Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Темур Варқӣ: "…ҳадафҳои густурдатар аз "Гурӯҳи 24" ваё ҲНИТ дорем"


Темур Варқӣ.
Темур Варқӣ.

Нависанда, шоири тоҷик ва яке аз ҳамраисони "Анҷумани озодандешони тоҷик" дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар бораи ин созмони тозатаъсис нақл кард. Ин созмон ҳудуди ду моҳ аз мавҷудияти худ дар Аврупо хабар дод.

Радиои Озодӣ: Дар вебсайти анҷуман навишта шудааст, ки ин сохтор панҷ муассис дорад ва фаъолони дигар ҳам дорад, ки аз миллатҳои мухталифи сокини Тоҷикистон намояндагӣ мекунанд. Мешавад гуфт, ки шумори онҳо чанд аст ва кадом миллатҳоро намояндагӣ мекунанд?

Темур Варқӣ: "Дар атрофи мо мутахассисони соҳаҳои мухталиф ҷамъ шудаанд: текнократҳо, ҳуқуқшиносон, иқтисоддонон, на танҳо афроди фарҳангӣ."

Темур Варқӣ: Дар ҳайати ин анҷуман намояндагони ҳамаи миллатҳое сарҷамъ шудаанд, ки дар Тоҷикистон ва берун аз он ба сар мебаранд, онҳое ҳам ҳастанд, ки ба Тоҷикистон ва фарҳанги тоҷикӣ рабт доранд. Ҳамаи онҳоро ном бурдан вақти зиёд мехоҳад. Баъди он, ки созмон ифтитоҳ шуд, хоҳишмандони узвият дар он ва ҳам аризаи узвият зиёд мешавад. Шумори онҳо аз он чи ки мо пешбинӣ мекардем, бештар аст.

Радиои Озодӣ: Ба ҳар ҳол, метавонед бо рақами тахминӣ ҳам бошад, бигӯед, ки, масалан, онҳо 20 ё 50 нафар ҳастанд?

Темур Варқӣ: Аз 100 нафар кам нестанд.

Радиои Озодӣ: Тавре ман фаҳмидам, аксари онҳо дар хориҷа ба сар мебаранд. Онҳое ҳам ҳастанд, ки дар дохили Тоҷикистон мебошанд?

Темур Варқӣ: Дар дохили Тоҷикистон ҳам аъзо ва тарафдор дорем. Азбаски тамоми кор тавассути иртиботи электронӣ сурат мегирад, шумори дақиқи онҳоро раҳбарияти анҷуман медонад.

"Мо бар пояи конститутсия амал мекунем"

Радиои Озодӣ: Ин пинҳонкорӣ чӣ лозим? Ваё чаро мардум аз ошкор кардани исму чеҳраи худ ҳарос доранд? Ваё шумо созмони мамнӯъшуда ҳастед ё худро нерӯи мухолифи ифротӣ меҳисобед?

Темур Варқӣ: Одамон тарс надоранд, эҳтиёт мекунанд. Вақте мо дар бораи шурӯи кори худ хабар дода, матни изҳорот ва оинномаи худро чоп кардем, ҳама шоҳид аст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳам матбуоти расмӣ ва ҳам Шӯрои уламо ва сохторҳои дигар чӣ вокунишҳое шуд. Дар донишгоҳҳо ҷаласаҳо ташкил карда, ба ҷониби мо ҳаргуна изҳороти беасос нашр шуд, ки гӯё мо кадом ҷинояте содир карда бошем. Мо бар пояи конститутсияи кишвар кор мекунем, назар ва мавқеи худро баён мекунем ва ҳеҷ ҳадафи ҷиноиро дунбол накардаем.

Радиои Озодӣ: Шумо воқеан ҳам дар ҳайрат ҳастед, ки вокуниши мақомот чунин аст? Аксари ташаббускорони таъсиси анҷуман афроде мебошанд, ки дар мақолаву шарҳҳои худ мақомотро интиқод кардаанд…

Темур Варқӣ: Мувофиқ ба конститутсияи Тоҷикистон, интиқод иҷозат асту манъи интиқод мумкин аст. Сензура манъ аст. Мо бар асоси конститутсия амал мекунем ва онҳое, ки моро манъ мекунанд, қонунҳои кишварро нақз мекунанд.

Анҷумани озодандешон чӣ мехоҳад?

Радиои Озодӣ: Баъзе истилоҳҳое мисли «тиран» («ситамгар») ва дигарҳо истифода шудаанд, ки аз рӯи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ба шаъну эътибори президент осеб мерасонанд ё на?

Темур Варқӣ: Дар санадҳои мо чунин вожаҳо вуҷуд надорад.

Радиои Озодӣ: Бале, вале ман аз баромадҳои гузаштаи шумо иқтибос меорам. Хуб, саволи дигар. Шумо аз ҳукумат даъват кардед, ки дар ҳама самт бо шумо ҳамкорӣ кунад. Шумо ин ҳамкориро чӣ гуна тасаввур мекунед? Ин ҳамкорӣ бар асоси чӣ бунёд мешавад?

Темур Варқӣ: Мо аз мавқеи шаҳрванди Тоҷикистон будан сӯҳбат мекунем ва мо хостори зиндагии беҳтари мардум ва тамоми давлат ҳастем. Ва он пешниҳодҳои оқилонаву ояндадоре, ки аз забони мо садо медиҳад, наметавонанд аз ҷониби ҳукумат, депутатҳои маҷлис, журналистону судяҳо ва кормандони сохторҳои ҳифзи қонун нодида гирифта шавад. Ҷамъият ҳақ дорад, ки дар пеши худ ва назди ҳукумат вазифа гузорад. Мо аз таърихи начандон дури Тоҷикистон медонем, ки идеяҳои оппозитсия ва нерӯҳои дигари озодихоҳу демократӣ, ки солҳои 1990-ум хеле бад қабул шуданд, баъдан аз ҷониби ҳукумат амалӣ гардиданд.

"Агар шароит дигар шуд, бармегардем"

Радиои Озодӣ: Аксари шумо дар хориҷа ба сар мебаред ва бархе ҳатто дар мавқеи диссидент ё дигарандеш ҳастед, шояд бархе паноҳандагии сиёсӣ ҳам гирифтааст. Масалан, агар ҳукумат гуфт, ки ба ҳамкорӣ бо шумо омода аст, барои бозгашт ба Тоҷикистон омода ҳастед?

Темур Варқӣ: Агар шароит дигар шуд, бале, омода ҳастем. Агар шароит ва вазъ дигар шуду ҳуқуқи конститутсионӣ таъмин гардид, ҳама шаҳрвандон омода мешаванд, ки баргарданд.

Радиои Озодӣ: Кадом ҳуқуқи конститутсионӣ?

Темур Варқӣ: Ҳақи озодии баён ва изҳори озоди назар, ҳақи даъвати анҷуман ва барпо кардани ҷаласа -- ҳамаи ин дар конститутсия навишта шуда, вале дар амал иҷро намешавад. Ин ҳама ҳоло дар Тоҷикистон манъ аст.

"Омодаем ба ҳукумат дасти ёрӣ дароз кунем"

Радиои Озодӣ: Дар анҷоми кадом навъи ислоҳот анҷумани шумо омода аст, ки ба ҳукумат дасти ёрӣ дароз кунад? Ман биографияи раҳбарияти созмонро хондам. Тавре фаҳмидам, аъзои анҷуман ҳама филологу омӯзгоранд. Шумо омода ҳастед. Ки ислоҳоти иқтисодиву сиёсиро пешниҳод кунед?

Темур Варқӣ: Мо маҳфиле бунёд кардему онро «Анҷумани озодандешони тоҷик» ном гузоштем. Дар атрофи мо мутахассисони соҳаҳои мухталиф ҷамъ шудаанд: текнократҳо, ҳуқуқшиносон, иқтисоддонон, на танҳо афроди фарҳангӣ, балки шахсиятҳо аз соҳаҳои мухталиф ҷамъ шудаанд. Вале фарҳангу маориф маҳаки миллат ва давлатдорӣ ҳастанд ва ба ҳамин хотир ба ин чиз такя мекунем. Мо як пойгоҳе бунёд кардем ва аз мутахассисони мухталиф даъват дорем, то бо ақидаву пешниҳодҳои худ биёянд. Ин барномаву идеяҳо баъдан ҳамчун пешниҳод ба ҳукумат ва ҷомеа нашр мешаванд. Агар ҷомеа онҳоро қабул кард, пас он ба ҳайси пешниҳоди иҷтимоӣ ба ҳукумат ирсол мешавад.

Радиои Озодӣ: Дар як мусоҳибаатон шумо гуфтед: «Онҳо мехоҳанд, ки моро дар замин гӯр кунанд, вале намедонанд, ки мо дон ҳастем». Инро чӣ гуна бояд фаҳмид -- ҳамчун даъват ба муқовимат бо истифода аз зӯр?

Темур Варқӣ: На, ин посухест, ки аз як зарбулмасали мексикоӣ гирифта шудааст. Ин посух ба зӯру таҳдид аст, ки ба ҷониби аъзову бунёдгузорони анҷуман садо додааст. Ба мо таҳдид рӯирост кардаанд, ки моро мекушанд, нобуд ё шиканҷа мекунанд. Ба хешовандони мо таҳдид карданд. Мо дар идея эҷод мекунем ва аз ин роҳ ҳақи шаҳрвандии худро ба ҷо меорем. Таҳдид ба мо ба маънои адами эҳтиром ба конститутсия аст. Ин ба маънои пӯшидани даҳони мост, то ки пеши роҳи ҳама гуна андешаву талоши ҳаракат ба пеш гирифта шавад.

"Ҳадафҳои мо густурдатар аст"

Радиои Озодӣ: Анҷуман танҳо созмоне нест, ки дар берун аз Тоҷикистон аз худ дарак додааст. Чунин ҳизбу гурӯҳҳое ҳам ҳаст, ки солҳои пеш таъсис шуданд. Масалан, Ҳизби наҳзати исломӣ гуфт, ки аз берун корашро идома медиҳад, "Гурӯҳи 24" ва "Ватандор" ҳам буд. Бо кадоме аз ин созмонҳо мавқеи ба ҳам наздик доред ва то куҷо омодаед, ки бо онҳо ҳамоиш ёфта ҳамкорӣ кунед?

Темур Варқӣ: Мо бо барномаҳои дигар гурӯҳҳо чандон шинос нестем. Мо як пойгоҳеро эҷод мекунем, ки дар он идеяҳои мо гардиш мекунанд ва дар он арзишу вазифаҳои мо инъикос шудааст. Ҳадаф – рушди демократия, ҳифзи пойдевори давлати дунявӣ дар Тоҷикистон аст ва мо дар ин бора ошкоро сӯҳбат кардаем. Мо ба ҳамаи онҳое, ки бо ин ақидаҳо розӣ ҳастанду омодаанд ҳамкорӣ кунанд, оғӯши худро боз мекунем. Мо аз роҳи худ ҳаракат мекунем. Ин созмон ҳадафҳои густардатар аз "Гурӯҳи 24" ва ҲНИТ дорад, мо ба тамоми аъзои ҷомеаи Тоҷикистон муроҷиат мекунем. Бояд пойгоҳе бунёд шавад, ки бар асоси он ҷомеаи озоду демократӣ бунёд мешавад ва аъзои он бо ҳам ҳамфикр буда, дар баробари ҳамдигар масъулият эҳсос мекунад. Вақт босуръат пеш меравад, бисёр кишварҳо хеле пешрафт карданд. Масалан, сафари ахири президенти Узбекистон Ш.Мирзиёевро бинед, ки чӣ гуна гарм пазируфта шуд. Ин маънои онро дорад, ки мардуми тоҷик ташнаи ислоҳот ва озодӣ аст.

XS
SM
MD
LG