоҳем матбуоти озод дошта бошем, бояд дигар қишрҳои ҷомеа пеш раванд. Махсусан тиҷорати хурду миёна, бояд дастгирӣ ёбад, дар ин сурат реклама ва вазъи матбуот ҳам хуб мешавад.

Озодӣ: Дар медиа-гурӯҳи шумо имрӯз чанд нафар фаъолият дорад?

Акбари Саттор: Ҳозир қариб 40-50 нафар шартномавӣ фаъолият доранд. Пештар то 300 нафар буданд. Тиражи рӯзномаи мо ҳам, ки кам шуд, маҷбур шудем кормандонро ҳам камтар кунем. Хулоса “озодӣ” пеш рафту даромади мо кам шуд.

Озодӣ: То куҷо сензура ҳаст дар ҳафтаномаҳои шумо?

Акбари Саттор: Як гап дорам, умуман душмани матбуот ва озодии сухан соҳиби рӯзномаҳо ҳастанд. Чун ҳар кас манфиатҳои худро дорад ва дар ин 20 соли фаъолият, ман ҳам, ки рӯзномаҳои зиёде қариб 15 то таъсис додаам, ҳамеша мегуфтам, ки сензори асосӣ ин ман ва касбияти шумо, ҳастам. Агар шумо касбӣ кор кунед, ман ҳеҷ вақт наметавонам монеа шавам. Вале вақте аз рӯи эҳсосот кор мекунем, пас ман сензор ҳастам.

Мусоҳибаи "Озодӣ" бо Акбари Саттор
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:08 0:00

Озодӣ: Ҳафтаномаҳои зери назари шумо, матлабҳои интиқодиву сиёсӣ кам доранд. Бештар иҷтимоӣ менависед. Ин мавқеи худи шумо аст, ки ба сиёсат сару кор надоред ё хонандаи ин мавзӯъҳо бештар аст?

Акбарри Саттор: Ин талаби худи ман ҳаст. Рӯзнома ҳар хел мешавад, ҳаст рӯзномаҳои сиёсӣ, ки онҳо талабгори қудратҳои сиёсӣ ҳастанд, манфиатҳои худро доранд. Мо талаби сиёсӣ ба маънии даъвои қудрати сиёсӣ надорем. Мо бештар ба фарҳангу иҷтимоиёту иқтисод кор дорем.

Озодӣ: Хуб агар аз зиндагии худи шумо бигӯем, чанд фарзанд доред ва ба журналистика таваҷҷӯҳ доранд ё ба дигар роҳ рафтаанд?

Акбари Саттор: Чор фарзанд дорам. Духтарчаи калониам Манижабону имсол Донишгоҳи Пекини Хитойро хатм кард. Дар соҳаи сайёҳӣ таҳсил кардааст. Бо чор забон озод сӯҳбат мекунад. Писарчаам дар курси сеюм дар Пекин дар соҳаи бонкдорӣ таҳсил мекунад. Ӯ ҳам забондон аст. Ҳар коре, ки кардам, барои забономӯзии онҳо кардам. Кӯшиш дорам, дар ҷомеа мавқеи худро пайдо кунанд.

Озодӣ: Пекин интихоби онҳо буд ё тавсияи шумо?

Акбари Саттор: Тавсияи ман, шояд ба он хотир, ки ояндаи дунё аз Чин аст.

Озодӣ: Хуб, ҳоло чӣ нақшаҳо доред? Дар пайи таъсиси ягон нашрияи дигаре нестед?

Акбари Саттор: Не дигар аз ин корҳо монда шудам. Бояд ба дигар корҳо машғул шавам, вале ба ҳар сурат он чизе дорам ҳифз мекунам. Нақшаҳо ҳаст, ки аз журналистика дур шавам.

Озодӣ: Ҳоло, ки яке аз медиамагнатҳои кишвар ҳастед ба ҳамкасбони ҷавонатон чӣ машварат медиҳед?

Акбари Саттор: Таҳлил кунанд, натарсанд, соҳибкасб бошанд. Агар соҳибкасб набошанду касбияти худро ҳимоят карда натавонанд, наметавонанд қадр пайдо кунанд. Даврони мо, албатта шароит каме дигар, буд ҳоло барои шумо каме мушкил ҳаст, аммо ба ҳар сурат одам кӯшиш кунад, метавонад ба ҳадаф бирасад.

XS
SM
MD
LG