Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи зудраси Қазоқистон - сабки пирӯзиҳои Назарбоев?


Сардабири сомонаи қазоқии Радиои Озодӣ Ерҷан Қарабек дар сӯҳбате роҷеъ ба интихоботи президентии Қазоқистон «анъанаи» даъвати интихоботҳо зудрас ё пеш аз мӯҳлатро шарҳ дод.

Рӯзи 26 апрел дар Қазоқистон интихоботи пеш аз мӯҳлат баргузор мешавад. Ин интихобот на дар мӯҳлати қонунӣ, яъне соли 2016, балки як сол пештар барпо мешавад. Гурӯҳҳои рӯ ба ҳукумат, ки ин пешниҳодро қонунӣ кардаанд, далел меоваранд, ки дар шароити амиқрафти бӯҳрони иқтисодӣ ва шиддат гирифтани рақобатҳои геополитикӣ зарур аст, мӯҳлати салоҳиятҳои Назарбоев тамдид шавад, чунки танҳо ӯ қодир аст кишварро аз ҳама гуна ҳолати ногаҳонӣ наҷот диҳад.

Дар гуфтугӯе бо сардабири сомонаи қазоқии Радиои Озодӣ Ерҷан Қарабек нахуст аз ӯ пурсидем, то куҷо далели ҷонибдорони Назарбоев дар бораи даъвати интихоботи зудрас ба хотири наҷот аз бӯҳрони иқтисодӣ қобили тавҷеҳ аст?

Ерҷан Қарабек: Нурсултон Назарбоев аллакай наздики 26 сол мешавад, ки дар Қазоқистон сари қудрат аст. Соли 1989 баъд аз пахши хунини ошӯбҳо аз ҷониби раҳбари пешини ҷумҳурии шӯравии Қазоқистон Колбин, ӯ бори аввал сари қудрат омад ва аввалин бор соли ояндааш, яъне дар интихоботи расмии 24 апрели соли 1990-ум пирӯз гашт. Он вақт интихобот дар парлумон барпо шуда буд. Таърих гувоҳ аст, ки имрӯз дар баъзе

Ерҷан Қарабек
Ерҷан Қарабек

кишварҳо раҳбароне боқӣ мондаанд, ҳатто 40 сол сари қудрат ҳастанд, мисли Зимбабве. Воқеият ин аст, ки дар канори давлатҳои пешрафтаи демократӣ ингуна намунаҳо ҳам ҳастанд. Бидуни шак, далели онҳое, ки мегӯянд, Назарбоев ба хотири роҳ надодан ба бӯҳрони бештари иқтисодӣ бояд билофосила бар пояи интихоботи пеш аз мӯҳлат дар курсии президентӣ бимонад, дигар ғайри қобили тавҷеҳ аст. Ва ин ҳам дар пасманзари таърифҳои ин ки Қазоқистон ба феҳрасти 50 кишвари пешрафтаи ҷаҳон ворид шудааст, пас ин далелҳо як найранге беш нест.

Озодӣ: Яке аз мунаққидони ашаддии Назарбоев домоди собиқ ва даргузаштаи ӯ Роҳат Алиев дар китоби маъруфаш навишта буд, ки таҷрибаи даъвати интихоботи пез аз мӯҳлат ба он хотир аст, ки то мӯҳлати расидани раъйдиҳии нав ба рақибони эҳтимолӣ ва мухолифон фурсату шароити таблиғи номзадии худ дода нашавад. Шумо бо ин ақида розиед?

Ерҷан Қарабек: Бале, ин андеша ҷой дорад. Инро Роҳат Алиев гуфта буд, вале ҳоло бубинед, ки дар Қазоқистон як оппозитсиюни воқеии амалкунанда ҳам дигар намондааст. Ҳоло нафаре пайдо намешавад, ки ба таври ошкоро Назарбоевро ба чолиш кашонад, фаъолияти оппозитсиониро тадриҷӣ ва аз рӯи меъёрҳои усулӣ ба пеш барад. Мухолифон дар Қазоқистон пахш шудаанд, даҳони онҳо баста шудааст. Мунаққидони воқеии Назарбоев ё дар зиндонанд, ё фирор кардаанд ва ё дар муҳоҷирати сиёсиянд. Вале методи ҳифзи қудрат аз роҳи даъвати интихоботи пеш аз мӯҳлат дигар кӯҳна шуд. Дар тамоми таърихи интихоботи президентӣ дар Қазоқистони соҳибистиқлол Назарбоев танҳо як бор

соли 2006 дар мӯҳлати аз рӯи қонун муқарраршуда дар интихобот иштирок кардааст. Вале дар остонаи интихобот ва як моҳ баъдаш 2 раҳбари оппозитсиюн, ки аз мунаққидони ашаддиаш буданд, кушта шуданд.

Озодӣ: Ерҷан, оё назари ҷомеа ба ин шеваи интихоботҳо чист? Ҳатто агар инро ба назар гирем, ки натиҷаҳои назарпурсиҳо на ҳамеша воқеиятро инъикос мекунанд, магар мешавад гуфт, ки ҷомеаи Қазоқистон ҳеҷ навоварие намехоҳад?

Ерҷан Қарабек: Мутаассифона, дар Қазоқистон таҳқиқоти иҷтимоии беғаразона кайҳост, анҷом дода намешаванд, ки мо ҳадди аққал маълумоти тахминиро дар бораи андешаҳои мардум ба интихоботи пай дар паи пеш аз мӯҳлати президентиву гоҳо порлумонӣ бидонем. Вале ҳар сари чанд гоҳ гуфта мешавад, ки мардум чунон хаста шудааст, ки дигар ба он чи дар боло мегузарад, таваҷҷӯҳ нишон намедиҳад. Ҷомеа аз паи зиндагии худаш аст, ҳукумат бо роҳи худаш пеш меравад ва манфиатҳои онҳо ҳамдигарро убур намекунанд.

Интихоботи пешакӣ ба нафъи президент Назарбоев аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:57 0:00

XS
SM
MD
LG