Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоираи Раҳимҷон: "Тоҷикон дар Амрико вазъи хуб доранд". ВИДЕО


Шоираи Раҳимҷон, таронасаро ва оҳангсози тоҷик, ки тоза аз Амрико баргашт, дар як сӯҳбати ихтиссосӣ бо Радиои Озодӣ дар бораи зиндагӣ ва фаъолияти тоҷикони муқими Амрико, фарҳанги амрикоиҳо ва ҳам аз ҳаёти муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар қисса кард.

Шоираи Раҳимҷон: Ҳадафи сафари ман ба Амрико иштирок дар ҷашнвораи садсолагии овозхонҳои риштаи "Шашмақом" Нериё Аминов буд, ки аз тарафи наздикону ҳаводоронаш ташкил шуд. Вале ҳамзамон дар баробари ширкат дар ин фестивал ва ҳамоиши илмӣ дар робита ба ҳамин ҷашн, бо истифода аз имкон, ки доштам дар чаҳор иёлати калонтарини Амрико маҳфилҳои эҷодӣ баргузор кардам, ки ҳар яки онҳо ҳам барои худам ва ҳам барои тоҷикони муқими ин кишвар фикр кунам ҷолибу саривақти буд.

Озодӣ: Аз ин чаҳор маҳфил, кадоме барои шумо беҳтару хотирмон буд?

Шоираи Раҳимҷон: Маҳфиле, ки дар иёлати Ню-Йорк бо ибтикори ҷамъияти яҳудиёни Бухоро баргузор шуд, бештар дар ёди ман нақш хоҳад баст. Ин маҳфил ҳамчун як таконе буд дар фаъолияи эҷодии ман. Чаро? Чунки он бо ибтикори мусиқишинос ва рӯзноманигор Рафаэл Некталов ва бо омодагии махсус баргузор шуд. Даъвати меҳмононе, ки ман бо онҳо ғайриинтизор вохӯрдам, аз ҷумла Малика Қаландарова, Роман Толмасов, Рошел ва Раъно Аминовҳо, Эзро Малаков ба ин чорабинӣ як ранги дигар бахшид. Баъдан маҳфиле, ки бо дастгирии сафорати Тоҷикистон дар Вашингтон баргузор шуд.

Озодӣ: Дар саҳфаи фейсбукии худ ҳам беҳтарин лаҳзаҳо аз ин сафарро дидор бо ҷамъияти яҳудиёни Бухоро ном бурдед. Чи шуморо водор кард, ки аз ин ҷамъият ин қадар тавсиф кунед?

Шоираи Раҳимҷон: Лаҳзаи дидор бо Гугуш наздик аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:08:53 0:00

Шоираи Раҳимҷон: Ҷамъияти яҳудиёни Бухоро дар самти пос доштани забону фарҳанги тоҷикӣ дар Амрико корҳоеро анҷом медиҳанд, ки боиси эҳтирому ифтихор аст. Дар як шароите, ки ҳоло дар раванди ҷаҳоншавӣ қарор дорем ва дар чунин шароит барои эмин нигоҳ доштани забони форсӣ-тоҷикӣ имкони зиёд вуҷуд надорад. Онҳо корҳое мекунанд, ки месазад арҷ гузошт. Баргузор кардани як ҷашнвораи мӯҳташами “Шашмақом” ин ҳам дар дили Амрико, ки дар он то 80 ғазал танҳо аз шоирони классику тоҷик бо усули "Шашмақом" садо дод, магар ин сабаб шуда наметавонад, ки воқеан ин ҷамъиятро эҳтироми хоса дошта бошем?

Озодӣ: Шумо аз шаҳри Лос-Анҷелес ҳам дидан кардед ва ҳадафатон маҳз дидор бо овозхони маъруф хонум Гугуш буд.

Шоираи Раҳимҷон: Бале, воқеан ҳам зиёд мехостам дар ин шаҳри зебои Амрико, Гугушро бинам чун ин орзуи ҳамешагии ман аст, ки ҳамагон медонанд. Аммо мутассифона вақте ман ба Лос-Анҷелес рафтам, хонум Гугуш бо сафари ҳунарӣ дар Фаронса қарор дошт. Вале, ин охири кор набуд, барои ман имконияти дигар фароҳам омад, ки бо ташаббуси сардабири маҷаллаи Теҳрон-Магазин Шаҳбод Нурӣ, ки дӯсти хонаводагии Гугуш аст, тавонам барои дидор бо Гугуш пуле бисозам, барои сафари оянда ё дидори ҳатмӣ бо ин хонум. Ва фикр мекунам ин аллакай оғози кор аст ва барои амалӣ гаштани ормонҳои дили ман кӯмак мекунад.

Озодӣ: Шумо инсони эҷодкор ҳастед ва маъмулан чунин афрод мушоҳидакор мешаванд. Шумо дар ин сафар фарҳанги амрикоиҳоро чигуна дарёфтед?

Шоираи Раҳимҷон.
Шоираи Раҳимҷон.

Шоираи Раҳимҷон: Фарҳанги амрикоиҳо барои ман хеле писанд омад. Медонед чаро? Он чизе, ки ман дар давоми як моҳи сафар ба ин кишвар мушоҳида кардам, ин буд, ки мардуми Амрико маданияти баланди муоширатро доранд. Ҳамеша ҷониби ҳамдигар механданд. Ҳадиси пайғамбар ҳаст, ки мегӯяд, "беҳтарин садақа ба рӯи муъмин хандидан аст”. Ва ман ҳам фикр кардам, ки мардуми Амрико зиндагии худро дар асоси ҳамин ҳадис қарор дода бошанд. Аслан, дар ҳеҷ куҷо вонахӯрдам, ки нафаре нафари дигарро дашному таҳқир карда бошад. Мардум дар роҳи кору эҷодӣ худ хеле роҳату озоданд, барои худ шароитеро сохтаанд, ки роҳ рафтан дар он пайроҳа мушкиле надоранд. Ин ҳама барои ман писанд омад. Дар Амрико мардум ҳамдигарро аз рӯи мазҳабу ранги пӯст ё миллат намешиносанд. Як кишваре, ки барои мардумаш тамоми шароитро фароҳам овардааст ва дар иваз камтарин чиз, вайрон накардани қонунҳои кишварро талаб мекунад. Вақте чунин муҳитро дидам, пеши назарам аҳволи муҳоҷирони корие, ки дар Русия заҳмат мекашанд, намуддор шуд. Онҳо дар Русия чӣ қадар аз сӯи пулиси ин кишвар ранҷ мебинанд, таҳқиру таҳдид мешаванд ва дар ҳар сари қадам аз онҳо санад пурсида мешавад, албатта бо камтарин баҳона. Аммо дар Амрико чунин нест, касе аз касе ҳуҷҷат намепурсад, муҳим ин, ки қонунҳои давлатро вайрон накун, тамом.

Озодӣ: Чун дар бораи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия гуфтед, бо муҳоҷирони тоҷике, ки дар Амрико ҳастанд сӯҳбат доштед?

Шоираи Раҳимҷон: Албатта, муҳоҷирони коре, ки аз Тоҷикистон дар Амрико ҳастанду зиндагӣ доранд. Онҳо бо камтарин заҳмат пули хубе ба даст меоранд ва ин ҳам вобаста аст аз ҳамон инсонгариву одамдӯстии мардуми Амрико.

Озодӣ: Аслан онҳо дар Амрико ба чӣ кор машғул ҳастанд?

Шоираи Раҳимҷон: Бо як гурӯҳ муҳоҷирони тоҷик дар тарабхонаи “Душанбе”, ки дар шаҳри Бруклин сохта шудаасту муҳити тоҷикона дорад мулоқот доштам ва кунҷкобона аз онҳо пурсидам ки онҷо чӣ кор мекунанд. Хушбахтона касе кори сиёҳ, ки имрӯз муҳоҷирони тоҷик дар Русия мекунанд, машғул нест. Аксаран мошинҳои шахсии худро доранд ва ба мардум ҳамчун таксӣ хизмат мерасонанд. Як чизи дигарро мехоҳам гӯям, ки аз ҳама кори вазнине, ки онҳо онҷо мекунанд, ин хизматрасонӣ ба сайёҳон тавассути аспу ароба ва ё дучарха аст. Вале ман фикр намекунам, ки ин кори мушкил бошад, чун як навъ варзиш ҳам ҳаст ва вақте гуфтам, ки аз ин кор чи миқдор маблағ ба даст меоранд, онҳо гуфтанд, ки ҳатто аз ин кор мешавад дар як рӯз то ҳазор доллари амрикоӣ дастмузд пайдо кард. Ва ман фикр мекунам ин пули кам нест ва онҳо метавонанд барои худ зиндагии хуберо муҳаё кунанд.

Озодӣ: Чун сӯҳбати мо ҳам дар рӯзҳои соли нави мелодӣ ҷараён гирифт, орзуи Шумо дар соли нави 2017 чӣ аст?

Шоираи Раҳимҷон: Сафаре, ки дар охири сол ба Амрико доштам, воқеан ҳам бармаҳал буд. Чун инсон дар охири ҳар сол тамоми энержиҳои худро сарф мекунад ва намедонад аз куҷо қувваи тозае бигирад. Барои ман ҳамин сафар як такон буд ва маро пуркортару пурмасъулият кард ва ман аллакай аз охири сол нақшаҳои соли навии худро оғоз кардам. Аз ин соли нав умеди зиёд дорам. Бовар дорам дар соли нав корҳои хуберо барои фарҳанги Тоҷикистон ба анҷом мерасонам ва бояд ҳаминхел ҳам бошад. Орзу мекунам ҳар як тоҷике ки дар дилгоҳ самт кору фаъолият дорад пурэнержӣ бошад ва дилаш молмоли орзу хоҳиши рафтан ба роҳи муваффақиятҳо.

Озодӣ: Ташаккур.

XS
SM
MD
LG